Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода

Раҳмонзода гуфт, ба наздикӣ тӯҳфаи Президент ба Мурғобу Ванҷ ирсол мешавад: чист он?

207
(Таҷдидшуда 13:03 17.11.2020)
Тақсимоти китоби "Тоҷикон", ки бо қарори Президент бояд ба ҳар як хонавода дода шавад, аз ноҳияҳои Ванҷ ва Мурғоби ВМКБ оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки ба наздикӣ тақсимоти китоби "Тоҷикон" байни сокинони кишвар аз ноҳияҳои Ванҷ ва Мурғоби ВМКБ оғоз мешавад.

"Дар рӯзҳои наздик ба ин ноҳияҳои дурдасти мамлакат корвони мошинҳо бо туҳфаи бебаҳои Роҳбари давлат раҳсипор хоҳад гардид", - гуфтааст ҷаноби Раҳмонзода ҷаласаи кории комиссия ҷиҳати марҳила ба марҳила тақсим кардани китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров.

Интишори китоб бо пешгуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби "Нашриёти муосир" бо сифати баланд, дар ҳаҷми 61 ҷузъи чопӣ оғоз шуд.

То имрӯз аз ҷониби нашриёти мазкур китоби "Тоҷикон" бо теъдоди 15 ҳазор нусха ба нашр расидааст.

Китоб бо теъдоди 1 600 000 нусха ба табъ хоҳад расид.

Ёдрас мешавем, Президенти Тоҷикистон ҳангоми ироаи ахирон паёмаш супориш дода буд, ки китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров нашр ва ба ҳар як хонавода тақсим шавад.

Амри президент: китоби "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров чоп ва ба ҳар як оила туҳфа шавад

207
Барчаспҳо:
Бобоҷон Ғафуров, китоб, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Тоҷикистон
Почетный японский караул с флагами Японии и Таджикистана

Ҷопон ба таҳсили кормандони Тоҷикистон ҳудуди 2,5 миллион доллар кумак мекунад

3
(Таҷдидшуда 19:22 02.12.2020)
Вазири молияи Тоҷикистон ва раиси намояндагии Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Душанбе тавофуқномаи кумаки билоиваз барои иҷрои тарҳи бурсияи таҳсилӣ (стипендия) барои омӯзиши кадри давлатӣ ба имзо расониданд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории Форс, дар чорчӯби ин тавофуқнома, ки ба имзои Файзиддин Қаҳҳорзода ва Токосако Монио расид, барои тақвияти тавонмандии кормандони давлат ва дигар ниҳодҳо дар Тоҷикистон, Токио аз тариқи Ожонси ҳамкории байналмилалӣ (Ҷойко) ба ин кишвар ҳудуди 2,5 миллион доллар кумак мекунад.

Таҳсил дар Ҷопон: Муҳриддин ва Мияшита ёддошти тафоҳум имзо карданд

Ҳадаф аз ин тарҳи кумак ба тавсеаи Тоҷикистон аз тариқи тақвияти тавони кормандони давлатӣ, ҳимоят аз тавсеаи манобеи инсонии Тоҷикистон бо тамаркуз бар кормандони ҷавон ва тақвияти равобит байни Душанбе ва Токио аст.

Донишҷӯёни се донишгоҳи Тоҷикистон ба Ҷопон мераванд

Созмони хадамоти давлатии вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарҳро бо ҳимояти молии намояндагии Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон, мавсум ба Ҷойко иҷро мекунад.

3
Барчаспҳо:
кумак, таҳсил, бурсия, Ҷопон, Тоҷикистон
Медицинский работник в спецзащите в отделении реанимации и интенсивной терапии

Вазорат марги боз як нафари дигарро бар асари COVID-19 дар Тоҷикистон таъйид кард

58
(Таҷдидшуда 19:48 02.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта як ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 2 декабр ба 12 ҳазору 269 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 37 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 677 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки мутаасифона шабонарӯзи гузашта боз як марги дигар ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 2 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

58
Барчаспҳо:
марг, вируси корона, фавт, шабонарӯзӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон