Городская клиническая инфекционная больница в Казахстане

Вазорат омори нави гирифторӣ, шифо ва марг аз коронавирусро дар Тоҷикистон нашр кард

504
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 37 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид.

Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  11610 нафар баробар гардид.

"Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 39 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10973 (94,5%) нафар баробар гардид", - афзудааст вазорат.

Инчунин, бар асари ин беморӣ  85 нафар фавтидаанд.

"Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд", - менависад манбаъ.

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

504
Министр здравоохранения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Дидори ногаҳонӣ: Вазир аз бемористони ноҳияи Рӯдакӣ хабар гирифт

1
(Таҷдидшуда 18:34 05.12.2020)
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани фасли зимистон, беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вазорати тандурустӣ гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан аз Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаи бемориҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ дидан кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Гуфта шудааст, ки барои гузаронидани фасли зимистон дар беморхонаи мазкур захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи хӯрока муҳайё карда шуда, муассисаҳои номбурда ҷиҳати муътадил гузаронидани фасли зимистон омода мебошанд.

Қайд карда шудааст, ки вазир дар беморхонаҳои мазкур бо беморон низ мулоқот намуда, оид ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Қайд карда шудааст, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз сӯхтор ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулини беморхонаҳои номбурда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

1
Барчаспҳо:
дидан, Рӯдакӣ, бемористон, тандурустӣ, вазир, Тоҷикистон

Дар саросари ҷаҳон беш аз 66 миллион нафар гирифтори COVD-19 шуданд

31
(Таҷдидшуда 17:29 05.12.2020)
Субҳи имрӯз эълон шуд, ки шумори гирифторон ба коронавирус КОВИД-19 ба 66 миллиону 231 ҳазору 472 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 199 ҳазору 995 нафар сироятшудаи нав сабт шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон. 

Тибқи иттилои манбаъ, шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар олам ба 1 миллиону 524 ҳазору 473 нафар расидааст.

Гуфта шудааст, ки аз вируси корона то кунун 45 миллиону 812 ҳазору 972 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар айни замон дар бемористонҳои кулли олам 106 ҳазору 136 нафар гирифторон ба коронавирус дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Гуфтанист, ки ҳадди аксари навсироятшудагон дар як шабонарӯз ба коронавирус SARS-CoV-2 рӯзи 14 ноябр  (667 964 нафар) ва ҳаддиаксари теъдоди марг аз ин беморӣ рӯзи 17 апрел (12 482 нафар)  сабт шуда буд.

Дар ҳамин ҳол вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 4 декабри соли равон боз 41 мубталои нав ба КОВИД-19 ошкор шуда, шумори умумии гирифторон ба ин вирус ба 12 349 нафар расидааст.  Аз оғоз то кунун 11 758 нафар ё худ 95,3% шифо ёфтаанд.  

Дар як шабонарӯз дар Русия 27 403 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шуда, аз ин беморӣ 569 нафар ҷон додаанд. Сураъти рушди беморӣ ба ҳадди 1,2 дарсад гуфта шудааст. Дар 19,7 дарсади беморон аломатҳои ин беморӣ мушоҳида нашудааст. Аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Маскав (6868,  882 нафар камтар аз як рӯзи пеш), Санкт-Петербурге (3694) ва минтақаи назди Маскав (1223) ба қайд гирифта шуда, теъдоди камтар дар вилояти Мухтори яҳудӣ (30), округи мухтори Ненетс (шаш) ва дар Чукотка (панҷ).

Ноиби сарвазири Русия Татяна Голикова дар як брифинги матбуотӣ эълон намуд, ки ҳамаи минтақаҳои кишвар ба барномаи эмкунӣ аз коронавирус ҳамроҳ карда шудаанд.  

Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон аз сироят боз 819 нафар хабар доданд ва шумори мубталоён ба 134 706 нафар расидааст.

Дар Қирғизистон бошад зарфи 24 соати сипаришуда 440 мубталои нав сабт шуд ва теъдоди гирифторон ба 74 373 нафар расид. 

Ӯзбекистон аз сирояти боз 161 нафар хабар дод ва аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 73 592 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 сабт шудаанд.  Аз ин 70 861 (+149) нафар ё худ 96% муолиҷа шудаанд.

31
Барчаспҳо:
гирифторон, миллион, нафар, ҷаҳон, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон