Окрестности города Душанбе с высоты

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мешавад

66
(Таҷдидшуда 14:29 07.11.2020)
Ин масъаларо сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ бо кафили Вазорати фарҳанги Озарбойҷон Анар Каримов баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Дар Боку мулоқоти сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ бо кафили Вазорати фарҳанги Озарбойҷон Анар Каримов баргузор гардид.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ВУХ, дар мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ байни ду кишвар баррасӣ шудааст.

Нигаронии Маҳмудзода аз вазъи ноороми Қарабоғи Кӯҳӣ

"Аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон, ташкили сафарҳои ҳунарӣ, ба намоиш гузоштани балет ва барномаҳои консертии муштарак бо иштироки ҳунармандони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар хабарнома.

Додситони кулли Озарбойҷон бо сафири Тоҷикистон вазъи Қаробоғро баррасӣ карданд

 

66
Барчаспҳо:
Рӯзҳои фарҳангӣ, Тоҷикистон, Озарбойҷон
Яйца. Архивное фото

Баҳси тухм дар парлумон: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархро шарҳ дод

43
(Таҷдидшуда 18:35 02.12.2020)
Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" аз раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостанд, то болоравии нархи маҳсулотро шарҳ диҳад

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Абдумаҷид Муъминзод, имрӯз зимни ҷаласаи парлумонӣ дар ҳузури вакилон гуфт, болоравии нархи баъзе маҳсулот аз моҳи октябр оғоз шуд.

Ӯ аз ҷумла тухми мурғро мисол оварда гуфт, ки он ба омилҳои беруна рабт дорад.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби Хадамот дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе санҷишҳо гузаронида шуд ва аз тамоми фабрикаву корхонаҳое, ки ба истеҳсоли тухм машғуланд тамоми хароҷоти онҳоро қабул кардем, ки тибқи таҳлилҳо он ба омилҳои беруна бастагӣ дорад.

Муъминзод гуфт, таҳлилҳое низ доранд, ки ба ҳукумат ҳам пешниҳод кардаанд, ки на танҳо дар дохили кишвар нархи он гарон аст.

“Агар имрӯз дар бозори дохилии кишвар 1 дона тухм 1 ва ё 1 сомониву 10 дирам ба фурӯш бароварда шавад дар дигар кишварҳо аз ҷумла дар Ӯзбекистон як ячейка тухм 35-40 сомонӣ арзиш дорад”.

Ӯ гуфт, агар нархи маҳсулот беасос боло бурда шавад, тибқи қарори ҳукумат аз сӯйи давлат танзим карда мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода,  вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби демократӣ гуфт, агар гӯшт ё тухмро аз хориҷа ворид кунем, аз нархи тухм ва гӯшти мурғи Тоҷикистон арзонтар мефарояд.

Ба гуфтаи вакили парлумон, барои воридот имтиёзҳои зиёд аст ва соҳибкорон аз бисёр уҳдадориҳо озод шудаанд, аммо ворид карда наметавонанд.

Дастури Раҳмон барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо

Гароншавии нарх аз ҷумла ба маводҳои ниёзи аввалия, аз қабили шакару равғану тухм ва орд дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамарӯза дар расонаҳо ва ё миёни корбарон баҳс мешавад.

Мақомоти тоҷик бошад сабаби онро ё дар камбуди истеҳсоли он ва ё болоравии нарх дар кишварҳои воридкунанда арзёбӣ мекунанд. 

43
Барчаспҳо:
нарх, парлумон, тухми мурғ, Тоҷикистон

Муаррифии ваксинаи "Sputnik V" –и Русия дар СММ

39
(Таҷдидшуда 17:32 02.12.2020)
Федератсияи Русия аз нахустин кишварҳои созандаи ваксинаи зидди коронавирус дастовардашро дар СММ муаррифӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Имрӯз дар Созмони Милали Муттаҳид намояндагии доимии Русия дар ин созмон ва Вазорати тандурустӣ ваксинаи Sputnik V-ро муаррифӣ мекунанд.

"Дар чорабинӣ роҳбари Вазорати тандурустии Федератсияи Русия, Михаил Мурашко, намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев ширкат меварзанд",-хабар медиҳад РИА Новости аз қавли сухангӯи намояндагии доимӣ Фёдор Стржижовский.

Номбурда гуфтааст, ки чорабинии маҷозии "Sputnik V: Ваксинаи зидди COVID-19" дар ҳошияи иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дар ин нишаст дар бораи ваксинаи сохти Русия маълумоти муфассал дода мешавад.

Моҳи август Вазорати тандурустии Русия нахустин ваксини зидди коронавирус дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмиву тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи якҷо бо Бунёди маблағгузориҳои мустақими Русия коркард кардааст. Ба он номи "Спутник V"-ро доданд. Доруро дар ду марҳила бо фосилаи се ҳафта мегузаронанд. 

Навбат барои дарёфти ваксинаи Русия: Урупо бойкот мекунад - видео

Гуфта мешавад, ваксина аз санҷиш пурра гузашта, афзалиятҳои асосии он, бехатарӣ, самаранокӣ ва набудани оқибатҳои манфии дарозмуддат мебошанд.

Путин дар бораи 2 ваксинаи русии зидди COVID-19: сеюмаш дар ҳоли омодашавист

Ёдовар мешавем қаблан раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳамзамон ваксинаи дуввуми Русия низ омода шуда, сеюмаш дар роҳ аст.

39
Барчаспҳо:
вируси корона, дору, СММ, Русия