Урожай пшеницы

Афзоиши ҳосили гандум дар Тоҷикистони нисбат ба соли қабл

211
(Таҷдидшуда 12:01 05.11.2020)
Дар Тоҷикистон 435 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қабл наздик ба 60 ҳазор тонна бештар аст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ҳосили гандум дар Тоҷикистон аз оғози имсол то аввали моҳи ноябр ба 847 ҳазору 417 тан расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ҳудуди 30 ҳазор тонна бештар аст.

Ба гузориши Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин миқдор гандум аз 268 ҳазор гектар замини зери кишти ин маҳсул бардошт шудааст.

Ҳамчунин дар ин муддат дар Тоҷикистон 435 ҳазор тонна ғалла бардошт шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 60 ҳазор тонна бештар аст.

Дар ҳамин ҳол Идораи давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки дар ҳашт моҳи гузашта 571 ҳазор тонна гандум ба арзиши 140 миллиону 200 ҳазор доллар аз хориҷ ва ба вижа аз Қазоқистон ба ин кишвар ворид шудааст.

Тоҷикистон солона ба беш аз ду миллион тонна орд ва гандум ниёз дорад, ки ниме аз ин маҳсулот аз роҳи воридот таъмин мешавад аз ин рӯ коршиносон танҳо роҳи таъмини ниёзи физояндаи ин кишвар ба орду гандумро тавсеъаи кишти ин маҳсул медонанд.

Орд арзон мешавад?: вазири тоҷик аз афзоиши истеҳсоли орд дар Тоҷикистон таъкид кард

Ҳамакнун нархи ҳар киса орди 50 килоии тавлиди дохил дар бозорҳои Тоҷикистони 250 сомонӣ ( муодили 25 доллар) ва орди қазоқистонӣ 270 сомонӣ ( муодили 27 доллар ) аст, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл 170 сомонӣ буд.

211

Дар саросари ҷаҳон беш аз 66 миллион нафар гирифтори COVD-19 шуданд

27
(Таҷдидшуда 17:29 05.12.2020)
Субҳи имрӯз эълон шуд, ки шумори гирифторон ба коронавирус КОВИД-19 ба 66 миллиону 231 ҳазору 472 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 199 ҳазору 995 нафар сироятшудаи нав сабт шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон. 

Тибқи иттилои манбаъ, шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар олам ба 1 миллиону 524 ҳазору 473 нафар расидааст.

Гуфта шудааст, ки аз вируси корона то кунун 45 миллиону 812 ҳазору 972 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар айни замон дар бемористонҳои кулли олам 106 ҳазору 136 нафар гирифторон ба коронавирус дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Гуфтанист, ки ҳадди аксари навсироятшудагон дар як шабонарӯз ба коронавирус SARS-CoV-2 рӯзи 14 ноябр  (667 964 нафар) ва ҳаддиаксари теъдоди марг аз ин беморӣ рӯзи 17 апрел (12 482 нафар)  сабт шуда буд.

Дар ҳамин ҳол вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 4 декабри соли равон боз 41 мубталои нав ба КОВИД-19 ошкор шуда, шумори умумии гирифторон ба ин вирус ба 12 349 нафар расидааст.  Аз оғоз то кунун 11 758 нафар ё худ 95,3% шифо ёфтаанд.  

Дар як шабонарӯз дар Русия 27 403 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шуда, аз ин беморӣ 569 нафар ҷон додаанд. Сураъти рушди беморӣ ба ҳадди 1,2 дарсад гуфта шудааст. Дар 19,7 дарсади беморон аломатҳои ин беморӣ мушоҳида нашудааст. Аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Маскав (6868,  882 нафар камтар аз як рӯзи пеш), Санкт-Петербурге (3694) ва минтақаи назди Маскав (1223) ба қайд гирифта шуда, теъдоди камтар дар вилояти Мухтори яҳудӣ (30), округи мухтори Ненетс (шаш) ва дар Чукотка (панҷ).

Ноиби сарвазири Русия Татяна Голикова дар як брифинги матбуотӣ эълон намуд, ки ҳамаи минтақаҳои кишвар ба барномаи эмкунӣ аз коронавирус ҳамроҳ карда шудаанд.  

Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон аз сироят боз 819 нафар хабар доданд ва шумори мубталоён ба 134 706 нафар расидааст.

Дар Қирғизистон бошад зарфи 24 соати сипаришуда 440 мубталои нав сабт шуд ва теъдоди гирифторон ба 74 373 нафар расид. 

