Свадьба, архивное фото

Дар Хатлон талоқ камтар шуд

63
Дар вилояти Хатлон камшавии теъдоди талоқ ба қайд гирифта шуд: аммо ба ин нигоҳ накарда, бештар аз 1,6 ҳазор кӯдак бе падар ва ё модар монданд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Омори талоқ дар вилояти Хатлонро сармутахассиси САҲШ Ҳуронбӣ Мирсаидзода дар мусоҳиба бо "Фараж" ироа кардааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2020 дар Хатлон 1770 хонавода пош хӯрдаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 202 адад камтар аст.

Намояндаи шӯъбаи минтақавии САҲШ гуфтааст, ин нишондодро бо тақвият бахшидани фаҳмондадиҳии арзишҳои оила байни ҷомеа иртибот додааст.

Аз шумораи умумии оилаҳо 1391 бо қарори суд, 376 бо ризоияти зану шавҳар, ки кӯдакони ноболиғ надоранд ва 3 оилаи дигар бо хоҳиши яке аз онҳо  ҷудо шуданд.

Дар Душанбе шумораи издивоҷ ва талоқ коҳиш ёфтааст

"Пас аз пошхӯрӣ ин хонаводаҳо 1646 кӯдак танҳо бо яке аз волидон: 10 нафар зери тарбияи падар ва боқимонда бо модар монданд", - гуфт Мирсаидзода.

63
Медицинские работники в инфекционной больнице

36 кас мариз шуданду 42 тан шифо ёфтанд: омори коронавирус дар Тоҷикистон

34
(Таҷдидшуда 20:22 26.11.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронавирус мавориди фавт ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 12044 нафар баробар гардид.

Манбаъ ҳамзамон аз шифоёбии 42 нафар пас аз табобат гирифтан хабар медиҳад. Ҳоло теъдоди умумии шифоёфтагон аз коронаиврус ба 11 437 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон аз маризии коронавирус 86 нафар ба ҳалокат расиданд.

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Зимнан, вазорати мазкур аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

34
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сангрезӣ дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Айнӣ ба болои як деҳа сангпора сарозер шуд

405
(Таҷдидшуда 18:46 26.11.2020)
Дар деҳаи Шурмашки ноҳияи Айнӣ аз баландии 250 метр ба болои деҳа сангпора сарозер шуд, ки як сокини маҳаллиро бе хонаву дар гузошт

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 ноябр тақрибан соати 12:45 дақиқа рух дод.

Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодисаи нохуш, манзили як сокини маҳаллӣ, Бердиев Самариддин сахт зарар дидааст. 

Гуфта мешавад, бо дастрас кардани хабари мазкур наҷотбахшон зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

Тарма ва сангрезӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар робита ба хароб гардидани манзили истиқоматии Самариддин ва дар ҷойи хавфнок ҷойгир буданаш, оилаи зарардидаро ба бинои мактаби деҳа интиқол доданд.

Феълан, комиссия санад ва маълумотнома тартиб дода, барои чораҷӯи ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пешниҳод намуд.

405
Барчаспҳо:
сангрезӣ, Айнӣ
Сохтмон, акс аз бойгонӣ

Чаро сохтмони мактаб 13 сол боз ба охир намерасад?

17
(Таҷдидшуда 20:26 26.11.2020)
Дар ноҳияи Ҷайҳун мактабе, ки сохтмонаш соли 2007 оғоз шуд, ҳанӯз ҳам анҷом наёфтааст. Дар мақомоти давлатӣ яке мегӯяд, ин муассиса соли оянда ва дигаре мегӯяд, соли 2023 ба истифода дода мешавад

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Мактаби нотамом, ки сохтмонаш 13 сол қабл оғоз шудааст, барои 624 хонанда пешбинӣ гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли Холмуҳаммад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон хабар додааст, ки ин муассиса бояд соли 2015 мавриди истифода қарор мегирифт, аммо ба далели камбуди маблағ ба таъхир афтод.  Арзиши умумии сохтмон зиёда аз 21 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст.

“Аз соли 2007 барои сохтмони мактаб 9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои пурра ба анҷом расидани корҳо боз 12 миллион сомонии дигар лозим аст. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки марҳила ба марҳила боқимондаи маб­лағро ҷудо намояд”, - гуфт Холмуҳаммад Одинаев.

Раҳматуллозода тавзеҳ дод, ки чаро дар Душанбе биноҳои 2-4 ошёна тахриб мешаванд

Абдулвоҳид Саъдуллозода, сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон, изҳор доштааст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур идома дорад.

“Соли 2020 бо ин мақсад 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, мактаб, тибқи нақша, бояд соли 2021 ба истифода дода шавад”, - омадааст дар матлаб аз қавли Саъдуллозода.

Аммо  сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Холмуҳаммад Одинаев изҳор доштааст, ки корҳои сохтмонӣ соли 2023 ба охир мерасанд.

17
Барчаспҳо:
сохтмон, мактаб, Тоҷикистон