День 9 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 9 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

142
(Таҷдидшуда 18:52 08.11.2020)
Рӯзи нӯҳуми ноябр Рӯзи байналмилалии мубориза бо фашизм  ва нажодпарастӣ буда, дар Камбоҷа- Рӯзи истиқлолият ва дар Озарбойҷон – Рӯзи парчами давлатӣ мебошад

Рӯзи 9 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1918 дар Фаронса аввалин шумораи рӯзномаи "Роте Фане" нашр шуд.

Соли 1951 ИМА аввалин маротиба санҷиши зеризаминии бомбаи атомӣ гузаронид.

День 5 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1956 Ассамблеяи конститутсионии Ветнами Ҷанубӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 1963 дар Ҷопон дар натиҷаи таркиши кон наздик ба 450 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1992 Шартнома оид ба мусаллаҳшавии муқаррарӣ дар Урупо ба кор оғоз кард.

Рӯзи 9 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2007 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи ифтитоҳи Консулгарии Генералии Тоҷикистонро дар шаҳри Екатеринбург имзо кард.

Ҷашнҳои рӯзи 7 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2008 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон оғоз гардида, 4 рӯз идома ёфтанд.

Соли 2010  дар шаҳри Душанбе Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Маскав ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

Соли 2011 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.

День 4 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2012 масъалаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркия муҳокима шуд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Соли 2017 мунтахаби то 19-солаи футболи Точикистон  таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи "В" дастаи мунтахаби то 19-солаи Узбакистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба сабқати муҳташами қора роҳхати мустақим ба даст овард.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди як қатор иншооти соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Варзоб санги асос гузошт.

Ҷашнҳои рӯзи 9 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо фашизм  ва нажодпарастӣ.
  • Дар Камбоҷа- Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи парчами давлатӣ.

Рӯзи 9 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1917 – кинорежиссёр, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Абдусалом Рахимов.

Соли 1937-2010 – Қаҳрамони 13 каратаи ИҶШС оид Иброҳим Ҳасанов.

Соли 1942 – композитор, раиси ҷамъияти Олмон - Тоҷикистон Фирӯз Баҳор.

Соли 1947 – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ғолиб Исломов.

Соли 1951 – раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳаров.

Соли 1955 – сароянда ва композитор Маҳмадалӣ Увалов.

142
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Тақсими ниқобҳои ройгон дар шаҳри Душанбе

Ҳар рӯз 1000 ниқоб: табибони ҷавони Душанбе ройгон ниқоби тиббӣ тақсим мекунанд

29
(Таҷдидшуда 20:06 04.12.2020)
Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди табибони ҷавон" дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе ҳар рӯз 1000 донаӣ ниқоби тиббии ройгон тақсим мекунанд

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар Душанбе бо мақсади пешгирии бемории каронавируси нави COVID-19 бо шаҳрнишинон суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, ин иқдом тибқи дастури роҳбарияти Мақомоти шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии  "Иттиҳоди табибони ҷавон" гузаронида шудааст.

Тақсимоти ниқобҳои тиббӣ дар шаҳри Душанбе
Тақсимоти ниқобҳои тиббӣ дар шаҳри Душанбе

Гуфта мешавад, ки онҳо дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе бо сокинон суҳбат ва вохуриҳо доир карда, ба онҳо ройгон ниқобии тиббӣ тақсим кардаанд.

Зебову боҳашамат: заргаре дар Туркия ниқобҳоро аз тилло омода мекунад - навор

"Чорабинии мазкур дар мавзеъҳои гуногуни шаҳри Душанбе, ба вижа миёни истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ сурат гирифт, ки дар рафти он аз ҳисоби табибони ҷавон ба аҳолӣ бобати зарурати истифодаи ҳатмии ниқоб ва риоя ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, вохуриҳо доир гардид", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар рафти иқдоми пешгирифта беш аз 1000 адад ниқоби тиббӣ  ба аҳолӣ тақдим карда шуда, чунин ташаббус аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди табибони ҷавон" ҳамарӯза дар ҷойҳои серодам гузаронида хоҳад шуд.

29
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Врач определяет сатурацию у больной пациентки

Омори COVID -19 дар Тоҷикистон: 41 кас мариз шуданду 40 нафар шифо ёфтанд

52
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус дар ҷумҳуриро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид.

Ҳамакнун шумораи умумии гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 349 нафар баробар шуд.

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон ба  11 ҳазору 758 нафар расидааст.

Коронавирус кам шуд: калонтарин бемористони Суғд баъди 7 моҳ ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

Манбаъ меафзояд, аз замони авҷ гирифтани коронавирус дар Тоҷикистон, дасти кам 87 бемор ҷон аз даст доданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

52
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Филиал МГУ в Душанбе. Архивное фото

Таъйини мудири нави бахши душанбегии Донишгоҳи давлатии Маскав

0
(Таҷдидшуда 23:40 04.12.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат дар раёсати бахши тоҷикистонии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат,  Мирзоев Сайаъло Ҳабибуллоевич, ки аз аввали соли 2015  ба ҳайси мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе кор мекард, аз вазифа озод карда шуд.

Дар қарор далели барканории Сайъало Мирзоев гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ӯ чӣ вазифа мегирад.

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар ба медали "Сергей Есенин"-и Русия сазовор шуд

Бо қарори дигари  Ҳукумат, Ғаниев Рустам Ғафурович мудири иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав  ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбо соли 2009 бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, феълан яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

0
Барчаспҳо:
донишгоҳ, Душанбе, Тоҷикистон