Пизишки олмонӣ барои табобати беморони коронавирус ба Тоҷикистон омад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкВрач в красной зоне госпиталя COVID-19
Врач в красной зоне госпиталя COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иммануэл Лейфер иброз намуд, ки пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар ташхиси бемории COVID-19 кумак мерасонад

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи миллии референсии мамлакат мутахассиси лоиҳаи "Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ" Иммануэл Лейфер ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ омад.

Женщина в защитной маске в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Омори коронавирус дар Тоҷикистон барои имрӯз: 51 кас шифо ёфту 39 нафар мариз шуд

Тавре  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  хабар медиҳад, мақсад аз ташрифи мутахассиси немис ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо мутахассисони озмоишгоҳҳои мамлакат, хусусан мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти ташхис ва табобати гирифторони бемории COVID-19 мебошад.

Иммануэл Лейфер иброз намуд, ки пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар ташхиси бемории COVID-19 кумак мерасонад.

Фавт нест, аммо 41 нафар тоза мубтало шуданд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Ҳамчунин мутахассиси лоиҳаи "Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ" Иммануэл Лейфер  бо худ 3 ҳазор тести ташхисӣ барои омӯзиш оварда, онро  дастраси Озмоишгоҳи миллии референсӣ гардонид.

Бояд гуфт, ки давраи омӯзишии мутахассиси лоиҳаи «Дастгирии ташхиси SARS-CoV-2 дар Тоҷикистон тавассути интиқоли ноу-хау ва маводи озмоишӣ» Иммануэл Лейфер бо мутахассисони  Озмоишгоҳи миллии референсӣ то 2 ноябр идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0