Вид на город Душанбе, архивное фото

Тирамоҳи гарм: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад

182
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба 21+26 дараҷа мерасад.  

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1+6 ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм  ва рӯзона 18+23 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона 22+24 дараҷа  гарм мешавад.

182
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Вазорат: марг бар асари СOVID-19 дар шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта нашудааст

24
(Таҷдидшуда 19:28 05.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Раскрыта причина низкой стоимости российской вакцины от COVID-19 - YouTube
© Ruptly РФПИ / youtube_RussiaUN / www.cbc.ca / WHO / АФК "Система", завод "Биннофарм"

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 5 декабр ба 12 ҳазору 389 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 38 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 796 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 5 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

24
Барчаспҳо:
шабонарӯзӣ, фавт, Вазорати тандурустӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Министр здравоохранения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Дидори ногаҳонӣ: Вазир аз бемористони ноҳияи Рӯдакӣ хабар гирифт

20
(Таҷдидшуда 18:34 05.12.2020)
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани фасли зимистон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вазорати тандурустӣ гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан аз Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаи бемориҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ дидан кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Гуфта шудааст, ки барои гузаронидани фасли зимистон дар беморхонаи мазкур захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи хӯрока муҳайё карда шуда, муассисаҳои номбурда ҷиҳати муътадил гузаронидани фасли зимистон омода мебошанд.

Қайд карда шудааст, ки вазир дар беморхонаҳои мазкур бо беморон низ мулоқот намуда, оид ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Қайд карда шудааст, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулини беморхонаҳои номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

20
Барчаспҳо:
дидан, Рӯдакӣ, бемористон, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон