Герб и флаг Таджикистана в Джабборском Расуловском районе

Гузоштани лавҳаи хотиравӣ барои сержант Амонов: бар зидди гурӯҳи Худойбердиев ҷангида буд

905
(Таҷдидшуда 11:06 15.11.2020)
Писари Маҳмадамон Амонов, Комил Амонов низ дар пайравӣ ба касби падар дар сафи МКД кору фаъолият дорад. Ӯ дар вазифаи ваколатдори оперативии гурӯҳи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Зафаробод кор мекунад

ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Бо мақсади гиромидошти хотираи неки собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ, сержанти калони милитсия Амонов Маҳмадамон Комилович дар назди мактаби №10, ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки номбурда таҳсилдидаи ҳамин дабистон аст, лавҳаи хотиравӣ гузошта шуд.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар чорабинӣ, ки баҳри арҷгузорӣ ба хизматҳои Маҳмадамон Амонов доир гардид, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, омӯзгорону хонандагон ва аҳли пайвандони марҳум ширкат варзиданд.

Манбаъ афзуда, ки лавҳаи ёдгорӣ бо ташаббуси созмони ҷамъиятии "Сипарони Ваҳдат" ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик гузошта шуд.

Дар рафти чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Маҳмадамон Амонов 7-уми октябри соли 1966 дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Баъд аз хатми мактаби №10 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дохил шуда хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намудааст. Номбурда фаъолияти кории худро аз соли 1984 дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ оғоз ва дар самтҳои гуногуни ин мақомот то соли 1998, яъне то дами марг кор кардааст.

"Амонов соли 1998 зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷасорат нишон дода ба муқобили гурӯҳи мусаллаҳонаи Маҳмуд Худойбердиев мубориза мебарад ва дар ин набард қаҳрамонона ҳалок мегардад. Хизматҳои ӯ бо медалу Ифтихорномаҳои зиёд қадрдонӣ карда шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки дар идомаи чорабинӣ баромадкунандагон аз хислатҳои нек ва хизматҳои арзандаи ӯ ёдовари намуда, таъкид карданд, ки диловарию ҷоннисории чунин ҷавонон барои наслҳои оянда намунаи ибрат аст.

Лавҳаи ёдгорӣ барои сержант Амонов
Лавҳаи ёдгорӣ барои сержант Амонов

Айни замон писари Маҳмадамон Амонов, Комил Амонов дар пайравӣ ба касби падар дар сафи МКД кору фаъолият дорад ва идомадиҳандаи касби падар будан барои ӯ мояи ифтихор аст.

Мавсуф соли 2014 ба факултети №4 Академияи ВКД дохил шуда, соли 2019 баъди хатми муассисаи олии таълимӣ дар вазифаи ваколатдори оперативии гурӯҳи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Зафаробод кору фаъолият дорад. Дорандаи рутбаи лейтенанти калони милитсия мебошад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ба хотири гиромидошти заҳмати диловарона ва ҷоннисории Маҳмадамон Амонов ба нафъи Ватан ва зиндаву ҷовид мондани номи ӯ дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов кӯчае низ ба номи ӯ гузошта шудааст.

Ҳамчунин дар мактаби №10-и ноҳия ҷиҳати тарбияи ватандӯстии хонандагон Гӯшаи ахтарони ба номи Маҳмадамон Амонов фаъолият мебарад.

905
Барчаспҳо:
маҳфили поси хотир, барчидани лавҳаи ёдгорӣ, Ҷаббор Расулов
свидетельства о рождении

Дар Тоҷикистон муҳлати ивази ному насаб кӯтоҳ шуд: ов-у ев аз байн меравад?  

37
(Таҷдидшуда 16:39 02.12.2020)
Лоиҳаи  қонун  “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони кишвар пурра ҷонибдорӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони кишвар, дар Тоҷикистон минбаъд  ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном  ва (ё)  номи падар дар муддати на дертар аз  як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда мешавад.

“Ҳамзамон дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок муҳлати баррасӣ намудани ариза  понздаҳ рӯз дароз карда мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки ивази ному насаб дар Тоҷикистон қаблан аз се то шаш моҳро дар бар мегирифт.

Зимни баргузории ҷаласа, Вазири адлияи Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид намуданд, ки лоиҳаи  мазкур бо мақсади кам намудани  муҳлати баррасии ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном, ва (ё) номи падар, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон зимни шарҳи лоиҳа гуфтааст, тағиротҳои пешниҳодшуда ба суръатбахшии бақайдгирии расмии тағйири номҳои шаҳрвандони кишвар равона шудааст.

