Здание парламента Республики Таджикистан

Сард: пешбинии дақиқи ҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз

558
(Таҷдидшуда 12:43 17.11.2020)
Ҳаво дар шимоли Тоҷикистон шабона то 4 дараҷа сард ва дар вилояти Хатлони кишвар дар доманакӯҳҳо шабона то 7 дараҷа сард мешавад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба "Ховар" хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. 

Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона  4-9   дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1-6 дараҷа  хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  7-12 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа  хунук то 1 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2 -7 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1 +6   дараҷа  гарм мешавад.

Аз борону барф то сардиҳо: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва  рӯзона 8+10 дараҷа  гарм мешавад.

 

 

 

 

 

558
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, ҳушдори ҳавошиносон, Тоҷикистон
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Шӯрои уламо фатвои мурдаҳои бе намози ҷаноза гӯронидаро дод

2034
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қабр гузоштани майит бидуни хондани намози ҷаноза мусалмонон чи кор карда метавонанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Шӯрои уламои Маркази  исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбараш гуфтааст, ки дар ҳолати гӯронидани мурдае бидуни хондани намози ҷаноза чи кор метавон кард.

Усмон ном корбаре аз уламои Маркази исломии Тоҷикистон пурсидааст: агар нафаре аз касалии гузаранду фавтад, бе хондани намози ҷаноза гӯрониданаш ҷоиз аст.

"Шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ӯро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?", - навиштааст вай.

Дар посух Шуро роҳи адои ин намозро дар ҳолати зикргардида нишон додаанд.

Ба гуфтаи улумои дин, он намозро метавон пас аз гӯронидан дар сари қабр адо кард.

"Намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ў хонда мешавад", - омадааст дар посухи онҳо.

Пештар сокинони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доштанд, нафарони дар пайи сироят аз коронавирус фавтидаро бе хондани намози ҷаноза ба қабр мегузоранд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст.

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

"Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст", - омадааст дар дастурамали кумита.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

 

2034
Жители Душанбе на улице в масках

Вазорати тандурустӣ: 41 нафарро пас аз табобат аз коронавирус рухсат додем

76
(Таҷдидшуда 20:57 03.12.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави коронавирусро нашр кард. Ниҳод қайд кардааст, ки дар як рӯз дар муассисаҳои тандурустии кишвар 41 нафар пас аз шифо ёфтан аз КОВИД ба манзилҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Гуфта мешавад, шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

"Дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 3 декабр 12308 ҳолатро ташкил медиҳад", - менависад вазорати тандурустӣ.

Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11718 (95,2%) баробар гардидааст.

Омори фавт аз беморӣ бетағйир аст. Бар асари ин беморӣ 87 нафар даргузаштаанд.

Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи ноябр

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

76
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Вазорати тандурустии ҶТ