Тамрин барои наҷотдиҳӣ, акс аз бойгонӣ

Қадрдонии наҷотдиҳандагони КФҲ, ки як писари 17 - соларо аз худкушӣ наҷот доданд

154
(Таҷдидшуда 11:48 15.11.2020)
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои наҷоти ҷони писарбачаи 17 - сола аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, кормандони ин ниҳод ҳамарӯза бо мақсади самаранок иҷро намудани вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ва наҷоти ҷони инсонҳо бо тамоми вазорату идораҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, панҷ нафар наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Гузоштани лавҳаи хотиравӣ барои сержант Амонов: бар зидди гурӯҳи Худобердиев ҷангида буд

Гуфта мешавад, ки ин кормандон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсия қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пештар ин кормандон мактабхони 17-соларо, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот дода буданд.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, давоми нуҳ моҳи гузашта дар ҷумҳурӣ 193 ҳодиса табиӣ ба қайд гирифта шуда, дар 25 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар зарар расида, 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби наҷотдиҳандагони кумита 216 нафар наҷот дода шудаанд.

154
Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, қадрдонӣ, Хатлон, КҲФ
Арест, архивное фото

Либоси зимистонаву телефонашро аз танаш гирифтанд: ғорати ошкорои як мард дар Хуҷанд

45
Вазорати умури дохилиии Тоҷикистон аз боздошти ду марди қаблан судшуда хабар медиҳад, ки дар ғорати ошкорони марди дигар муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 47 ва 43-солаи сокинони шаҳри Истаравшан, ки қаблан низ суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, номбурдагон, санаи 25-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 22:00, дар бозори Панҷшанбе бо роҳи зӯроварӣ ва тариқи ошкоро аз тани марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, болопӯши зимистона, 715-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Хонор А-7”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҷавони 19-сола барои пинҳон намудани дуздии 10 сомонӣ ва гӯшии бесим мошинро оташ зад

Манбаъ мегӯяд, зарари ба ҷабрдида расонидашуда 1 ҳазору 995 сомониро ташкил медиҳад.

Боздошти ду ноболиғи 15 ва 16-сола барои дуздии мошин

ВУД мегӯяд, нисбати номбурдагон парванди ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

45
Барчаспҳо:
ғорат, Панҷшанбебозор, Хуҷанд, Тоҷикистон
Врач-инфекционист, Хапизов Шавкат Туланович

Маризони COVID-19-ро табобат мекарду худ аз он даргузашт: фавти табиби тоҷик дар Русия

283
(Таҷдидшуда 13:34 30.11.2020)
Ҳафизов Шавкат Туланович, яке аз табибони сироятшиноси шинохтаи тоҷик дар Русия дар синни 55-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар ин бора хоҳари Шавкат Ҳафизов Азиза Ҳафизова дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бародараш ду рӯз пеш аз бемории ҳамагири коронавирус ҷон дод.

Ба иттиллои манбаъ, марҳум аз табибони сироятшиноси шинохта буда, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мебошад.

“Бародарам пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон сар аз соли 1993 то 2015 ҳамчун табиби сироятшинос дар Душанбе дар беморхонаҳои “Якум советский” ва беморхонаи сироятии Зарафшон кор кардааст”,-гуфт, хоҳари марҳум.

Ӯ гуфт, бародараш тавассути барномаи кӯчбандӣ ё “Переселение” соли 2015 ба Русия бо оилааш кӯчид ва  то ин замон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Сосновскаи вилояти Тамбови Русия кор мекард.

Гуфта мешавад, номбурда яке аз муборизони зидди коронавирус буда, то дами охирин ба гирифторони ин беморӣ кӯмак мекард.

Бисёре аз ҳамкасбон ва он нафароне, ки табиб ба онҳо кӯмак кардааст, аз марги ӯ сахт андуҳгин шудаанд.

Татяна Яковлена, ки модарашро марҳум Ҳафизов табобат кардааст, навиштааст: "Мо ҳама ғамгинему мегирйем, зеро беҳтарин табиб аз бари мо рафт. Ӯ модари маро аз бемории илтиҳоби шуш наҷот доду худ аз ин беморӣ даргузашт".

Ҳамкори ӯ Надежда бошад аз ӯ беҳтарин инсон ёдовар шуда, гуфтааст: "Руҳат шод бод, Шавкат. Ту ба бисёр инсонҳо кӯмак кардӣ ва наҷоташон додӣ". 

Ҳафизов Шавкат соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба Дунё омада, 55-сол дошт.

Врач-инфекционист, Хапизов Шавкат Туланович
из личного семьи Шавката Хапизова
Врач-инфекционист, Хапизов Шавкат Туланович

Дар хона табобат мегирифт: даргузашти табиби маъруф Шарипов аз "илтиҳоби шуш" дар Суғд

“Ман бо бародарам ҳамкурсем. Ҳарду Донишгоҳи тиббиро хатм кардем. Ӯ табиби сироятшинос шуду ман ҳоло дар Колеҷи тибби ҷумҳуриявӣ дарс мегӯям”,-афзуд номбурда.

Даргузашти Ибодуллоев, табиби шинохтаи тоҷик аз "илтиҳоби шуш"

Ба гуфти Азиза Ҳафизова дар оилаашон бештар дар ин ришта кор мекунанд ва падарашон Ахмед Ҳафизо, яке аз табибони саршинос буд, ки солиёни зиёд дар Беморхонаи Қарияи боло кор кардааст.

283
Барчаспҳо:
фавт, табиб, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон