Концерт на открытие дней культуры Таджикистана в Узбекистане

Забони чашм ва анъанаи оилавӣ: ногуфтаҳои Дилноза аз марги писару таваллуди фарзанд -навор

1227
Дилноза Каримова ҳанӯз ҳам аз марги ҷигарбанди худ дилхун аст. Аммо таваллуди писарча ба хонаводаи ӯ шодиву фараҳ овард

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дилноза Каримова овозхони саршиноси тоҷик дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и Орзу Исо аз ғамҳои худ дар ҳасрати фарзанди марҳумаш қисса кард.

Ҳамзамон таваллуди тифл ба хонаводаи ин ҳунарманди тоҷик, нерӯ ва қувваи нав овард.

Дилноза мегӯяд, "вақт ҳеҷ гоҳ захми дилро шифо намебахшад ва дилхунии модар аз марги фарзандаш ба ҳеҷ ваҷҳ сиҳат намешавад. Ӯ мегӯяд, ҳар боре, ки сухан аз фарзанди марҳумаш меравад, дилаш аз нав реш мешавад. 

Аммо таваллуди фарзанд ӯву хонаводаашро аз рӯафтодагӣ наҷот дод.

Дилноза ҳамчунин дар рафти сӯҳбат бо Орзу Исо аз меҳрубонии хушдоман ва муҳаббати шавҳараш гуфт.

"Шояд меҳрубонии Худованд бар ман буд, ки бар ивази модари ман бароям модари нав, яъне хушдоман фиристод", - изҳор дошт Каримова.

Хушдомани ӯ, ки худ зани ҳунарманд аст, интихоби фарзандашро хуб пазируфт ва ҳар бор ба Дилноза мегуфт, ки "туро писари ман дӯст медорад ва ман бошам фарзандамро ба ҷон баробар медонам. Аз ин рӯ интихоби ӯ барои ман дуруст аст".

Хушдоман ба Дилноза бо забони чашм сӯҳба кардан бо шавҳарашро омӯхт.

Шаҳри Истиқлол имрӯз аз 12 - умин солрӯзаш ҷашн мегирад - акс

Хонаводаи Дилноза як анъанаи аҷибе доранд. Новобаста аз чандин соли зиндагии муштарак, ӯву шавҳараш ҳар саҳар ангуштарини арӯсияшонро ба ангушти ҳамдигар меандозанд.

Дилноза мегӯяд, пайвандонаш дар робита ба ин анъана, аз онҳо пайваста арӯсу домоди ҷавон ном мебаранд.

Ёдовар мешавем,  чанд сол пеш фарзанди ноболиғи Дилноза Каримова аз маризии саратон дар  Ҳиндустон ҷон дода буд.

1227
Тақсими ниқобҳои ройгон дар шаҳри Душанбе

Ҳар рӯз 1000 ниқоб: табибони ҷавони Душанбе ройгон ниқоби тиббӣ тақсим мекунанд

30
(Таҷдидшуда 20:06 04.12.2020)
Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди табибони ҷавон" дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе ҳар рӯз 1000 донаӣ ниқоби тиббии ройгон тақсим мекунанд

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар Душанбе бо мақсади пешгирии бемории каронавируси нави COVID-19 бо шаҳрнишинон суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, ин иқдом тибқи дастури роҳбарияти Мақомоти шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии  "Иттиҳоди табибони ҷавон" гузаронида шудааст.

Тақсимоти ниқобҳои тиббӣ дар шаҳри Душанбе
Тақсимоти ниқобҳои тиббӣ дар шаҳри Душанбе

Гуфта мешавад, ки онҳо дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе бо сокинон суҳбат ва вохуриҳо доир карда, ба онҳо ройгон ниқобии тиббӣ тақсим кардаанд.

Зебову боҳашамат: заргаре дар Туркия ниқобҳоро аз тилло омода мекунад - навор

"Чорабинии мазкур дар мавзеъҳои гуногуни шаҳри Душанбе, ба вижа миёни истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ сурат гирифт, ки дар рафти он аз ҳисоби табибони ҷавон ба аҳолӣ бобати зарурати истифодаи ҳатмии ниқоб ва риоя ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, вохуриҳо доир гардид", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар рафти иқдоми пешгирифта беш аз 1000 адад ниқоби тиббӣ  ба аҳолӣ тақдим карда шуда, чунин ташаббус аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди табибони ҷавон" ҳамарӯза дар ҷойҳои серодам гузаронида хоҳад шуд.

30
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Врач определяет сатурацию у больной пациентки

Омори COVID -19 дар Тоҷикистон: 41 кас мариз шуданду 40 нафар шифо ёфтанд

53
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус дар ҷумҳуриро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид.

Ҳамакнун шумораи умумии гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 349 нафар баробар шуд.

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон ба  11 ҳазору 758 нафар расидааст.

Коронавирус кам шуд: калонтарин бемористони Суғд баъди 7 моҳ ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

Манбаъ меафзояд, аз замони авҷ гирифтани коронавирус дар Тоҷикистон, дасти кам 87 бемор ҷон аз даст доданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

53
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Филиал МГУ в Душанбе. Архивное фото

Таъйини мудири нави бахши душанбегии Донишгоҳи давлатии Маскав

0
(Таҷдидшуда 23:40 04.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат дар раёсати бахши тоҷикистонии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат,  Мирзоев Сайаъло Ҳабибуллоевич, ки аз аввали соли 2015  ба ҳайси мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе кор мекард, аз вазифа озод карда шуд.

Дар қарор далели барканории Сайъало Мирзоев гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ӯ чӣ вазифа мегирад.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Бо қарори дигари  Ҳукумат, Ғаниев Рустам Ғафурович мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав  ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбо соли 2009 бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, феълан яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

0
Барчаспҳо:
донишгоҳ, Душанбе, Тоҷикистон