Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш

Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ки будам: эҳсоситарин нуқтаҳои суханронии Президент

4002
(Таҷдидшуда 12:51 30.10.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми маросими савгандёдкунӣ гуфт, ки "то охирон нафас нону намаки мардуми кишварамро фаромӯш нахоҳам кард ва пос хоҳам дошт"

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Президент аз сафарҳои корӣ ба ноҳияҳои дурдаст ва минтақаҳои дури Тоҷикистон ёдрас шуд ва гуфт, ки маҳз дар ин сафарҳо "шоҳиди муҳаббати содиқонаи хурду бузурги кишвар нисбаташ гардидааст". Ӯ гуфт, ки ҷавобан ба ин муҳаббат, "ба чунин халқ бо тамоми вуҷудам хизмат мекунам".

"Аз хурду бузурги Тоҷикистон самимият ва меҳрубонии зиёд дидам ва ба чунин халқ бо тамоми вуҷудам хизмат мекунам,  бо садоқат, бо тамоми ҳастиям", - таъкид мекунад президент ва меафзояд, ки ҳангоми сафарҳояш борҳо шоҳид шудааст, ки пиру барно аз масофаҳои дур ба дидораш меомаданд ва соатҳо интизораш мешуданд.

"Пас, чигуна ба ин  миллат, мардум фарзандон ва насли ҷавон хизмати содқона накунам?", - таъкид мекунад Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур 28 соли пеш ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ёд меоварад ва мегӯяд, ки он ҷо низ савганд ёд карда буд ва то ҳол дар ҳамон савгандаш содиқ аст.

"Агар дар ёд дошта бошед дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кардам будам, ки тамоми ҳастиамро ба ин сарзамин мебахшад. Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ҳамоне ки тамоми ҳастии худамро барои мардуми тоҷик бахшидаам", - мегӯяд бо ҳаяҷон президент.

"Ман ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намки халқам ба ин мартаба расидам ва ин нону намакро то вопасин нафаси ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам ва ба он хиёнат намекунам", - такрор мекунад раисҷумҳур.

Маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон - пахши мустақим

"Савганд ба номи Худо, ба нону намаки мардум, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони он ва ба ҷони  қариб 9,5 миллион мардуми кишвар, ки тамоми ҳастии худамро фидои ин сарзамин ва халқ мекунам. Тоҷикистон ба пеш!", - мегӯяд дар анҷом  Эмомалӣ Раҳмон.

4002
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Арзиши асъор дар Тоҷикистон: рубл боз андак боло рафт

100
(Таҷдидшуда 10:19 25.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кардааст. Мувофиқи он, дар бозори нақду ғайринақди кишвар арзиши рубл каме боло рафта, аз 0,1480 то 0,1510 сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дирӯз, 24 ноябр низ, Бонки миллии Тоҷикистон аз боло рафтани арзиши рубл хабар дода буд, Аммо ин болоравӣ имрӯз низ идома дорад ва як рубли русӣ то .,1510 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.4052 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Раҳмон раиси Бонки миллӣ ва муовинонашро барканор кард: Холиқзода - раиси нав

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

100
Зима в городе Душанбе

Борону барф меборад: пешбинии обуҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз

153
(Таҷдидшуда 10:12 25.11.2020)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо борон ва барф меборад, гузориш медиҳанд обуҳавошиносони Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik.  Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона  2-7   дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа  хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  3-8 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа  гарм  мешавад.

Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва  барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. 

Сардиву барфу борон: ҳушдори обуҳавошиносон ва тавсияҳои КҲФ Тоҷикистон

Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 3 дараҷа хунук  то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона  3+5 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

153
Сироджиддин Мухриддин, архивное фото.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Корея сафар кард

0
(Таҷдидшуда 10:46 25.11.2020)
Мақсад аз сафари расмии вазири тоҷик ба Корея иштирок дар Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Корея сафар кард, гузориш медиҳад ВКХ.

Бино бар иттилои манбаъ, Муҳриддин бо сафари расмӣ 23 ноябр озими Корея гаштааст.

Дар доираи ин сафар вазири тоҷик дар форум иштирок хоҳад кард.

"Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи ин сафар инчунин дар Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок мекунанд", - менависад манбаъ.

Таҳсил дар Ҷопон: Муҳриддин ва Мияшита ёддошти тафоҳум имзо карданд

Ёдрас мешавем, чанде пеш 24 ноябр раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ озими Русия гашт.

0