Ятимов, Раҳимзода, Мирзо, Имомзода: аз нав таъйин ва муаррифӣ шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидмуъмин Ятимов, Рамазон Раҳимзода, Шералӣ Мирзо ва Муҳаммадюсуф Имомзода бори дигар мақомҳои худро ҳифз карданд

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ва Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон дигарбора дар вазифаҳои худ таъйин шуданд.

"Сарвазир ва дигар афроди масъул онҳоро дар ҳузури кормандони кумитаву вазоратҳои фавқуззикр муаррифӣ карданд", - гуфт манбаъ.

Тағйирот дар ҳукумати Тоҷикистон: Сулаймон Зиёзода вазири кишоварзӣ таъин шуд

Саймуъмин Ятимов аз 2 сентябри соли 2010 раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Рамазон Раҳимзода аз 20 ноябри соли 2013 вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Мирзо аз 20 ноябри соли 2013 вазири дифоъ ва Муҳаммадюсуф Имомзода аз 24 январи соли равон вазири маорифи Тоҷикистон мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 31 октябр пас аз маросими савганд кобинаи худро ба истеъфо равон кард. Ҳоло аъзои ҳайати нави ҳукумати кишварро аз нав таъйин мекунад.

Лентаи хабарҳо
0