Посадка пассажиров в автобус, архивное фото

Қабули қонун: ҳаҷми ҷарима барои напардохтани роҳкиро эълон шуд

745
(Таҷдидшуда 18:13 31.10.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишварро қабул кард, ки ҷазо барои пардохт накардани роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятиро пешбинӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт,  лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мушаххас ва пурра намудани ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дар иртибот ба принсипи инсондӯстӣ сабук намудани ҷазои маъмурӣ таҳия шуд.

Грузовик с товарами, архивное фото
© Фото : Пресс-служба Государственной службы миграции

Вазири адлия таъкид кард, ки ҳуқуқвайронкунӣ барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии коммуналии шаҳрӣ сафар намудан пурра карда шуда, бо моддаи нави 295 замимаи 1 иловашаванда пешбинӣ гардид.

Ашӯриён тавзеҳ дод, ки барои истифодаи нақлиёти мусофиркашонӣ бе пардохти роҳкиро ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ гардидааст.

“Мутобиқи моддаи 295 замимаи 1, барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак, бағоҷ ва бор, инчунин истифодаи корти имтиёзноки шахси дигар ҷарима ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар иртибот бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2019” 14 сомонию 50 дирамро ташкил менамояд, таъин карда мешавад”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Ашӯриён.

Маҷлиси намояндагон тағйироти мазкур ба қонунгузориро қабул намуд.

745
Барчаспҳо:
нақлиёт, напардохтани маош, Тоҷикистон
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Вазир ба хабаргирии кӯдакони маъюби "Чорбоғ" рафт

2
Вазори тандурустии Тоҷикистон аз "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ" дидан намуд ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Вазир ба хабаргирии кӯдакони маъюби "Чорбоғ" рафт, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

"Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон боздиди роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат  идома дорад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҷараёни омодагии Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ", ки  дар ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, дидан намуд.

Дар ҷараёни боздид масъулини марказ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, ки барои хуб ва муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаи мазкур захираи кофии  сӯзишворӣ ва маводи хӯрокӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ошхонаи муассисаи зикршуда дидан намуда, бо ҷараёни хизматрасонӣ ба бошандагони он шинос шуд.

Вазири фаъол: чаро Абдуллозода аз беморхонаҳои шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд дидан кард?

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда  ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

2
Прокуратураи вилояти Суғд

Таъйиноти кадрӣ: Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори Суғд шуд

448
Бар асоси фармони Юсуф Раҳмон прокурори генералӣ, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин гардид

 ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин шудааст.

Ӯ, то ин замон муовини прокурори вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

Хоҷазода Фурқат Файзалӣ соли 1979 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Соли 2001 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро дар прокуратураи генералӣ оғоз намуда, минҳайси муфаттиш кор кардааст.

Мотам дар прокуратура: даргузашти генерал – майор, муфаттиши “Парвандаи Мақсуд Икромов”

Баъдан прокурори ноҳияи ба номи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва прокурори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин гардидааст. Мушовири адлияи дараҷаи 1, полковник аст.

Ҳоҷазода дар ин мақоми вазифавӣ ҷойгузини Ҳабибулло Воҳидов шуд. Воҳидов, соли 2015 прокурори Суғд таъйин гардида ҳудуди панҷ сол дар ин мақом фаъолият кард.

Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои тоза кардани прокуратура ва судҳо аз “одамони тасодуфӣ”

Рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон, Воҳидов ба ҷойи Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

448