Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Рӯзҳои парвоз аз Душанбе ба Стамбул маълум шуд: ҷадвал

365
Оғоз аз 27 ноябри соли равон ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Стамбул-Душанбе ҳар рӯзи ҷумъа парвоз мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ширкати "Сомон Эйр" санаҳои парвозҳои зимистонаро аз Душанбе ба Стамбул эълон кард, хабар доданд аз дафтари матбуоти ширкат.

 Парвозҳо мунтазам рӯзҳои ҷумъа анҷом дода хоҳанд шуд. Саоати парвоз аз Душанбе ба Стамбул 06:20 ва аз Стамбул ба Душанбе 11:05 гуфта мешавад.

Парвоз 5 соату 20 дақиқа идома меёбад. Наздиктарин хатсайр аз Душанбе ба шаҳрҳои бузурги Туркия рӯзи 27 ноябр сурат мегирад.

"Сомон Эйр" афзудаст, ки талабот ба мусофирон доштани маълумотнома дар бораи гирифтор набудан ба бемории коронавирус аст. Дар ҳоле ки ташхис на зиёдтар аз 72 соат пеш аз парвоз бояд супурда шуда бошад.

"Санад бояд асл бошад, аз ҷониби ташхисгоҳе бошад, ки ба фоъолияташ дар кишвар расман иҷозат гирфтааст ва дорои мӯҳри муассиса мебошад. Нафарони гирифтори коронавирус ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд", - таъкид кардааст ширкат.

Ба ҳавопаймо нафаронеро, ки табашон баланд аст ва ё дигар нишонаҳои бемориро доранд, роҳ дода намешавад.

Тоҷикистону Русия барқарорсозии парвозҳои мунтазамро баррасӣ карданд

Афзун бар ин, дар Стамбул шаҳрвандон маҷбуранд, ки дубора дар бораи надоштани бемории коронавирус маълумотнома гиранд. Ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон ин маълумотнома ба кӯдакони то 3-сола лозим нест.

Ба дохили кабини ҳавопаймо гирифтани ноутбук ва сумкаҳои кӯдаконаву занона иҷозат дода мешавад.

Дигар ашёҳоро бояд ҳамчун бағоҷ ба қайд гирифт.

365
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Шӯрои уламо фатвои мурдаҳои бе намози ҷаноза гӯронидаро дод

1990
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қабр гузоштани майит бидуни хондани намози ҷаноза мусалмонон чи кор карда метавонанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Шӯрои уламои Маркази  исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбараш гуфтааст, ки дар ҳолати гӯронидани мурдае бидуни хондани намози ҷаноза чи кор метавон кард.

Усмон ном корбаре аз уламои Маркази исломии Тоҷикистон пурсидааст: агар нафаре аз касалии гузаранду фавтад, бе хондани намози ҷаноза гӯрониданаш ҷоиз аст.

"Шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ӯро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?", - навиштааст вай.

Дар посух Шуро роҳи адои ин намозро дар ҳолати зикргардида нишон додаанд.

Ба гуфтаи улумои дин, он намозро метавон пас аз гӯронидан дар сари қабр адо кард.

"Намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ў хонда мешавад", - омадааст дар посухи онҳо.

Пештар сокинони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доштанд, нафарони дар пайи сироят аз коронавирус фавтидаро бе хондани намози ҷаноза ба қабр мегузоранд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст.

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

"Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст", - омадааст дар дастурамали кумита.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

 

1990
Жители Душанбе на улице в масках

Вазорати тандурустӣ: 41 нафарро пас аз табобат аз коронавирус рухсат додем

72
(Таҷдидшуда 20:57 03.12.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави коронавирусро нашр кард. Ниҳод қайд кардааст, ки дар як рӯз дар муассисаҳои тандурустии кишвар 41 нафар пас аз шифо ёфтан аз КОВИД ба манзилҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Гуфта мешавад, шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

"Дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 3 декабр 12308 ҳолатро ташкил медиҳад", - менависад вазорати тандурустӣ.

Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11718 (95,2%) баробар гардидааст.

Омори фавт аз беморӣ бетағйир аст. Бар асари ин беморӣ 87 нафар даргузаштаанд.

Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи ноябр

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

72
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Вазорати тандурустии ҶТ