Ҷашнҳои рӯзи 2 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

115
(Таҷдидшуда 23:16 01.11.2020)
Рӯзи 2 ноябр дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони соҳаи фарҳанг буда дар Мексика ва Эквадор — Рӯзи ёдоварӣ мебошад

Рӯзи 2 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Cоли 1940 дар Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ рутбаи сержанти хурд ҷорӣ карда шуд.

Cоли 1953 дар Покистон Ассамблеяи конститутсионӣ дар бораи эълон кардани Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор қабул кард.Cоли 1978 Ҷумҳурии Доминикан истиқлолияти комил ба даст овард.

День 31 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Cоли 2016 дар Минск дар чорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавзӯи "Оид ба ҳамкории кишварҳои узви ИДМ бо Иттиҳоди Урупо, Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ва оид ба масоили бехатарии Урупо» байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ машварат баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 Душанбе ва Ишқобод аҳди бародарӣ бастанд. Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ишқободро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Ишқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расониданд.

Рӯзи 2 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Оқохони чаҳорум, ки бо сафар ба Тоҷикистон омад, мулоқоти дӯстона дошт.

День 30 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистон ва 12 ташкилоти донорӣ стратегияи муштараки ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Шӯрои кантонҳои Парламенти Швейтсария Ханс Алтер доир ба ҳамгироӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум (11 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе) фармон ба имзо расониданд.

Соли 2017 Шартнома оид ба шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид.

Соли 2017 Президенти Туркманистон Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов дар доираи сафари расмии худ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 ноябр

  • Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони соҳаи фарҳанг.
  • Дар Мексика ва Эквадор — Рӯзи ёдоварӣ.

Рӯзи 2 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 944 олим Аҳадбой Тешаев.

Соли 1947 олим Бахшибек Гадоев.

Соли 1952 ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Клара Мирзоева.

Соли 1960 доктори илмҳои иқтисодӣ Искандар Самандаров.

115
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко

Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт

543
(Таҷдидшуда 18:19 25.11.2020)
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкории палатаҳои болоии парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон, зарбулмасали тоҷикиро гуфт, ки аз як даст садо намебарояд

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Матвиенко зимни ҷаласаи Комиссия дар ҳузури Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ таъкид кард, ки чунин мулоқотҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бояд идома дода шаванд.

Ӯ афзуд, ки танҳо бо даъватҳо  - "биёед сармоягузорӣ бештар шавад, тиҷорат зиёд гардад" чизе ҳосил намешавад. Раиси Шӯрои Федератсия таъкид намуд, ки барои амалишавӣ мо бояд шароит фароҳам созем.

"Масоили умури сармоягузорию иқтисодиро мо бояд бо назардошти пайомадҳои пандемия баррасӣ намоем. Муҳим аст, ки ба таҳкими қонунгузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, корхонаҳои хурду миёна, корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ кунем, баъзе авлавиятҳоро дар марҳилаи берун шудан аз пандемия муайян созем", - гуфт Матвиенко.

“Шукри Худо, масъалаи ҳалнашаванда надорем”

Ба гуфтаи Матвиенко, дар маҷмуъ ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия мунтазам рушд ёфта истодааст ва зикр намуд, ки 23 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба Русия рост меояд.

"Ин ҳамкориҳоро бояд бо иродаи сиёсии худ таҳким бахшем. Барои соҳибкорӣ фазои сиёсӣ миёни ду кишвар бисёр муҳим аст. Соҳибкорон ба кишвар мераванд, агар шоҳиди муносибатҳои дӯстона миёни давлатҳо бошанд. Шукри Худо мо дар ин маврид масъалаи ҳалнашаванда надорем", - гуфт раиси Шӯрои Федератсия.

Ӯ илова намуд, ки аз ҷониби дигар вазифаи парлумон аст, ки меъёрҳои қонунгузорӣ ҳамоҳанг шаванд, то ҳадди имкон шароитҳо монанд бошанд то соҳибкорию оғози кори нав осон гардад.

Матвиенко таъкид намуд, ки барои сармоягузор бисёр муҳим аст, ки қоидаҳои кор дар майдони иқтисодии Тоҷикистон шаффоф ва фаҳмо бошанд.

"Бояд талош кунем, ки бештар бо соҳибкорон иртибот дошта бошем, фаҳмонем, шарҳ диҳем. Ҳайатҳои соҳибкорон тарафайн сафар кунанд, то бахши соҳибкорӣ пуштибонии сиёсиро эҳсос намояд ва он гоҳ фаъолтар хоҳад шуд", - гуфт раиси Шӯрои Федератсия.

