Профессор Абдусалом Абдукодиров

Даргузашти профессор Абдуқодиров, фарди маъруф дар Тоҷикистону Ӯзбекистон

1816
(Таҷдидшуда 18:57 06.11.2020)
Абдусалом Абдуқодиров, профессор ва навоишиноси маъруф дар синни 71 – солагӣ олами фониро тарк гуфт. Ҷанозаи ӯ зӯҳри рӯзи 6 ноябр дар Хуҷанд баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдусалом Абдуқодиров ҳудуди ду ҳафта дар Шифохонаи вилоятии маризиҳои сироятӣ бистарӣ буд ва пас аз рухсат шудан дар манзили худ вафот кард.

"Ташхиси духтурон мушаххас нест, аммо он кас дар гузашта аз маризии қанд азият мекашиданд. Вазъашон ҳам пас аз шифохона беҳбуд наёфт", - гуфт ӯ.

Абдусалом Абдуқодиров 19 сентябри соли 1949 дар деҳаи Ҳавутаки ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) таваллуд шуда, соли 1974 факултаи забону адабиёти ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (собиқ Иннститути давлатии педагогии Ленинобод) - ро хатм кардааст.

Аз ҳамон сол ин донишгоҳ "хонаи дуввум" – и ӯ шуд ва то дами марг аз лаборанти калону муаллими одӣ шуруъ намуда, то декани факултети филологияи ӯзбекӣ, мудири кафедраи усули таълими забону адабиёти ӯзбек ва мудири кафедраи адабиёти ӯзбекӣ кор кардааст. Доктори илмҳои филологӣ (1999) ва профессор (2015) буд.

Абдусалом Абдуқодиров муаллифи беш аз 350 асари илмӣ ва илмӣ-методӣ, аз ҷумла қариб 20 рисола, 2 маҷмӯаи мақолаҳо, 2 китоби дарсӣ, 12 дастури таълимӣ-методӣ, 4 луғат, 11 дастури тарбиявӣ буда, осораш, аз ҷумла таҳти унвонҳои “Назми ҷанговар” (1990), “Навоӣ ва тасаввуф” (1994), “Навоӣ ва нақшбандия” (1994), “Луғати истилоҳҳои тасаввуф” (2006), ”Мавлоно Абдураҳмон Ҷомӣ ва Амир Алишер Навоӣ” (2014), ”Равобити адабӣ, анъана ва маҳорат” (2017), “Масъалаҳои тасаввуф, навоишиносӣ ва таълими адабӣ” (2019) ва ғайра бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ, туркӣ ва ғайра дар Тоҷикистон, Ӯзбекистону Туркия ба нашр расидаанд.

Бо каронавирус мубориза бурд, аз сактаи мағзӣ фавтид: табиби ҳозиқ Раҳимов даргузашт

Муаллифи китобҳои дарсии "Адабиёт" (2007) ва "Адабиёти Ватан" (2003) барои мактабҳои ӯзбекии Тоҷикистон мебошад. Аъзои Шӯрои дифои рисолаҳои илмӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, Аълочии маорифу фарҳанги Тоҷикистон, "Шаҳрванди фахриии шаҳри Навоӣ"-и Ӯзбекистон (2018 ), "Олими сол" - и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2019) низ буд.

Ҷанозаи Абдусалом Абдуқодиров зӯҳри имрӯз, 6 ноябр, дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

1816
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон, профессор, даргузашт
Дорога с машинами в Душанбе

Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад

42
(Таҷдидшуда 16:51 02.12.2020)
Ҳамчунин имрӯз дар Душанбе тарҳи қонунҳо оид ба ислоҳи қонунҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад.

"Аз 31 декабри соли равон мутобиқи сархати сеюми моддаи 252-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" ин матлаб зимни баргузории  ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуд, баён гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур дар баробари дигар лоиҳаҳои қонунҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасии вакилон қарор гирифтааст.

Дар ҷаласа муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Ашуров  зикр намудаанд, ки лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

Манбаъ афзуда, ки ин тарҳ бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард таҳия гардидааст.

