Иҷмоъи минтақаӣ: Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон меояд

© AP / STRАбдулла Абдулла со сторонниками, на церемонии приведения к присяге на пост президента Афганистана в Кабуле
Абдулла Абдулла со сторонниками, на церемонии приведения к присяге на пост президента Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ба Тоҷикистон меояд. Ин сафар бояд моҳи гузашта сурат мегирифт, аммо ба таъхир афтода буд

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Дар дафтари Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз сафари Тошканду Ишқобод ва Анқара озими Душанбе хоҳад шуд.

“Ҳанӯз санаи сафар маълум нест. Аммо ба ҳамин зудӣ анҷом хоҳад гирифт, зеро ин силсиласафари раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон бояд моҳи гузашта анҷом мешуд ва ба таъхир афтод”, - гуфт манбаъ.
Абдулла Абдулла со сторонниками, на церемонии приведения к присяге на пост президента Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Теҳрон сафар кард

Шоми рӯзи гузашта, 10 ноябр, ҳайате таҳти сарварии Абдуллоҳ Абдуллоҳ вориди шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон шуд.

Бино ба иттилои дафтари Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, қарор аст Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва дигар раҳбарони он кишвар мулоқот кунад.

“Дар ин мулоқотҳо қабл аз ҳама ҳамкории Афғонистону Ӯзбекистон дар раванди овардани сулҳ ба Афғонистон ва дигар самтҳои ҳамкории миёни ду кишвари ҳамсоя баррасӣ мешаванд”, - гуфт манбаъ.

Ӯзбекистон яке аз кишварҳои фаъол дар раванди сулҳи Афғонистон аст. Ҳанӯз моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Тошканд конфронси байнулмилалӣ дар масъалаи Афғонистон баргузор шуда буд.

Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад

Моҳи сентябри соли равон Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, дар сессияи 75-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки як кумитаи вижа дар ин созмон ба манзури мусоидат ба рушди иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон таъсис ёбад.

Бино ба иттилои дафтари Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор аст пас аз Ӯзбекистон ба Туркманистон, Туркия ва Тоҷикистон сафари корӣ анҷом диҳад.

“Ҳадаф аз ин сафарҳо ба вуҷуд овардани як иҷмоъи минтақаӣ дар масъалаи сулҳи Афғонистон аст. Кишварҳои минтақа ҳамеша ҳамкори мутмаини Афғонистон буданд ва қабл аз ҳама ба сулҳу оромиш ва амнияту суботи минтақа манфиатдоранд”, - гуфтанд дар дафтари Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон.

Бино ба ин манбаъ, ин силсиласафарҳои Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор буд даҳаи дуюми моҳи октябри соли равон анҷом ёбанд, аммо ба далоили номаълум ба замони дигар мавқуф гузошта шуда буданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ бозгашти “низоми иморати Толибон”- ба Афғонистонро рад кард

“Таърихи сафари раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Ишқободу Анқара ва Душанбе ҳоло мушаххас нашудааст, аммо қарор аст ба ҳамин зудӣ то охири моҳи равон анҷом ёбанд”, - гуфт манбаъ.

12 сентябр дар шаҳри Доҳаи Қатар музокироти байнулафғонӣ шуруъ шуданд, ки гуруҳи Толибон аз як сӯ ва ҳукумати Афғонистон аз сӯи дигар дар он ширкат доранд.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ раҳбарии ҳайатеро ба зимма дорад, ки аз ҳукумату мардуми Афғонистон намояндагӣ мекунад. Қабл аз ин ӯ ба Покистон, Ҳинд ва Эрон низ сафар карда буд.

Лентаи хабарҳо
0