Ҷашнҳои рӯзи 11 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

156
(Таҷдидшуда 20:05 10.11.2020)
Рӯзи ёздаҳуми ноябр дар Канада – Рӯзи ёдбуд, дар Ангола ва Полша – Рӯзи истиқлолият ва дар ИМА – Рӯзи собиқадорон таҷлил мешавад

Рӯзи 11 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1918 Ҷанги якуми ҷаҳонӣ анҷом ёфт.

Соли 1940  аввалин маротиба мошини тамғаи "Ҷип" бароварда шуд.

 

Джип Rover Defender. Архивное фото
Джип Rover Defender. Архивное фото

Соли 1973 миёни Миср ва Исроил шартномаи сулҳ ба имзо расид.

 

Рӯзи 11 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаи ҳамкории ҳарбӣ барои соли 2010 ба имзо расид.

Соли 2010 дар Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 10 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои молиявию иктишофии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

Соли 2016 дар Минск ансамбли рақсии "Зебо" дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус, ки 4 рӯз идома ёфт,  ҳунарнамоӣ кард.

 

Ансамбли рақсии Зебо дар Истамбул
Сурайё Хонова
Ансамбли рақсии "Зебо" дар Истамбул

Соли 2016 дар Австрия форуми Тоҷикистону Австрия "Имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон" доир шуд.

 

Соли  2016 Эмомалӣ Раҳмон дар Намоиши байналмилалии "Рассомон барои сулҳ" таҳти унвони "Дурдонаҳои Роҳи абрешим" иштирок ва суханронӣ намуданд.

Соли 2019 дар доираи ширкат дар чорабиниҳои ҳамоиши Порис оид ба Сулҳ суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Фаронса.

 

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш

Соли 2019 Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оқохони lV дар ҳамоиши Порис оид ба Сулҳ ширкат кард.

 

 

Президент Франции Эмманюэль Макрон приветствует принца Ага-Хана IV
Президент Франции Эмманюэль Макрон приветствует принца Ага-Хана IV

 

Ҷашнҳои рӯзи 11 ноябр

  • Дар Канада – Рӯзи ёдбуд.
  • Дар Ангола – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Полша – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар ИМА – Рӯзи собиқадорон.

Рӯзи 11 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1956 года – нависанда Марямбонуи Фарғонӣ.

156
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Медицинские работники в инфекционной больнице

36 кас мариз шуданду 42 тан шифо ёфтанд: омори коронавирус дар Тоҷикистон

35
(Таҷдидшуда 20:22 26.11.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронавирус мавориди фавт ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 12044 нафар баробар гардид.

Манбаъ ҳамзамон аз шифоёбии 42 нафар пас аз табобат гирифтан хабар медиҳад. Ҳоло теъдоди умумии шифоёфтагон аз коронаиврус ба 11 437 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон аз маризии коронавирус 86 нафар ба ҳалокат расиданд.

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Зимнан, вазорати мазкур аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

35
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сангрезӣ дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Айнӣ ба болои як деҳа сангпора сарозер шуд

415
(Таҷдидшуда 18:46 26.11.2020)
Дар деҳаи Шурмашки ноҳияи Айнӣ аз баландии 250 метр ба болои деҳа сангпора сарозер шуд, ки як сокини маҳаллиро бе хонаву дар гузошт

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 ноябр тақрибан соати 12:45 дақиқа рух дод.

Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодисаи нохуш, манзили як сокини маҳаллӣ, Бердиев Самариддин сахт зарар дидааст. 

Гуфта мешавад, бо дастрас кардани хабари мазкур наҷотбахшон зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

Тарма ва сангрезӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар робита ба хароб гардидани манзили истиқоматии Самариддин ва дар ҷойи хавфнок ҷойгир буданаш, оилаи зарардидаро ба бинои мактаби деҳа интиқол доданд.

Феълан, комиссия санад ва маълумотнома тартиб дода, барои чораҷӯи ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пешниҳод намуд.

415
Барчаспҳо:
сангрезӣ, Айнӣ
Сохтмон, акс аз бойгонӣ

Чаро сохтмони мактаб 13 сол боз ба охир намерасад?

20
(Таҷдидшуда 20:31 26.11.2020)
Дар ноҳияи Ҷайҳун мактабе, ки сохтмонаш соли 2007 оғоз шуд, ҳанӯз ҳам анҷом наёфтааст. Дар мақомоти давлатӣ яке мегӯяд, ин муассиса соли оянда ва дигаре мегӯяд, соли 2023 ба истифода дода мешавад

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Мактаби нотамом, ки сохтмонаш 13 сол қабл оғоз шудааст, барои 624 хонанда пешбинӣ гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли Холмуҳаммад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон хабар додааст, ки ин муассиса бояд соли 2015 мавриди истифода қарор мегирифт, аммо ба далели камбуди маблағ ба таъхир афтод.  Арзиши умумии сохтмон зиёда аз 21 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст.

“Аз соли 2007 барои сохтмони мактаб 9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои пурра ба анҷом расидани корҳо боз 12 миллион сомонии дигар лозим аст. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки марҳила ба марҳила боқимондаи маб­лағро ҷудо намояд”, - гуфт Холмуҳаммад Одинаев.

Раҳматуллозода тавзеҳ дод, ки чаро дар Душанбе биноҳои 2-4 ошёна тахриб мешаванд

Абдулвоҳид Саъдуллозода, сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон, изҳор доштааст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур идома дорад.

“Соли 2020 бо ин мақсад 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, мактаб, тибқи нақша, бояд соли 2021 ба истифода дода шавад”, - омадааст дар матлаб аз қавли Саъдуллозода.

Аммо  сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Холмуҳаммад Одинаев изҳор доштааст, ки корҳои сохтмонӣ соли 2023 ба охир мерасанд.

20
Барчаспҳо:
сохтмон, мактаб, Тоҷикистон