Дар Тоҷикистон номгузориро бо пасвандҳои русӣ манъ карданд

Тибқи иттилои Ашуриён, ивази ному насаб соли 2015 тақрибан 26 ҳазор, 2016 - 29 ҳазор, соли 2017 - 26 ҳазор, соли 2018 - 38 ҳазор, соли 2019 бошад 40,5 ҳазор  ва давоми соли ҷорӣ 18 ҳазор шаҳрвандон ному насаби худро иваз кардаанд.

Ёдовар мешавем, баҳори соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро қабул намуд,  ки бар асоси он истифодаи пасвандҳои русӣ пурра манъ гардиданд. 

Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур дар амал ҷорӣ  намудани номгузории фарзандон дар доираи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ унвон шуда буд.

Ба иттилои манбаъ,  минбаъд пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар насаб истифода намудани пасвандҳои – ов, - ова, - ев , - ева ва дар номи падар истифодаи пасвандҳои - овна, - евна, - ович, - евич пурра манъ карда мешавад.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи қонун гуфт, ки ин нисбати он шахсоне, ки аллакай шаҳодатномаи таваллуд бо зикри “вич”, “ов”, “ев”, “ева”, “овна”-ро дар насаб ва номи падарашон гирифтаанд, татбиқ намегардад ва  бо худи ҳамон номҳо метавонанд шиноснома гиранд.

Номбурда гуфт, минбаъд дар насаби кӯдакони навзод ҳангоми додани шаҳодатнома ов, ова, ев, ева сабт карда намешаванд ва ба ҷойи он пасвандҳои "пур", "духт", пасвандҳои "ӣ", "зод", "зода", "он", "ён", "иён", "ёр", "ниёр", "фар" истифода шаванд.

Тағири насаб дар байни сокинони Тоҷикистон сар аз соли 2007 замоне оғоз шуд, ки президенти кишвар нахустин шуда насаби худро тағйир дод. Дар пайи ин иқдом ивази ному насаб дар мансабдорон сар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш бо кормандони илм ва фарҳангиёни кишвар боҳо ин масъаларо зикр карда гуфт, тоҷикӣ кардани ном ин  ҳам ҳисси миллӣ ҳисси вантандустиву ватанпарастии мардум ва аҳли зиёро нишон медиҳад вагарна ин беҳурматӣ нисбат ба миллату тамаддуни мардуми тоҷик аст.

Ӯ дар суҳбати ахираш оид ба ин мавзӯъ аз олимон эрод гирифта гуфта буд: “Олимон хафа нашавед, ман таҳлил кардам, 90 фисади олимони мо номи тоҷикӣ надоранд. Ҳоло он ки роҳбари давлат кард ин корро кард. Қонун як аст. Чаро аз тоҷикияти худ мо метарсем” ,- гуфт раисиҷумҳури кишвар.

Президент худро мисол оварда гуфт, роҳбари давлат номашро иваз кард, магар ягон чиз шудаст!

37

Путин дар бораи нақши муҳими Тоҷикистон таъкид кард

56
(Таҷдидшуда 16:23 02.12.2020)
Раисҷумҳури Русия дар бораи нақши муҳими Тоҷикистон дар бахши амниятӣ дар СААД ва минтақа таъкид кард

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни нишасти сарони Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки тариқи видеоӣ сурат гирифт, ба масъалаи амният дар минтақаи Осиёи марказӣ таъкид кард.

Путин қайд кард, ки Тоҷикистон дар минтақа нақши муҳим дорад.

“Мехоҳам таъкид кунам, ки Тоҷикистон дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, нақши муҳим дорад”, - гуфт Валадимир Путин.

Вай илова кард, ки Тоҷикистон дар ҷилавгирии қочоқи маводи мухаддир ва терроризм нақши муҳим дорад.

Владимир Путин афзуд, ки Русия дар оянда низ дар масъалаҳои амниятӣ  Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард. Аз ҷумла раисҷумҳури Русия гуфт, кишвараш ба Тоҷикистон то ҳадди имкон бо истифода аз имкониятҳои сохторҳои низомии Русия дар ин ҷумҳурӣ кумак хоҳад кард.

56
Барчаспҳо:
минтақа, СПАД, СААД, амният, Владимир Путин, Путин, Тоҷикистон