“Тухм диҳед”: тоҷирони ҳамсоя аз Тоҷикистон тухми мурғ мепурсанд

Обуна шудан
 Тоҷирони Ӯзбекистону Қирғизистон мехоҳанд аз Тоҷикистон тухм ворид кунанд. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз талаботи кишвар бароварда нашудааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ҷониби тоҷирони кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Тоҷикистон дархост гирифтаанд, ки барои воридоти тухми мурғ ба онҳо ҳамкорӣ шавад.

“Таври маълум, дар он кишварҳо қимати тухми мурғ дар қиёс бо Тоҷикистон баланд рафтааст ва рӯз ба рӯз баланд мешавад. Мо ҳоло ин пешниҳодҳоро меомӯзем”, - гуфт манбаъ.
Продукты питания, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гӯшт, шир ва тухм арзон мешавад? дар Суғд истеҳсолот афзоиш ёфт

Бино ба иттилое, ки Sputnik Тоҷикистон аз ҳамсӯҳбатони худ дар Қирғизистону Ӯзбекистон ба даст овард, дар ҳоли ҳозир, як дона тухми мурғ дар бозорҳои Тошканд то 1500 сӯм ё 14 сент (ҳудуди 1 сомониву 50 дирам) ва Бишкек то 10 сом ё 12 сент (муодили 1 сомониву 30 дирам) боло рафтааст. Ин ҳам ҳисобу китоб бо курси расмиест, ки дар он кишварҳо ҷорӣ шудааст.

Шакар – 7 сомонӣ: Комиссияи махсус ташкил шуд ва нархҳоро поин овард

Дар ҳамин ҳол, дар бозорҳои Тоҷикистон як қуттии 30 – донаии тухми мурғ аз 29 то 33 сомонӣ, як дона тухм аз 9,6 дирам то 1,1 сомонӣ, чизе камтар аз 10 сент арзиш дорад.

Қабл аз афзоиши нархҳо ва коҳиши қурби сомонӣ дар баробари доллар як дона тухм вобаста ба сифат 80 – 90 дирам харидорӣ мешуд.

“Агар содир кунем...”

Тибқи иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, тайи 9 моҳи соли равон дар кишвар 761 миллион дона тухми мурғ тавлид шудааст, ки дар қиёс бо кулли соли 2019 257 миллион дона зиёд аст.

Мадшокир Назаров, раиси "Саноати паррандапарварии Тоҷикистон", корхонаи тобеъи вазорати кишоварзӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели афзоиши тавлиди тухм дар кишвар қабл аз ҳама пурра аз тамоми намуди андозҳо озод шудани корхонаҳои парандапарварӣ аст.

“Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 2013 тамоми хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳоеро, ки ба истеҳсоли хӯроки омехтаи парранда ва чорво машғуланд, ба мӯҳлати то 12 сол аз пардохти ҳама гуна андозҳо озод карда буд. Ҳоло натиҷаи инро мо бо чашмони худ мебинем”, - гуфт Мадшокир Назаров.
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон
Баъди равғану шакар: ҷаҳиши нархи орд дар Панҷакент

Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2018 содироти тухми мурғ ба хориҷро манъ карда буд. Мадшокир Назаров мегӯяд, бо вуҷуди пешравиҳо тақозои бозори дохилии Тоҷикистон ҳанӯз бароварда нашудааст.

“Бино ба меъёрҳое, ки қабул шудаанд, бояд ҳар нафар дар Тоҷикистон 197 тухм дар сол истеъмол кунад. Аз рӯи ин ҳисоб, барои беш аз 9 миллион нафаре, ки ҳоло дар кишвар зиндагӣ мекунанд, бояд солона 1 миллиарду 700 миллион дона тухми мурғ истеҳсол кунем. Ин фақат талаботи худи мост. Дар ҳоли ҳозир, агар содир кунем, нарх дар бозори дохилӣ боло меравад”, - гуфт раиси "Саноати паррандапарварии Тоҷикистон".

Дар ҳамин ҳол, як масъули корхонаи паррандапарварӣ дар ноҳияи Файзобод, ки нахост номаш зикр шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сабукиҳое, ки ҳукумат барои соҳаи паррандапарварӣ дод, кори онҳоро осон ва тавлидашонро беҳтар кардааст, аммо авомили дигаре ҳастанд, ки аз ҳукумат вобастагӣ надоранд.

Чаро нархҳо боло рафтанд? – шарҳи муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо

“Агар қаблан аз 1000 мурғ рӯзона 500 то 600 дона тухм мегирифтем, ҳоло 970 дона мегирем. Мушкили тамоми корхонаҳои кишвар ин аст, ки хӯрокаи махсус - антибиотику витаминҳои мурғро аз корхонаҳои Аврупо ворид мекунем, ки бештаринашон ҳоло ба сабаби пандемия кор намекунанд. Ин ҳамаро аз Ӯзбекистон мехарем, ки он кишвар низ дар навбати худ аз Фаронсаву Олмон мехарад. Агар ин витамину антибиотикҳоро ба мурғ надиҳем, мисли мурғҳои хонагӣ дар чаҳор рӯз як тухм медиҳад”, - гуфт ӯ.

Як мурғ сари як нафар Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 2006 як барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ барои солҳои 2007-2015 – ро рӯи даст гирифта буд. Тибқи иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 170 корхонаи паррандапарварӣ бо технологияҳои Эрон, Туркия, Русия, Чин ва Украина фаъолият доранд, ки аз ин 47 адад пурра бо истеҳсоли гӯшти мурғ машғуланд ва бақия омехта – ҳам гӯшт ва ҳам тухм - тавлид мекунанд.

Ифтитоҳи коргоҳи нави ҳасиббарории ширкати “Азизи” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар умум, бино ба ин манбаъ, дар 9,7 миллион мурғ дар ин корхонаҳо парвариш меёбанд, ки қариб ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон як адад рост меояд. Зимнан, бино ба иттилои вазорат, тайи 9 моҳи соли равон дар кишвар 16 ҳазору 700 тон гӯшти мурғ тавлид шудааст, дар ҳоле ки ин рақам дар тамоми соли гузашта 14 ҳазор тон буд. Қимати гӯшти мурғ дар бозорҳои Тоҷикистон тайи бардорузанҳои ахири нарху навоҳо тағйири чандоне нахӯрдааст. Қаблан як кило гӯшти мурғ 20 сомонӣ буд, ҳоло 22.

Лентаи хабарҳо
0