Тирамоҳи гарм: имрӯз дар Тоҷикистон то 26 дараҷа гарм мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевУлица в городе Душанбе, архивное фото
Улица в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 6-11 то 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Тирамоҳи гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва  дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддати то 12+17 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  0-5 дараҷа  хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйиёбандаи  бебориш пешбинӣ  шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. 

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 14+19 дараҷа  гарм мешавад.

Тирамоҳи гарм: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона 21+23 дараҷа  гарм мешавад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0