Ду муовини нави сарвазири Тоҷикистон кистанд?

Обуна шудан
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳайати ҳукумати навро пешниҳод кард. Тибқи фармони раисҷумҳур Сатториён Матлубахон Амонзода ва Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ ба вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин шуданд

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти расиҷумҳур, Сатториён Матлубахон Амонзода муовини Сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд.

Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хатмкардаи Ҳарвард, менеҷер аз лоиҳаи Оқохон: Далер Ҷумъа, вазири нав кист?

Тибқи иттилои манбаъ,  фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Сатториён Матлубахон Амонзода аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи муовини Сарвазири Тоҷикистон кор мекунад.

Ӯ 19 сентябри соли 1972 дар ноҳияи Б.Ғафуров ба дунё омадааст.

Сарвазири нави Тоҷикистон дар соли 1994 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст. Ихтисосаш муаллими забон ва адабиёти тоҷик .

Ӯ номзади илмҳои филологӣ мебошад.

Сатториён Матлубахон соли 2011 бо медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон”, соли 2017 Медали “Хизмати шоиста” сарфароз гаштааст.

Ӯ фаъолияти меҳнатиашро дар солҳои 1989-1994 дар Донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М. Киров, шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2002 ба ҳайси танзимгар, муаллима, сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Б.Ғафуров, шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Дар солҳои 2008-2011 дар вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор карда,  ҳамчунин ӯ ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Табошари вилояти Суғд ва дар солҳои 2011-2014- Раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ва солҳои 2014-2018 Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд фаъолият кардааст.

Шерали Кабиров, новый министр промышленности - Sputnik Тоҷикистон
Шералӣ Кабиров – вазири саноат ва технологияҳои нав

Вай соли 2018 ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъйин шуда буд.  

Дар ҳамин ҳол, тибқи фармони дигари раисҷумҳур Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд.

Гуфта шудааст, ки фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ аз 03 ноябри соли 2020 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Ӯ 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст ва дар соли 1982 Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-электрик хатм кардааст.

Усмонзода номзади илмҳои техникӣ мебошад донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.

 Ӯ Солҳои 1985-1988 аспиранти институти энергетикии шаҳри Москва буда, дар  солҳои 1989-1991 Ассистент, муаллими калони кафедраи “Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи мошинҳои электрикӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  фаъолият кардааст.

Солҳои 1991-1996 Иҷрокунандаи вазифаи дотсент ва дотсенти кафедраи “Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи мошинҳои электрикӣ”, муовини декани факултаи энергетики Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кор кардааст.

Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ятимов, Раҳимзода, Мирзо, Имомзода: аз нав таъйин ва муаррифӣ шуданд

Номбурда дар солҳои 1997-1999 Директори назорати давлатии барқи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ,  солҳои 1999-2001 Муовини директори генералии назорати давлатии барқи Тоҷикистон ва солҳои 2001-2003 Сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Тоҷикистон кор кардааст.

Инчунин ӯ дар солҳои 2003-2009 Роҳбари лоиҳаи “Сохтмони дастгоҳҳои тақсимкунандаи пушидаи элегазии 220 кв дар НБО-и Норак” Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” ва дар солҳои 2009-2013 Директори иҷроияи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” фаъолият кардааст.

Усмонзода Усмоналӣ соли 2013 ба вазифаи Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0