Ҷамъбасти мусобиқаи пахтачинӣ: Аҳмадзода ба кадом раисони навоҳӣ мукофотпулӣ дод? - акс

© акс аз Sputnik ТоҷикистонҶамбасти мусобиқаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд ва маросими ҷоизасупорӣ
Ҷамбасти мусобиқаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд ва маросими ҷоизасупорӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд, даври дуюми мусобиқаи меҳнатии пахтасупорӣ бо номи "60 рӯзи зарбдор дар пахтазор" миёни шаҳру ноҳияҳои пунбапарвари Суғд ҷамбаст гардид

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Сарраёсати кишоварзии Суғд ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят, субҳи имрӯз ғолибони озмунро аз рӯи нишондиҳандаҳои назарраси пахтасупорӣ эълон намуданд.

 

© Sputnik / акс аз Sputnik ТоҷикистонҶамъбасти озмуни пахтачинӣ дар Суғд
Ҷамъбасти мусобиқаи пахтачинӣ: Аҳмадзода ба кадом раисони навоҳӣ мукофотпулӣ дод? - акс - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъбасти озмуни пахтачинӣ дар Суғд

Бо қарори ин ниҳод ғолиби ҷойи якум ноҳияи Спитамен барои ҷамъоварии 6 ҳазору 500 тонна пахта ва иҷро намудани 49, 6 дарсади дурнамои нақшаи ҷамоварӣ дар бист рӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ муаррифӣ карда шуд.

Пахтачинии раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода ба пахтазор рафт: ӯ ҳамроҳ бо муаллимону деҳқонҳо пахта чид

Баҳри ҳавасмандгардии моддӣ ва маънавии пахтакорон Темур Нуъмонзода, раиси ноҳияи Спитамен бо вимпели сайёр ва мукофотпулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Ҷойи дуюм ба ноҳияи Масчоҳ дода шуд, ки давоми бист рӯзи охир 12 ҳазору 228 тонна ҷамъоварӣ намуда, ҳисоби нақшаи солонаро 44, 6 фисад ба иҷро расонидааст. Ба Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, баҳри ҳавасмандии модӣ ва маънавии пахтакорон ноҳия мукофотпулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ тақдим карда гардид.

Нархи пахта 70 дирам шуд: омӯзгорону табибон ҳам ба “ҳашар” мебароянд

Дар ҷамбасти мусобиқаи меҳнатӣ байни ҷамоатҳои пахтакори вилоят, ҷамъоати Ғулакандони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷамъоварии 4 438 тонна пахта, ва иҷро намудани 106, 7 дарсади нақша ғолиби ҷои аввал эълон шуд. Баҳри ҳавасмандгардонии кишоварзон ба Акмал Мансуров, раиси ҷамоати Ғулакандоз вимпели сайёр ва маблағи 5 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Инчунин барои гузоштани саҳми арзанда ва иштироки фаъолона дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта, чинакчиёни беҳтарин ба маблағи як ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

© акс аз Sputnik ТоҷикистонҶамъбаста озмуни патачинӣ дар Суғд
Ҷамъбасти мусобиқаи пахтачинӣ: Аҳмадзода ба кадом раисони навоҳӣ мукофотпулӣ дод? - акс - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъбаста озмуни патачинӣ дар Суғд

Мукофотпулиҳоро ба раисон ва чинакчиён Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд тақдим кард. Бино ба иттилоъи расмӣ дар хоҷагиҳои пахтакори Суғд беш аз 53 ҳазор чинакчиён сафарбар шуда, аз ин ҳисоб ҳамарӯза то 2000 ҳазор тон "тиллои сафед" ҷамъоварӣ мешавад.

Имсол ҳам ба мисли солҳои қаблӣ барои ҷамъоварии ҳосили пахта кормандони соҳаи буҷҷавӣ, умдатан муаллимони макотиб ва донишкадаву омӯзишгоҳҳо фиристода шудаанд.

Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали - Sputnik Тоҷикистон
“Семоҳӣ пахта мечидам, ҳозир академикам”: Вазир дар бораи хатти форсӣ ва “маршировка”-ҳо

Аз Сарраёсати кишоварзии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки барои як кило пахтаи чидашуда 70 дирам ҳақмузд пардохт карда мешавад. Аммо баъзе аз ҳамсуҳбатони гуфтанд, ки аз ҳисоби чидани пахта ҳам муҳосибони хоҷагиҳо андоз медоранд ва барои онҳо 50 дирамӣ пардохт мекунанд.

Бино ба хабари Сарраёсати кишоварзӣ ба санаи 23 уми октябр, беш аз 98 ҳазор тон пахта ба хирман рехта шудааст, ки ин рақам ба 76 % и нақшаи дурнамо баробар мебошад.

Ба иттилоъи манобеъ ҳосили пахтаро хоҷагидорон ба коргоҳҳои коркарди пунба месупоранд. Коркард ва фурӯши пахта аз сӯи масъулини корхонаҳо сурат мегирад. Алҳол дар шаҳру ноҳияҳои Суғд ҳудуди 40 корхонаи коркарди пахта мавҷуд мебошад.

Ба иттилоъи масъулин, соли ҷорӣ дар майдони 58, 9 ҳазор гектор дар Суғд пунбадона кишт шудааст ва ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта наздики 445 гектор бештар аст. Тибқи нақша аз ҷамъи майдони кишт рӯёнидани 135 ҳазор тон ҳосил дар назар дошта шудааст. Дар вилояти Суғд, маъракаи пахтачинӣ то охирҳои моҳи ноябр давом мекунад.

Лентаи хабарҳо
0