Онкологический центр, архивное фото

Дар Хуҷанд саратонро табобати нурӣ мекунанд: ифтитоҳи маркази нав

436
Акнун ба беморон муяссар мегардад, ки дар Маркази саратоншиносии вилоят табобати нурӣ гиранд. То ин дам беморон барои гирифтани чунин табобат ба маркази ҷумҳурӣ ё хориҷи кишвар мерафтанд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.  Дар шаҳри Хуҷанд дар назди Маркази саратоншиносии вилоят шуъбаи табобати нурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.

Дар маросими ифтитоҳи он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок доштанд.

Дар шуъбаи навтаъсис дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон дастрас ва васлу насб шудааст, ки асосан барои ташхис ва табобати бемориҳои саратон пешбинӣ гардидааст.

Бо ифтитоҳи шуъбаи табобати нурӣ ба Маркази саратоншиносии вилоят мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб шуда, ба беморон хизматрасонии сатҳи баланди тиббиро ба роҳ мондаанд.

Президент аз афзоиши саратон дар Тоҷикистон гуфт: чанд буду чанд шуд?

"Акнун ба беморон муяссар мегардад, ки дар Маркази саратоншиносии вилоят табобати нурӣ гиранд. То ин дам беморон барои гирифтани чунин табобат ба маркази ҷумҳурӣ ё хориҷи кишвар мерафтанд", - изҳор дошт директори Маркази саратоншиносии вилояти Суғд Бахтиёр Орифов.

Шуъба дорои бист кати хоб буда, дар он шароити зарурии ташхису табобат фароҳам аст.

436
Микрофон, архивное фото

Интишори албоми сурудҳои ошиқона бар ашъори Камоли Хуҷандӣ дар Теҳрон

5
(Таҷдидшуда 02:59 26.11.2020)
Ба муносибати 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ – шоири маъруфи ғазалсарои тоҷик Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон лавҳи фишурда (CD) - и сурудҳо бар ашъори Камоли Хуҷандиро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба пойгоҳи итилоърасонии Муассисаи фарҳангии ЭКО, дар ин албоми навоҳову сурудҳои устодони мусиқии тоҷик ҳамчун Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯра‎бек Муродов, Абдуллоҳ Султон, Муродбек Насриддин, Ҷӯра‎бек Набиев, Ҷамшед Эргашов, Абдувалӣ Ҷалолов, Баҳрулло Абдуллоев, Маҳмадулло Қурбон, Маҳмадсаид Аҳмадов, Субҳони Саид ва Ғуломҷон Мирдадоев ба сурати савтӣ фароҳам омадаанд.

Ёдовар мешавем Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ифтихори ҷашни 700 - солагии Хоҷа Камол чанде пеш китобҳои "Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ", асари доктор Бадриддин Мақсудзода ва "Чиҳил дарси Камол" - 40 мухаммаси Сурайё Ҳасансултон - шоири тоҷик бар ғазалиёти Камолро бо хати форсӣ чоп намуд.

Нашри 50 ашъори Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ

Камоли Хуҷандӣ, шоири баландовозаи форсизабони тоҷикистонӣ, ки бо ғазалҳои шӯрангезаш шуҳраи офоқ аст, дар Хуҷанд мутаваллид ва дар Табрез ба хок супурда шудааст.

5
Барчаспҳо:
Теҳрон, суруд, Тоҷикистон, сафорат, "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, Эрон
День 26 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

63
(Таҷдидшуда 18:50 25.11.2020)
Рӯзи бисту шашуми ноябр, Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи хушунати занон ва Рӯзи сулҳи низомии Русия таҷлил мешавад

Рӯзи 26 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1867  Алфред Нобел моддаи тарканда- динамитро ихтироъ кард.

Портрет Альфреда Нобеля, выполненный шведским фотографом Гестом Флорманом
Портрет Альфреда Нобеля, выполненный шведским фотографом Гестом Флорманом

Соли 1918 Розике Швиммер аввалин зане шуд, ки дар тӯли таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ сафир интихоб гардид.

Соли 1991 Ҳизби сотсиалистии Украина ба қайд гирифта шуд.

Флаг Украины на здании Правительства Украины в Киеве, архивное фото
© Sputnik / Стрингер
Флаг Украины на здании Правительства Украины в Киеве, архивное фото

Соли 1996 СММ ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дод.

Соли 2014 раисҷумҳури Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Душанбе омад.

День 25 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бӯстонсароии шаҳрии Ҳукумати  Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ карданд.

Соли 2010 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вақти Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия ва ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Рабочий визит В.Путина в Белоруссию. Архивное фото
© Sputnik / Алексей Никольский
Рабочий визит В.Путина в Белоруссию. Архивное фото

Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия""-ро муҳокима намуд.

Соли 2014 қонунҳои Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният", "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм" ба имзо расида буданд.

Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон.
  • Дар Ҷумҳурии Суринам-Рӯзи истиқлолият.
  • Рӯзи сулҳи низомии Русия

Рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1887-1943) – генетик, ботаник ва географи машҳури рус Николай Вавилов.

Солҳои (1934-1984) – оҳангсоз Дости Орзуев.

Солҳо (1938-2007) – ходими хизматнишондода Асрор Рашидов.

63
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 21 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пирӯзии Парвиз Собиров ва унвонгирии Майк Тайсон: ҷашнҳои 22 ноябр
Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон