Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ гуфт, чаро дар Тоҷикистон доллар камёб шуд

1183
(Таҷдидшуда 17:38 19.10.2020)
Ин дар ҳоле аст, ки имсол нахустин бор дар Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари доллар аз 10 сомонӣ фаротар рафт

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистони далели аслии камбуди арзҳои хориҷӣ ва ба вижа долларро дар бозори муомилоти дохилии ин кишвар тавзеҳ дод, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба радиои "Садои Хуросон".

Бино бар иттилои манбаъ, дар баёнияи Бонки миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки камбуди арзҳои хориҷӣ дар ин кишвар ҳамвора вуҷуд дошта, аммо бо баста шудани марзҳо бо шарикони аслии тиҷорӣ ва коҳиши содироти маҳсулот ба далели густариши вируси корона мушкили камбуди арзҳои хориҷӣ низ бештар шуд.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

"Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол наздик ба як миллиард доллар содирот ва 3 миллиард доллар воридот доштааст аз ин рӯ камбуди рӯзонаи доллар дар бозори дохилии Тоҷикистон дар фаслҳои тобистон ва зимистон байни 8 то 25 миллион долларро ташкил мекунад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ин дар ҳоле аст, ки имсол нахустин бор арзиши сомонӣ дар баробари доллар аз 10 сомонӣ фаротар рафт.

 

Акнун ҳар доллар 10 сомонӣ ва 33 дирам хариду фуруш мешавад, ки дар бозори ғайри расмӣ ин шохис ба маротиб бештар аст.

Бино бар эълони тозаи Бонки миллӣ, ин ниҳод арзиши долларро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз 10, 3368 сомонӣ муайян кардааст.

1183
Прокуратураи вилояти Суғд

Таъйиноти кадрӣ: Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори Суғд шуд

343
Бар асоси фармони Юсуф Раҳмон прокурори генералӣ, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин гардид

 ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин шудааст.

Ӯ, то ин замон муовини прокурори вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

Хоҷазода Фурқат Файзалӣ соли 1979 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Соли 2001 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро дар прокуратураи генералӣ оғоз намуда, минҳайси муфаттиш кор кардааст.

Мотам дар прокуратура: даргузашти генерал – майор, муфаттиши “Парвандаи Мақсуд Икромов”

Баъдан прокурори ноҳияи ба номи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва прокурори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин гардидааст. Мушовири адлияи дараҷаи 1, полковник аст.

Ҳоҷазода дар ин мақоми вазифавӣ ҷойгузини Ҳабибулло Воҳидов шуд. Воҳидов, соли 2015 прокурори Суғд таъйин гардида ҳудуди панҷ сол дар ин мақом фаъолият кард.

Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои тоза кардани прокуратура ва судҳо аз “одамони тасодуфӣ”

Рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон, Воҳидов ба ҷойи Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

343
Флаг Таджикистана и Узбекистана, архивное фото

Тасмими Душанбею Тошканд барои ташкили хатсайрҳои иловагии мусофирбарӣ ва транзитӣ

41
(Таҷдидшуда 14:52 03.12.2020)
Муовинони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар зарурати густариши ҳамкориҳои ҳамлунақлии ҷодаӣ миёни ду кишвар таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи муштараки навбатии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба нақлиёти автомобилӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва аз ҷониби Ӯзбекистон муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Даврон Деҳқонов ширкат дштанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати нақлиёт, дар чорчӯби нишасти камиссиюни муштараки ҳамкориҳои ҳамлинақли ҷодаии ду кишвар, тарафҳо бар зарурати густариши равобит дар бахши ҳамлунақлӣ дар шароити густариши COVID -19 таъкид карданд.

Дар ин нишаст роҷеъ ба ифтитоҳи масирҳои ҷадиди ҳамлунақли мусофирбарӣ ва транзит, эътои тасҳилоти бештари транзитӣ, имзои созишномаи 20 солаи ҳамкориҳои ҳамлунақли ҷодаӣ ва кумак ба омаду рафти васоили нақлияи ду кишвар дар масирҳои байналмилалӣ баҳсу табодули назар шуд.

Ҳамчунин дар ин нишаст мавзӯи истифода аз фанновариҳои ҷадиди диҷиталӣ барои танзими барномаҳои транзити колову маҳсулоти ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

41
Барчаспҳо:
транзит, мусофирбарӣ, хатсайр, Ӯзбекистон, Тоҷикистон