Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Анжелика Шопп, роҳбари нави НамояндагииКБСС дар Тоҷикистон

Таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи Салиби Сурх дар Тоҷикистон

279
(Таҷдидшуда 20:59 19.10.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Манбаъ афзуд, рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

“Зимни cуҳбат масоили фаъолияти КБСС ва  барномаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона дар ҷумҳурӣ,  афзудани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор, паҳн намудани дониш дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки таваҷҷуҳи хоса ба кӯмакҳои башардустона ба муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои кӯдакон ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳамагирии COVID-19 равона гардид.

Манбаъ афзуд, Анжелика Шопп миннатдории хешро ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар амалӣ гардидани барномаҳои башардӯстона баён намуд.

279
Барчаспҳо:
таъйин, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Тоҷикистон
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Вазорат: марг бар асари СOVID-19 дар шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта нашудааст

49
(Таҷдидшуда 19:28 05.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Раскрыта причина низкой стоимости российской вакцины от COVID-19 - YouTube
© Ruptly РФПИ / youtube_RussiaUN / www.cbc.ca / WHO / АФК "Система", завод "Биннофарм"

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 5 декабр ба 12 ҳазору 389 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 38 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 796 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 5 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

49
Барчаспҳо:
шабонарӯзӣ, фавт, Вазорати тандурустӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Министр здравоохранения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Дидори ногаҳонӣ: Вазир аз бемористони ноҳияи Рӯдакӣ хабар гирифт

38
(Таҷдидшуда 18:34 05.12.2020)
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани фасли зимистон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вазорати тандурустӣ гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан аз Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаи бемориҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ дидан кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Гуфта шудааст, ки барои гузаронидани фасли зимистон дар беморхонаи мазкур захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи хӯрока муҳайё карда шуда, муассисаҳои номбурда ҷиҳати муътадил гузаронидани фасли зимистон омода мебошанд.

Қайд карда шудааст, ки вазир дар беморхонаҳои мазкур бо беморон низ мулоқот намуда, оид ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Қайд карда шудааст, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулини беморхонаҳои номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

38
Барчаспҳо:
дидан, Рӯдакӣ, бемористон, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон
Премьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: мардум хоҳони барқарории оташбас ва аз байн рафтани душманиҳо ҳастанд

0
(Таҷдидшуда 19:29 05.12.2020)
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, иттиҳоди ҳамаи гурӯҳҳо ва ҳизбҳои ин кишварро барои Афғонистон зарури донист

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи шанбе дар нишасти ифтитоҳияи Кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки рӯзи шанбе дар Кохи раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор шуд, шурӯи кори ин кумитаро барои тақвияти гирдиҳамоии милли дар Афғонистон гоме муассир донист ва гуфт: “барқарории сулҳ дар кишвар бояд омили иттиҳоди ҳамаи афғонҳо бошад ва ба сулҳ набояд нигоҳи манфиатталабона дошт”, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба гузориши Ово.

Абдуллоҳ афзудааст, ки имрӯза ҳамаи мардуми кишвар хоҳони барқарории оташбаси саросари ва аз байн рафтани душманиҳо ҳастанд.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳамчунин зимни таъкид бар зарурати ҳифзи дастовардҳои мардуми Афғонистон дар тавофуқномаи сулҳ бо гурӯҳи Толибон хотирнишон кард, идомаи ҷанг дар Афғонистон ба нафъи касе нест ва танҳо нобудии кишварро ба дунбол хоҳад дошт.

Нишасти ифтитоҳияи Кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи шанбе ба раёсати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба сӯрати муштарак ифтитоҳ шуд.

Музокироти сулҳи Афғонистон байни давлат ва гурӯҳи Толибон аз 12 сентябри 2020 дар Давҳаи Қатар оғоз шуда ва чанд рӯзи пеш саранҷом ду тараф бар сари дастури кори музокирот тавофуқ карданд.

0
Барчаспҳо:
сулҳ, оташбас, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Абдуллоҳ, Афғонистон