Мужчина смотрит в окно у рабочего стола

Кормандони Маркази адлияи ноҳияи Рӯшон соҳиби бино мегарданд

30
(Таҷдидшуда 19:11 30.10.2020)
Ба гуфтаи масъулини Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди СУ-5, онҳо тасмим гирифтаанд, ки то фарорасии Рӯзи Парчами давлатӣ бинои мазкурро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ кормандони Маркази адлияи ноҳияи Рӯшон ба бинои нав мекӯчанд. Ин бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, маблағгузории онро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад.

Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯсталиев гуфт, ки "мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба чунин бинои зебову барҳаво  хеле ниёз дошт. Зеро кормандони Маркази адлияи ноҳия, нотариуси давлатӣ ва бойгонӣ дар биноҳои кӯҳна, ки аввали солҳои шастум сохта шуда буданд, фаъолият доранд".

"Намуди зоҳирии ин биноҳо низ ба меъёрҳои меъмории замони муосир посухгӯ нест ва  симои маркази ноҳияро, ки дар ду даҳсолаи охир ба таври бесобиқа тағйир ёфтааст, коста мегардонад. Баробари ба итмом расондани сохтмони мазкур ҳам барои кормандони Маркази адлияи ноҳия  шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад ва ҳам симои кӯчаи марказӣ ба худ ҳусни зеботар мегирад", - таъкид намудааст вай.

Дар Бадахшон 7 бунгоҳи тиббӣ бунёд мешавад

Сардори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди СУ-5 Навбаҳор Каримов, ки сохтмони биноро бар дӯш дорад, изҳор намуд, ки “бино аз 16 утоқи корӣ иборат буда, бинокорон  кӯшиш мекунанд ҳамаи утоқҳоро бе ягон камбудӣ ба ҳайати комиссия супоранд. Орзуи ҳар бинокор ин аст, ки соҳибони ояндаи бино аз кораш розӣ бошанду ба онҳо изҳори сипос намоянд. Ин беҳтарин мукофот барои ҳар бинокор аст”.

Ба гуфтаи масъулини Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди СУ-5, онҳо тасмим гирифтаанд, ки то фарорасии Рӯзи Парчами давлатӣ бинои мазкурро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

 

30
Перинатальный центр в Тамбове

Дар Тоҷикистон сатҳи таваллуду фавти кӯдакон зиёд шудааст

65
(Таҷдидшуда 19:08 30.11.2020)
Давоми 10 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон афзоиши таваллуд ба ҳисоби миёна 2,4% мушоҳида шудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Аз моҳи январ то октябри соли 2020 дар Тоҷикистон афзоиши сатҳи таваллуд нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми 10 моҳ дар кишвар 166,6 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст. Дар ҳама вилояту минтақаҳо кишвар бақайдгирии таваллуд дар давраи муқарраркардаи қонун 2,4% афзудааст.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, сатҳи таваллуд ва фавт ба ҳисоби миёна ба 1000 нафар аҳолӣ 23,7 ва 4,1 буд.

Оҷонсӣ афзудааст, ки шумораи фавти кӯдакон дар Тоҷикистон низ афзудааст. Аз аввали соли 2020 дар кишвар 28,9 ҳазор нафар фавтидаанд, ки 1,6 ҳазор нафарашон кӯдакони то яксола мебошанд.

Бақайдгирии фавтҳо дар ҳама минтақаҳо 15,7 фоиз афзуда, 28,9 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ёдовар мешавем, ки то аввали моҳи ноябр аҳолии Тоҷикистон аз 9,4 миллион нафар гузашт, ки ин нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 2% зиёдтар аст.

Афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна

Минтақаи сераҳолии ҷумҳурӣ вилояти Хатлон буда, дар он ҷо зиёда аз 3,4 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Дар вилояти Суғд бошад беш аз 2,7 миллион, дар ВМКБ - 230,4 ҳазор, дар ноҳияҳои тобеи марказ - беш аз 2,2 миллион ва дар Душанбе - 871,6 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

 

65
Барчаспҳо:
фавт, таваллуд, аҳолӣ, Тоҷикистон
Участие Рустама Эмомали в XIII пленарного заседания Парламентской Ассамблеи Организации Договора о коллективной безопасности (ПА ОДКБ)

Рустами Эмомалӣ бо дигар аъзоёни СААД амнияти минтақаро баррасӣ кард: пешниҳодаш қабул шуд

391
(Таҷдидшуда 19:46 30.11.2020)
Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО, дар ҷараёни кори ҷаласаҳои зикршуда дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаҳои корҳо оид ба амалигардонии афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар идомаи ҷаласа лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ҷаласа бо дарназардошти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод кардаст, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Тоҷикистон доир карда шавад.

“Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд”,-афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон зимни ҷаласа таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террорист аз ҷониби Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия садо додааст.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Номбурда гуфтааст, таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад.

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, вақте созмон, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ илова намуд, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

391
Барчаспҳо:
қонунгузорӣ, мудофиа, амният, суханронӣ, ширкат, СААД, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

0
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ноҳияи Ванҷ, тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оилаи кишвар тақсим мешавад.

Манбаъ афзуд, ки ин туҳфа аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шуд.

Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дод, ки барои мардуми ноҳияи Ванҷ мутаносибан ба теъдоди хонаводаҳо 4408 китоб ҷудо шуда, он ба ҳар як хонавода дастрас карда мешавад.

Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ мегӯяд, тақсимоти китоби “Тоҷикон” имрӯз аз ноҳия оғоз гардида, доир ба масъалаи мазкур комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Ин комиссия  раванди супоридани туҳфаи роҳбари давлатро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат менамояд. 

Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт

Ба иттилои Вазорати маориф, Хушвахт Искандаров, омӯзгори собиқадори ноҳия гуфтааст,  солҳо боз орзу дошт, ки ин китоби пурарзиш китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик бошад.

“Боварӣ дорам, ки ин амали нек ва шоиста дар раванди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бою пурғановати гузаштагон саҳми арзанда мегузорад”, - таъкид кардааст омӯзгор.

0
Барчаспҳо:
китоб, фарҳанг, маориф, Тоҷикистон