Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Арзиши доллар ва рубл нисбат ба сомонӣ- шарҳи Бонки миллӣ

186
(Таҷдидшуда 12:11 01.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3398 сомонӣ, 1 евро – 12.0707 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1302 сомонӣ

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1302 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3398 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 12.0707 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1302 то 0.1330 сомонӣ муқаррар намудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3398 сомонӣ, 1 евро – 12.0707 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1302 сомонӣ.

Пешгӯии коршиносон: қурби доллар ва рубл дар ноябр чанд хоҳад буд?

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

186
Перинатальный центр в Тамбове

Дар Тоҷикистон сатҳи таваллуду фавти кӯдакон зиёд шудааст

65
(Таҷдидшуда 19:08 30.11.2020)
Давоми 10 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон афзоиши таваллуд ба ҳисоби миёна 2,4% мушоҳида шудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Аз моҳи январ то октябри соли 2020 дар Тоҷикистон афзоиши сатҳи таваллуд нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми 10 моҳ дар кишвар 166,6 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст. Дар ҳама вилояту минтақаҳо кишвар бақайдгирии таваллуд дар давраи муқарраркардаи қонун 2,4% афзудааст.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, сатҳи таваллуд ва фавт ба ҳисоби миёна ба 1000 нафар аҳолӣ 23,7 ва 4,1 буд.

Оҷонсӣ афзудааст, ки шумораи фавти кӯдакон дар Тоҷикистон низ афзудааст. Аз аввали соли 2020 дар кишвар 28,9 ҳазор нафар фавтидаанд, ки 1,6 ҳазор нафарашон кӯдакони то яксола мебошанд.

Бақайдгирии фавтҳо дар ҳама минтақаҳо 15,7 фоиз афзуда, 28,9 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ёдовар мешавем, ки то аввали моҳи ноябр аҳолии Тоҷикистон аз 9,4 миллион нафар гузашт, ки ин нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 2% зиёдтар аст.

Афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна

Минтақаи сераҳолии ҷумҳурӣ вилояти Хатлон буда, дар он ҷо зиёда аз 3,4 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Дар вилояти Суғд бошад беш аз 2,7 миллион, дар ВМКБ - 230,4 ҳазор, дар ноҳияҳои тобеи марказ - беш аз 2,2 миллион ва дар Душанбе - 871,6 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

 

65
Барчаспҳо:
фавт, таваллуд, аҳолӣ, Тоҷикистон
Участие Рустама Эмомали в XIII пленарного заседания Парламентской Ассамблеи Организации Договора о коллективной безопасности (ПА ОДКБ)

Рустами Эмомалӣ бо дигар аъзоёни СААД амнияти минтақаро баррасӣ кард: пешниҳодаш қабул шуд

395
(Таҷдидшуда 19:46 30.11.2020)
Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО, дар ҷараёни кори ҷаласаҳои зикршуда дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаҳои корҳо оид ба амалигардонии афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар идомаи ҷаласа лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ҷаласа бо дарназардошти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод кардаст, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Тоҷикистон доир карда шавад.

“Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд”,-афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон зимни ҷаласа таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террорист аз ҷониби Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия садо додааст.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Номбурда гуфтааст, таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад.

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, вақте созмон, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ илова намуд, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

395
Барчаспҳо:
қонунгузорӣ, мудофиа, амният, суханронӣ, ширкат, СААД, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

0
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ноҳияи Ванҷ, тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оилаи кишвар тақсим мешавад.

Манбаъ афзуд, ки ин туҳфа аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шуд.

Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дод, ки барои мардуми ноҳияи Ванҷ мутаносибан ба теъдоди хонаводаҳо 4408 китоб ҷудо шуда, он ба ҳар як хонавода дастрас карда мешавад.

Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ мегӯяд, тақсимоти китоби “Тоҷикон” имрӯз аз ноҳия оғоз гардида, доир ба масъалаи мазкур комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Ин комиссия  раванди супоридани туҳфаи роҳбари давлатро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат менамояд. 

Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт

Ба иттилои Вазорати маориф, Хушвахт Искандаров, омӯзгори собиқадори ноҳия гуфтааст,  солҳо боз орзу дошт, ки ин китоби пурарзиш китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик бошад.

“Боварӣ дорам, ки ин амали нек ва шоиста дар раванди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бою пурғановати гузаштагон саҳми арзанда мегузорад”, - таъкид кардааст омӯзгор.

0
Барчаспҳо:
китоб, фарҳанг, маориф, Тоҷикистон