Ӯзбекистон аз сирояти боз 161 нафар хабар дод ва аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 73 592 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 сабт шудаанд.  Аз ин 70 861 (+149) нафар ё худ 96% муолиҷа шудаанд.

27
Барчаспҳо:
гирифторон, миллион, нафар, ҷаҳон, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото

Намояндагони давлатро таҳдид кард: шарҳи Прокуратураи генералӣ аз боздошти Одинаев

873
(Таҷдидшуда 17:34 05.12.2020)
Прокуратураи генералии Тоҷикистон боздошти Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ тавзеҳ дода гуфт, ӯ намояндагони давлатро таҳдид кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ниҳод гуфтааст, ки Маҳмурод Одинаев тартиботи ҷамъиятиро дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор вайрон карда, "нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст".

"Одинаев  29 октябр соати 16:30 дақиқа бо собиқ ҳамсараш Ризоева Меҳринигор Умаровна ва писараш Одинаев Ҳабибулло Маҳмуродович ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродовичро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст", - менависад манбаъ.

Манбаъ афзудааст, "бинобар ин, аз рӯи маводҳои ҷамъовардашуда аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Одинаев М.Ш. 20.11.2020  бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои "б" ва "в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ, аз ҷониби гуруҳи шахсон ё гуруҳи шахсон бомаслиҳати пешакӣ, бо нишондодани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда дорад) пешбини гардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд".

"Бинобар сабаби ба даъвати чандин каратаи  кормандони прокуратура ҳозир нашудан ва аз ҷойи зисташ гурехта пинҳон гаштан, қарор барои маҷбуран овардан қабул шуда, барои иҷро ба мақомоти  ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор  вогузор карда шуд", - афзудааст прокуратураи генералӣ.

Мақомот Одинаевро дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе дастгир карда, ба прокуратураи ноҳияи Ҳисор бурдаанд.

Шарҳи ВУД дар бораи қазияи писари Маҳмурод Одинаев-видео

"Нисбати дастгиршуда Одинаев М.Ш.  дар доираи парвандаи ҷиноятӣ гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавӣ идома дорад", - менависад прокуратура.

Ёдрас мешавем, пештар аз боздошт шудани муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров хабар дода буд.

Ба гуфтаи вай, Одинаевро имрӯз соати 11 мақомот боздошт кардаанд.

Пештар Зойиров дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки Маҳмурод Одинаев, аз худ хабар дод, ки зинда аст.

 Ба гуфтаи раҳбари ин ҳизб, ӯ ҳангоми фирор аз як амалиёти маъмурони интизомӣ пойлуч будааст, ки зимни гурехтан пойҳояшро хунук задааст.

Мақомот мегуфтанд, ки дар бораи нопадид шудани Одинаев хабар надоранд.

Аммо Зойиров гуфта, буд, "наметавонад, пинҳон монад ва бояд табобати худро давом диҳад. Ба Маҳмурод Одинаев лозим аст, ки таслим шавад ва дар куҷо буданашро хабар диҳад”.

873
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, боздошт, таҳдид, Прокуратураи генералӣ
Летучая мышь, архивное фото

Вирусшинос аз Вуҳан дар бораи намудҳои нави коронавирус хабар дод

0
(Таҷдидшуда 18:33 05.12.2020)
Коршиноси чинӣ аз "марказ"-и паҳншавии коронавирус дар бораи таҳқиқотҳои дигари намудҳои коронавирус гуфт

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар ҳудуди Чин боз чанд намуди кӯршапараки дорои коронавирус ҳаст, хабар додааст коршиноси Пажӯҳишгоҳи Вуҳан, вирусшинос  Ши Чжэнли. 

Вай афзудааст, ки намудҳои нави коронавирус дар ҷануб ва ҷанубу ғарби кишвар ба қайд гирифта шуданд.

Ба гуфтаи вай, ин кӯршапаракҳо ҳамчунин берун аз Чин, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба сар мебаранд.

Чжэнли бар он аст, ки КОВИД бевосита аз кӯршапарак ба одам нагузаштааст, балки бавоситаи дигаре, ки онро бояд муайян кард.

Коронавирус ба Вуҳани Чин баргашт

Вай афзудааст, ҳамчунин маълум нест, ки вирус байни ҳайвонҳо ва шояд одамон, то чанд вақт паҳн мегашт, то он даме ки онро ошкор карданд.

0
Барчаспҳо:
Чин, нав, намудҳо, вируси корона