Ссора, архивное фото

Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун

125
(Таҷдидшуда 16:54 07.11.2020)
Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун ҷудошавии оилаҳо аз 8 то 12 ҳолат афзоиш ёфта бошад, бастани ақди никоҳ аз 120 то 230 ҳолат коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Сомонаи рӯзномаи “Фараж” дар истинод ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷайҳун хабар додааст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 88 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат зиёд мебошад.

Манбаъ қайд кардааст, ки аз шумораи ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияи Ҷайҳун 78 ҳолати он бо ҳалномаи суд ва 10 ҳолати дигар бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд, бекор шудаст, ки баъди он 47 кӯдак аз тарбияи падарони худ маҳрум монда, зери парастории модарон боқӣ монданд.

Инчунин ҳолат дар ноҳияи Қубодиён низ мушоҳида шудааст.

Тибқи иттилои бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Қубодиён, дар ин давра 101 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 8 ҳолат бештар аст.

Манбаъ зикр кардааст, ки аз ин шумора 86 ҳолати он бо ҳалномаи суд ва 15 ҳолати дигар бо розигии ҳамсароне, ки фарзанд надоранд, бекор шуда, 110 кӯдак аз тарбияи падарони худ  маҳрум мондаанд.

Гуфта шудааст, ки сабаби аслии  пошхӯрии оилаҳо ин ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, хушунати хонаводагӣ, истифодаи нодурсти телефони мобилӣ ва дигар сабабҳо мебошанд.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар ҳарду ноҳия агар ҷудошавии оилаҳо зиёд шуда бошад,  бастани ақди никоҳ кам шудааст. Дар ноҳия Қубодиён 915 оила ақди никоҳ бастаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 ҳолат ва дар ноҳия Ҷайҳун 678 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати 9 моҳи соли 2019-ум 121 ҳолат кам мебошад.

125
Барчаспҳо:
афзоиш, ноҳияи Ҷайҳун, ақди никоҳ, оила, ҷудошавӣ, Қубодиён, Тоҷикистон
День 2 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

18
(Таҷдидшуда 19:32 01.12.2020)
Рӯзи дуюми декабр Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот, Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ ва дар Яман –Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 2 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1731 дар натиҷаи заминҷунбӣ қисмати зиёди Пекин хароб гардида, бештар аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1804 — Наполеон I Бонапарт худро подшоҳи Фаронса эълон кард.

Репродукция портрета Наполеона, написанного неизвестным художником в конце XIX века
© Sputnik / Александр Поляков
Репродукция портрета Наполеона, написанного неизвестным художником в конце XIX века

Соли 1872 дар шаҳри Глазгои Шотландия аввалин мусобиқаи расмии байналмилалӣ оид ба футбол баргузор гардид.

День 1 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1876 соҳибкор ва ихтироъкор Павел Николаевич Яблочков барои ихтироъ кардани трансфроматор патент ба даст овард.

 

Соли 1922 Ташкилоти байналмилалии кумак ба ҷанговарони инқилобӣ таъсис дода шуд.

Соли 1966 Барбадос истиқлолият ба даст овард.

Соли 2001 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия саммити ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

Рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Фаронса дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим, ки ба мушкили бузурги сайёра — тағйирёбии иқлим бахшида шуд, суханронӣ карданд.

День 29 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон баъд аз анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Венгрия бо сафари расмӣ ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия рафтанд.

Соли 2012 котибони матбуотӣ ва роҳбарони маркази матбуотии вазорату идораҳои мамлакат ташкилоти ҷамъиятии худ – Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.

Соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри  Минск иштирок намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр

  • Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот
  • Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ
  • Дар Яман –Рӯзи истиқлолият

Рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1894 года – гурғулисарои тоҷик Ҳикмат Ризо.

Соли 1933 года – ҳунарманди сирк, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Пирназар Юсуфов.

Рӯзи 2 декабр кӣ даргузашт

Соли 1940 — Николай Колтсов (соли таваллуд 1872), биолог, асосгузор ва директори Донишгоҳи биологияи озмоишӣ.

Соли 1969 — Климент Ворошилов (соли таваллуд 1881), корманди низомӣ, ходими давлатӣ, яке аз аввалин маршалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ.

18
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Хонандагони мактаб

Соҳибкоре дар дурдасттарин деҳаи Мастчоҳ бинои нави таълимӣ бунёд кард

96
(Таҷдидшуда 19:59 01.12.2020)
Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни ифтитоҳи мактаб ба соҳибкор, роҳбари ҶДММ "Роҳи Сомон" Амонов Фаррух барои бунёди бинои нав изҳори сипос намуд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бинои нави мактаби №18-и деҳаи Деҳҳавзи Ҷамоати деҳоти Лангар ба баҳрабардорӣ расид.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, ин иншоот аз ҷониби соҳибкор Фаррух Амонов бунёд гардидааст. 

"Бинои нави таълимӣ дорои 6 синфхона бо 110 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омўзгорон буда, бо тамоми таҷҳизот таъмин гардидааст", - омадааст дар хабарнома.

Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни ифтитоҳи мактаб, аз сиёсати маорифпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба соҳибкор, роҳбари ҶДММ "Роҳи Сомон" Амонов Фаррух барои бунёди бинои нав изҳори сипос намудааст.

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

Деҳҳавз яке аз дурдастарин деҳаҳои ноҳияи Куҳистони Масчтоҳ буда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангар қарор дорад.

Манбаъ афзуда, ки бинои нави мактаб дар доираи бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.

96
Барчаспҳо:
нав, бунёд, мактаб, Мастчоҳ