Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири

Изҳори ҳамдардӣ: сафири Эрон дар Тоҷикистон ба сафорати Афғонистон рафт

147
(Таҷдидшуда 10:45 07.11.2020)
Ҳамлаи террористии даҳшатбор дар донишгоҳи Кобул анҷом дода шуд. Ҳамлаоварон шуморе аз донишҷӯёни ин донишгоҳро ба рагбор бастанд

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон барои изҳори ҳамдардӣ ба сафорати Афғонистон дар Душанбе рафт.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузур дар сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе, дафтари ёдбуди шаҳидони ҳамлаи террористии Донишгоҳи Кобулро имзо кард.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ- сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузур дар сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе, бо давлату миллати Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кард.

Занги Раҳмон ба Ғанӣ баъди ҳамлаҳои террористӣ ва ваъдаи пуштибонӣ

Се муҳоҷими мусаллаҳ рӯзи душанбе бо вуруд ба Донишгоҳи Кобул пас аз таркиши бомб, шуморе аз донишҷӯёни ин донишгоҳро ба рагбор бастанд, ки дар паи ин ҳамлаи террористӣ 22 донишҷӯ кушта ва беш аз 40 нафар захмӣ шуданд.

147
Медицинские работники в инфекционной больнице

Аз 12 ҳазор гузашт: омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

4
(Таҷдидшуда 18:25 25.11.2020)
Дар Тоҷикистон шумораи умумии гирифторони бемории коронавируси навъи COVID-19 марзи 12 ҳазорро убур кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 37 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар шумораи гирифторони ин беморӣ дар кишвар ба 12008 нафар баробар гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон, дар давоми 24 соати охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон ба 11395 (94,9%) нафар баробар гардид.

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

 "Аз аввали ҳамагирӣ то кунун бар асари ин беморӣ  86 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ҳамчунин ин ниҳод аз мардум даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

4
Барчаспҳо:
маризӣ, сироят, беморӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко

Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт

613
(Таҷдидшуда 18:19 25.11.2020)
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкории палатаҳои болоии парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон, зарбулмасали тоҷикиро гуфт, ки аз як даст садо намебарояд

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Матвиенко зимни ҷаласаи Комиссия дар ҳузури Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ таъкид кард, ки чунин мулоқотҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бояд идома дода шаванд.

Ӯ афзуд, ки танҳо бо даъватҳо  - "биёед сармоягузорӣ бештар шавад, тиҷорат зиёд гардад" чизе ҳосил намешавад. Раиси Шӯрои Федератсия таъкид намуд, ки барои амалишавӣ мо бояд шароит фароҳам созем.

"Масоили умури сармоягузорию иқтисодиро мо бояд бо назардошти пайомадҳои пандемия баррасӣ намоем. Муҳим аст, ки ба таҳкими қонунгузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, корхонаҳои хурду миёна, корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ кунем, баъзе авлавиятҳоро дар марҳилаи берун шудан аз пандемия муайян созем", - гуфт Матвиенко.

“Шукри Худо, масъалаи ҳалнашаванда надорем”

Ба гуфтаи Матвиенко, дар маҷмуъ ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия мунтазам рушд ёфта истодааст ва зикр намуд, ки 23 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба Русия рост меояд.

"Ин ҳамкориҳоро бояд бо иродаи сиёсии худ таҳким бахшем. Барои соҳибкорӣ фазои сиёсӣ миёни ду кишвар бисёр муҳим аст. Соҳибкорон ба кишвар мераванд, агар шоҳиди муносибатҳои дӯстона миёни давлатҳо бошанд. Шукри Худо мо дар ин маврид масъалаи ҳалнашаванда надорем", - гуфт раиси Шӯрои Федератсия.

Ӯ илова намуд, ки аз ҷониби дигар вазифаи парлумон аст, ки меъёрҳои қонунгузорӣ ҳамоҳанг шаванд, то ҳадди имкон шароитҳо монанд бошанд то соҳибкорию оғози кори нав осон гардад.

Матвиенко таъкид намуд, ки барои сармоягузор бисёр муҳим аст, ки қоидаҳои кор дар майдони иқтисодии Тоҷикистон шаффоф ва фаҳмо бошанд.

"Бояд талош кунем, ки бештар бо соҳибкорон иртибот дошта бошем, фаҳмонем, шарҳ диҳем. Ҳайатҳои соҳибкорон тарафайн сафар кунанд, то бахши соҳибкорӣ пуштибонии сиёсиро эҳсос намояд ва он гоҳ фаъолтар хоҳад шуд", - гуфт раиси Шӯрои Федератсия.

Ӯ хотиррасон кард, замоне ки танҳо дар бораи густариши тиҷорат суҳбат мерафт, гузашт. Ба гуфтаи Матвиенко, ҳозир замона дигар асту бояд корхонаҳои муштарак ташкил шаванд, лоиҳаҳои ҷадид ва табодули сармоягузорӣ роҳандозӣ карданд.

“Барои он ки ин ҳама амалӣ гардад, заминаҳои ташкилӣ заруранд, шояд бо иштироки давлат ин кор роҳандозӣ гардад. Вазифаи вазорату идораҳо аст, ки чӣ гуна корро амалӣ мекунанд, то барои соҳибкорон муфиду бошад, додугирифтҳо миёни Тоҷикистону Русия бидуни миёнаравҳо сурат гиранд”, - таъкид кард Матвиенко.

Ӯ дар охир зарбулмасали тоҷикиро зикр намуд, ки аз як даст садо намебарояд ва илова намуд, ки имрӯз дар Маскав аз ҳарду тараф дастҳо фароҳаманд ва бояд талош кард, то ҳарчи бештар садо ҳосил шавад.

613
Барчаспҳо:
парлумон, мулоқот, Валентина Матвиенко, Тоҷикистон, Русия