Самолёт авиакомпании ЮТэйр. Архивное фото

Тоҷикистон ба ширкати русӣ барои парвозҳо чартерӣ иҷозат дод: санаи парвозҳо нашр шуд

2659
(Таҷдидшуда 20:07 05.11.2020)
Мақомоти Тоҷикистон ба ширкати ҳавоии “Ютэйр” барои ташкили парвозҳои чартерӣ аз Душанбе – Маскав ва Хуҷанд – Сургут иҷозат дод

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия парвозҳои чартериро дар хатсайри Душанбе – Маскав мувофиқа кардаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Ширкати ҳавоии “Ютэйр” иҷозати мақомоти Тоҷикистонро барои парвозҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе – Маскав ва Хуҷанд - Сургут гирифт.

Ҳамин тавр,  дар моҳи ноябр аз Тоҷикистон ба Русия қарор аст чаҳор парвоз сурат гирад. Парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Маскав 7, 14, 21 ва 28 ноябр анҷом хоҳанд ёфт.

Парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд Сургут танҳо баъд аз таҳияи рӯйхати мусофирон сурат хоҳад гирифт.

Таъкид шудааст, ки парвозҳои мазкур барои эъзоми шаҳрвандони Русия ва шахсони ҳуқуқи омадан ба Русиро доранд пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сафорат таъкид кардааст, ки тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амниятии Русия шахсони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки иҷозати иқомат дар Русия доранд наметавонанд дубора вориди Русия шаванд.

Ҳамин тавр, нафароне, ки  иҷозати иқомат дар Русия доштанд ва дар замони маҳдудиятҳо ба сабаби паҳншавии вируси корона Русияро тарк карданд, имкон дорад ба ба Русия дигарбора ворид шуда натавонанд.

Нафароне, ки ҳаққи ворид шудан ба Русияро надоштанд, наметавонанд дубора ба ин кишвар ворид шавад.

2659
Барчаспҳо:
иҷозат, Душанбе, Маскав, парвоз, "ЮТэйр", Русия, Тоҷикистон
Врач-инфекционист, Хапизов Шавкат Туланович

Маризони COVID-19-ро табобат мекарду худ аз он даргузашт: фавти табиби тоҷик дар Русия

74
(Таҷдидшуда 12:35 30.11.2020)
Ҳафизов Шавкат Туланович, яке аз табибони сироятшиноси шинохтаи тоҷик дар Русия дар синни 55-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар ин бора хоҳари Шавкат Ҳафизов Азиза Ҳафизова дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бародараш ду рӯз пеш аз бемории ҳамагирикоронавирус ҷон дод.

Ба иттиллои манбаъ, марҳум аз табибони сироятшиноси шинохта буда, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мебошад.

“Бародарам пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон сар аз соли 1993 то 2015 ҳамчун табиби сироятшинос дар Душанбе дар беморхонаҳои “Якум советский” ва беморхонаи сироятии Зарафшон кор кардааст”,-гуфт, хоҳари марҳум.

Ӯ гуфт, бародараш тавассути барномаи кӯчбпндӣ ё “Переселение” соли 2015 ба русия бо оилааш кӯчид ва  то ин замон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Сосновскаи вилояти Тамбови Русия кор мекард.

Гуфта мешавад, номбурда яке аз муборизони зидди коронавирус буда, то дами охирин ба гирифторони ин беморӣ кӯмак мекард.

Ҳафизов Шавкат соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба Дунё омада 55-сол дошт.

Врач-инфекционист, Хапизов Шавкат Туланович
из личного семьи Шавката Хапизова
Врач-инфекционист, Хапизов Шавкат Туланович

Дар хона табобат мегирифт: даргузашти табиби маъруф Шарипов аз "илтиҳоби шуш" дар Суғд

“Ман бо бародарам ҳамкурсем. Ҳарду Донишгоҳи тиббиро хатм кардем. Ӯ табиби сироятшинос шуду ман ҳоло дар Колеҷи тибби ҷумҳуриявӣ дарс мегӯям”,-афзуд номбурда.

Даргузашти Ибодуллоев, табиби шинохтаи тоҷик аз "илтиҳоби шуш"

Ба гуфти Азиза Ҳафизова дар оилаашон бештар дар ин ришта кор мекунанд ва падарашон Ахмед Ҳафизо, яке аз табибони саршинос буд, ки солиёни зиёд дар Беморхонаи қарияи боло кор кардааст

 

74
Барчаспҳо:
фавт, табиб, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Даҳшат: сокини Ёвон модари се фарзандашро корд зада кушт

337
(Таҷдидшуда 11:17 30.11.2020)
Прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбати падари хонавода, ки ҳамсари 32 - солаи худро ба қатл расонд, парвандаи ҷиноятӣ боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия дар ноҳияи Ёвон сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамсари ҷавонаш даст доштааст.

Котиботи ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодисаи даҳшатбор рӯзи 27 ноябр дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон рух додааст.

Куштор дар заминаи рашки беасос ва муноқишаи оилавӣ сар задааст.

"Қарақулов Урозбек дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсари 32 - солаи худ Бобоҷонова Бибихоларо ба қатл расондааст", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

Гуфта мешавад, Бибихола модари се фарзанд буда, ҳамсараш бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат мерасад.

Зимнан, кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон дар кутоҳтарин муддат гумонбари асосии ҷинояти мазкурро муайян ва боздошт намуданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати Қарақулов Урозбек дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон парвандаи чиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

337
Барчаспҳо:
куштор, Ёвон