Гилаи раиси Кумитаи андоз аз зиёд нашудани маош ва ҷойҳои корӣ

© © Sputnik / Амир ИсаевГлава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гила кард, ки маош дар кишвар дар сатҳи зарурӣ боло нарафта, дар бархе ташкилот коргарон ихтисор шуда истодаанд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Давлатзода зимни баҳси иҷрои буҷаи давлатӣ тайи 9 моҳи соли равон, дар парлумон гуфт, музди меҳнат афзоиш наёфта, дар бархе корхонаҳо теъдоди кормандон кам шуда истодаанд.

Посадка пассажиров в автобус, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қабули қонун: ҳаҷми ҷарима барои напардохтани роҳкиро эълон шуд

“Дар натиҷаи дар сатҳи зарурӣ афзоиш наёфтани музди меҳнат ва кам гардидани шумораи коргарон дар баъзе аз корхонаю ташкилот аз ҳисоби андози даромад ва андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 101 миллион сомонӣ ва 113 миллион сомонӣ кам ворид шуд”, - гуфт раиси Кумитаи андоз дар шарҳи кам ворид шудани маблағ ба буҷа.

Вакил: маоши миёнаи 1 корманд имсол 1341 сомонӣ буд

Машраб Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия зимни шарҳи нишондодҳои иқтисодӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ гуфт, музди меҳнати миёнаи ҳармоҳаи номиналии як корманд 1341,36 сомониро ташкил дод. Ба гуфтаи вакил, афзоиши номиналии маош 1 фоизро ташкил додааст.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони бонк баландтарин маош мегиранд: пасттаринро кӣ?

Тибқи иттилои расмӣ, ки нашрияи парлумонии “Садои мардум” нашр кардааст, аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ, воридоти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, буҷети давлатӣ, тибқи нақша, ба андозаи 92,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 8 миллиарду 143,3 миллион сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 7 миллиарду 497,0 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 646,0 миллион сомонӣ кам мебошад.

Раиси Кумитаи андоз дар шарҳи кам шудани даромади буҷа, гуфт дар пайи нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ ва пастравии даромаднокии корхонаҳои калони саноатӣ, коҳишёбии захираҳои молиявии андозсупорандагон ва қобилияти харидории шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми иҷрои корӣ ва хизматрасониҳо, гардиши савдои чакана, ихтисор шудани ҷойҳои кории мавҷуда дар баъзе аз корхонаҳо, сол аз сол зиёд шудани имтиёзоти андозӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон, ҷамъоварии андоз тадриҷан мураккаб гардида истодааст. Аз ин ҷост, ки иҷрои нақша таъмин нашуд, гуфт Давлатзода.

Лентаи хабарҳо
0