Открытый урок к Международному дню мира прошёл в школе № 8 г. Душанбе

Кӯмаки Бонки исломии рушд ба Вазорати маориф

129
(Таҷдидшуда 10:12 24.10.2020)
Ин кумаки молии бонк барои беҳбуди сифати омӯзишу интишори китобҳои дарсии мактабҳо ҳазина хоҳад шуд.

 

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Созишномаи кумаки молии 3 миллиону 700 ҳазордолларии Бонки исломии рушд барои иҷрои барномаи роҳбурдии бахши маорифу илми Тоҷикистон имзо шуд.

Ба  нақл аз сомонаи Вазорати маорифу илми Тоҷикистон, ин созишномаро Муҳамадиюсуфи Имомзода- вазири маорифу илм, Усама Маккавӣ- мудири Дафтари ЮНИСЕФ дар Душанбе, Иброҳими Шакурӣ- мудири Дафтари намояндагии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ ва Ториқ Муҳаммадхон- масъули умури Тоҷикистон дар ин ниҳоди молӣ имзо кардаанд.

Сӯҳбати сафири тоҷик бо намояндаи Бонки Исломии Рушд: аз ҳамкорӣ то коронавирус

Ба далели қарор доштани Дафтари намояндагии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон масъулони ин ниҳоди молӣ аз тариқи иртиботи тасвирӣ мувофиқати хешро бо ихтисоси кумаки молии 3 миллиону 700 ҳазордолларӣ барои иҷроӣ кардани барномаи роҳбурдии рушди бахши маорифу илми Тоҷикистон таъйид карданд.

Дар чорчуби барномаи ҳамкории 4 солаи Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ ва Бонки исломии рушд ин кумаки молӣ барои беҳбуди сифати омӯзишу интишори китобҳои дарсӣ ҳазина хоҳад шуд.

129
Врач-инфекционист, Хапизов Шавкат Туланович

Маризони COVID-19-ро табобат мекарду худ аз он даргузашт: фавти табиби тоҷик дар Русия

8
(Таҷдидшуда 12:21 30.11.2020)
Ҳафизов Шавкат Туланович, яке аз табибони сироятшиноси шинохтаи тоҷик дар Русия дар синни 55-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар ин бора хоҳари Шавкат Ҳафизов Азиза Ҳафизова дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бародараш ду рӯз пеш аз бемории ҳамагирикоронавирус ҷон дод.

Ба иттиллои манбаъ, марҳум аз табибони сироятшиноси шинохта буда, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мебошад.

“Бародарам пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон сар аз соли 1993 то 2015 ҳамчун табиби сироятшинос дар Душанбе дар беморхонаҳои “Якум советский” ва беморхонаи сироятии Зарафшон кор кардааст”,-гуфт, хоҳари марҳум.

Ӯ гуфт, бародараш тавассути барномаи “переселения” соли 2015 ба русия бо оилааш кӯчид ва  то ин замон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Сосновскаи вилояти Тамбови Русия кор мекард.

Гуфта мешавад, номбурда яке аз муборизони зидди коронавирус буда, то дами охирин ба гирифторони ин беморӣ кӯмак мекард.

Ҳафизов Шавкат соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба Дунё омада 55-сол дошт.

Дар хона табобат мегирифт: даргузашти табиби маъруф Шарипов аз "илтиҳоби шуш" дар Суғд

“Ман бо бародарам ҳамкурсем. Ҳарду Донишгоҳи тиббиро хатм кардем. Ӯ табиби сироятшинос шуду ман ҳоло дар Колеҷи тибби ҷумҳуриявӣ дарс мегӯям”,-афзуд номбурда.

Даргузашти Ибодуллоев, табиби шинохтаи тоҷик аз "илтиҳоби шуш"

Ба гуфти Азиза Ҳафизова дар оилаашон бештар дар ин ришта кор мекунанд ва падарашон Ахмед Ҳафизо, яке аз табибони саршинос буд, ки солиёни зиёд дар Беморхонаи қарияи боло кор кардааст

 

8
Барчаспҳо:
фавт, табиб, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Даҳшат: сокини Ёвон модари се фарзандашро корд зада кушт

294
(Таҷдидшуда 11:17 30.11.2020)
Прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбати падари хонавода, ки ҳамсари 32 - солаи худро ба қатл расонд, парвандаи ҷиноятӣ боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия дар ноҳияи Ёвон сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамсари ҷавонаш даст доштааст.

Котиботи ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодисаи даҳшатбор рӯзи 27 ноябр дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон рух додааст.

Куштор дар заминаи рашки беасос ва муноқишаи оилавӣ сар задааст.

"Қарақулов Урозбек дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсари 32 - солаи худ Бобоҷонова Бибихоларо ба қатл расондааст", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

Гуфта мешавад, Бибихола модари се фарзанд буда, ҳамсараш бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат мерасад.

Зимнан, кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон дар кутоҳтарин муддат гумонбари асосии ҷинояти мазкурро муайян ва боздошт намуданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати Қарақулов Урозбек дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон парвандаи чиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

294
Барчаспҳо:
куштор, Ёвон