Дар ҷаласа вакилон ҳамчунин тарҳи қонунҳо "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ",  "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" ва "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" - ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

42
Барчаспҳо:
роҳи мошингард, бекор кардан, андоз, Тоҷикистон
свидетельства о рождении

Дар Тоҷикистон муҳлати ивази ному насаб кӯтоҳ шуд: "ов"-у "ев" аз байн меравад?  

209
(Таҷдидшуда 16:47 02.12.2020)
Лоиҳаи  қонун  “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони кишвар пурра ҷонибдорӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони кишвар, дар Тоҷикистон минбаъд  ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва ё  номи падар дар муддати на дертар аз як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда мешавад.

“Ҳамзамон дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок муҳлати баррасӣ намудани ариза понздаҳ рӯз дароз карда мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки ивази ному насаб дар Тоҷикистон қаблан аз се то шаш моҳро дар бар мегирифт.

Зимни баргузории ҷаласа, Вазири адлия Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид намуданд, ки лоиҳаи  мазкур бо мақсади кам намудани муҳлати баррасии ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон зимни шарҳи лоиҳа гуфтааст, тағйироти пешниҳодшуда ба суръатбахшии бақайдгирии расмии тағйири номҳои шаҳрвандони кишвар равона шудааст.

Дар Тоҷикистон номгузориро бо пасвандҳои русӣ манъ карданд

Тибқи иттилои Ашуриён, ивази ному насаб соли 2015 тақрибан 26 ҳазор, 2016 - 29 ҳазор, соли 2017 - 26 ҳазор, соли 2018 - 38 ҳазор, соли 2019 бошад 40,5 ҳазор ва давоми соли ҷорӣ 18 ҳазор шаҳрвандон ному насаби худро иваз кардаанд.

Ёдовар мешавем, баҳори соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро қабул намуд,  ки бар асоси он истифодаи пасвандҳои русӣ пурра манъ гардиданд. 

Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур дар амал ҷорӣ  намудани номгузории фарзандон дар доираи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ унвон шуда буд.

Ба иттилои манбаъ,  минбаъд пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар насаб истифода намудани пасвандҳои – ов, - ова, - ев , - ева ва дар номи падар истифодаи пасвандҳои - овна, - евна, - ович, - евич пурра манъ карда мешавад.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи қонун гуфт, ки ин нисбати он шахсоне, ки аллакай шаҳодатномаи таваллуд бо зикри “вич”, “ов”, “ев”, “ева”, “овна”-ро дар насаб ва номи падарашон гирифтаанд, татбиқ намегардад ва  бо худи ҳамон номҳо метавонанд шиноснома гиранд.

Номбурда гуфт, минбаъд дар насаби кӯдакони навзод ҳангоми додани шаҳодатнома ов, ова, ев, ева сабт карда намешаванд ва ба ҷойи он пасвандҳои "пур", "духт", пасвандҳои "ӣ", "зод", "зода", "он", "ён", "иён", "ёр", "ниёр", "фар" истифода шаванд.

Тағйири насаб дар байни сокинони Тоҷикистон сар аз соли 2007 замоне оғоз шуд, ки президенти кишвар нахустин шуда насаби худро тағйир дод. Дар пайи ин иқдом ивази ному насаб дар мансабдорон сар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш бо кормандони илм ва фарҳангиёни кишвар боҳо ин масъаларо зикр карда гуфт, тоҷикӣ кардани ном ин  ҳам ҳисси миллӣ ҳисси вантандустиву ватанпарастии мардум ва аҳли зиёро нишон медиҳад вагарна ин беҳурматӣ нисбат ба миллату тамаддуни мардуми тоҷик аст.

Ӯ дар суҳбати ахираш оид ба ин мавзӯъ аз олимон эрод гирифта гуфта буд: “Олимон хафа нашавед, ман таҳлил кардам, 90 фисади олимони мо номи тоҷикӣ надоранд. Ҳоло он ки роҳбари давлат кард ин корро кард. Қонун як аст. Чаро аз тоҷикияти худ мо метарсем” ,- гуфт раисиҷумҳури кишвар.

Президент худро мисол оварда гуфт, роҳбари давлат номашро иваз кард, магар ягон чиз шудаст!

209