Ӯ хотиррасон кард, замоне ки танҳо дар бораи густариши тиҷорат суҳбат мерафт, гузашт. Ба гуфтаи Матвиенко, ҳозир замона дигар асту бояд корхонаҳои муштарак ташкил шаванд, лоиҳаҳои ҷадид ва табодули сармоягузорӣ роҳандозӣ карданд.

“Барои он ки ин ҳама амалӣ гардад, заминаҳои ташкилӣ заруранд, шояд бо иштироки давлат ин кор роҳандозӣ гардад. Вазифаи вазорату идораҳо аст, ки чӣ гуна корро амалӣ мекунанд, то барои соҳибкорон муфиду бошад, додугирифтҳо миёни Тоҷикистону Русия бидуни миёнаравҳо сурат гиранд”, - таъкид кард Матвиенко.

Ӯ дар охир зарбулмасали тоҷикиро зикр намуд, ки аз як даст садо намебарояд ва илова намуд, ки имрӯз дар Маскав аз ҳарду тараф дастҳо фароҳаманд ва бояд талош кард, то ҳарчи бештар садо ҳосил шавад.

543
Барчаспҳо:
парлумон, мулоқот, Валентина Матвиенко, Тоҷикистон, Русия
Новый ректор Институт экономики и торговли Таджикского государственного коммерческого университета в  Худжанд

Тағйироти кадрӣ: 40 - сола, номзади илм, роҳбари Донишкадаи иқтисод ва савдои Хуҷанд шуд

355
(Таҷдидшуда 18:15 25.11.2020)
Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Манобеъ аз ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ба та]йиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки муаррифии директори нав бо иштироки Матлуба Амонзода, муовини сарвазир ва Хол Ҳайдар, муовини раиси вилояти Суғд баргузор шуд.

"Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишкада директори нав Ҳошимзода Ҳомид Ҳасанро муаррифӣ карданд. Ҳошимзода дар ин вазифа Олимӣ Рауф Латифзодаро иваз намуд, ки муддати 5 сол роҳбарии ин муассисаи таълимиро бар ӯҳда дошт", -  гуфтанд аз ДИС ДДТТ.

Ба иттилои манобеъ, ин таъйиноти кадрӣ бо пешниҳоди Раёсати Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва қарори Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ном ба ном: таъйину барканории ректорони чор донишгоҳу донишкадаҳои кишвар

Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан соли 1980 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Ӯ номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Дар гузашта муовини ректори ДИС ДДТТ фаъолият кардааст.

355
Барчаспҳо:
илм, номзад, ректор, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ва анҷоми сафари Рустами Эмомалӣ

0
Сафари нахустини раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Маскав, бо имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 миёни шаҳрдориҳои Душанбе ва Маскав анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Русия дар бинои Ҳукумати шаҳри Маскав бо ҳамтояш раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мулоқот кард, хабар Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон.

Мазмуни асосии вохӯрӣ муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав ва дар ин робита муайян намудани самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда будааст.

Вобаста ба ин иштирокчиёни вохӯрӣ ҷиҳати бо мазмуни нав пурра намудани сатҳи ҳамкориҳои судманд ва дар ин замина ба имзо расонидани Барномаи нави ҳамкорӣ байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Маскав барои солҳои 2020-2023 мубодилаи афкор намудаанд.

Бино ба гузориши манбаъ, дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар робита бо паҳншавии пандемияи короновирус таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.

"Дар фарҷоми мулоқот Рустами Эмомалӣ ва Сергей Собянин Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 - ро байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Маскав, имзо карданд", - омадааст дар хабарнома.

Барнома бо мақсади тавсеаи робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Маскав равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ бахшҳои тиҷорату иқтисод, инфрасохтори роҳу нақлиёт, шаҳрсозӣ, ободонии ҳудуди шаҳр, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат ва инноватсия, маориф ва илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзишро фаро мегирад.

Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт

Манбаъ афзуда, ки раиси шаҳри Душанбе аз раиси шаҳри Маскав даъват кардааст, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе биёяд.

Манбаъ афзуда, ки бо ҳамин нахустин сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Русия ба анҷом расид.

0
Барчаспҳо:
имзо, барнома, Рустами Эмомалӣ, Сергей Собянин, Маскав, Маскав