Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода аз номи кишоварзони ноҳия “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид.

"Муждаи зафар"-и раиси ноҳияи Спитамен ба Раҷаббой Аҳмадзода

235
Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода аз номи кишоварзони ноҳия “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Пахтакорони ноҳияи Спитамен нақшаи истеҳсоли пахтаро сарбаландона иҷро карда, ба хирман 13115 тонна пахта супоридаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

"Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода аз номи кишоварзони ноҳия “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид", - менависад манбаъ.

Кишоварзони ноҳияи Спитамен соли ҷорӣ дар 6015 гектар кишти пахтаро ба роҳ монда буданд. Нақшаи истеҳсоли пахта мувофиқи ноҳия 13100 тонна буд ва он то санаи 9 ноябр 100,1 дарсад иҷро гардид.

Мастчоҳи пешқадам: нақшаи истеҳсоли пахта аз 100 дарсад ҳам гузашт

Бояд зикр кард, ки соли равон дар вилоят истеҳсоли 129500 тонна пахта дар назар дошта шуда, то имрӯз навоҳии Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва ҳамакнун Спитамен нақшаро пурра иҷро намуданд.

Дар навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

 

235
Олимджон Бобоев

Собиқ вазир шарҳ дод, ки чаро Тоҷикистон андози "роҳ" -ро бекор намекунад

89
(Таҷдидшуда 10:05 04.12.2020)
Чаро бекор кардани андози "роҳ" барои якчанд сол мавқуф гузошта шуд ва мумкин аст боз ба таъхир гузошта шавад, шарҳ дод собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон Олимҷон Бобоев

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Бекор кардани андоз аллакай якчанд маротиба мавқуф гузошта шудааст, гуфт вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон Олимҷон Бобоев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай қайд кард, ки зарурати андози "роҳ" вуҷуд дорад, вагарна бекор кардани он ба таъхир намеафтод.

Вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки даст кашидан аз ин намуди пардохт зарур аст, зеро он аслан як намуди дигари андозбандиро такрор мекунад.

"Андоз барои истифодабарандагони роҳ ҳар сол тақрибан 400 миллион сомонӣ фоида меорад ва ин миқдори хеле калон аст, қариб ба 2% ММД баробар аст", - гуфт Бобоев.

Коршинос пешниҳод кард, ки вобаста аз вазъи иқтисодӣ, бекор кардани андоз барои ронандагон метавонад бори дигар мавқуф гузошта шавад, зеро "барои амалисозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ маблағҳои калони буҷа лозиманд.

Давлатзода гуфт, бақияи қарзи андоз аз 1 миллиард гузашт

Ёдовар мешавем чанд рӯз қабл лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Ин тарҳ бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард таҳия гардидааст.

 

89
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ бо як қарор фонди қарзии хурди “Файзи Сурхоб”-ро барҳам дод

53
(Таҷдидшуда 01:43 04.12.2020)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз барҳамхурии боз як ташкилоти қарзии хурд хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди  “Файзи Сурхоб” хабар дод.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон, раёсати Бонк бо қарори навбатӣ таҳти №156 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8, 9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи ФҚХ “Файзи Сурхоб” бозхонд карда шуд.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки қарори раёсат дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ санаи аз 01 декабри соли равон қабул шудааст.

Ин ниҳод сабаби бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзиро шарҳ надодааст.

Беш аз 22 миллиард: Нуралиев дороии ҳамаи ташкилотҳои молиявии кишварро гуфт

Ёдовар мешавем, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран бо як қарор иҷозатномаи ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар”-ро бозхонд кард.

53