Марг дар роҳи истихроҷи тилло: марди 32-сола ба умеди тилло ҳалок шуд

643
(Таҷдидшуда 14:55 17.11.2020)
Ду бародар барои дарёфти тилло ба рӯди "Муксу" рафта, дар пайи риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ яке аз онҳо ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Як марди 32-сола барои истихроҷи тилло ба мавзеи "Хуҷаи тавоф" рафта, дар пайи беэҳтиётӣ дар ҳамон ҷо ҳалок шудааст.

Бино бар иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, ҳодиса 15 ноябри соли 2020 дар деҳаи Қашоти Ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш рух додааст.

"Ду бародар аз деҳаи Қашоти Ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш бо мақсади дарёфти тилло аз рӯди “Муксу”, воқеъ дар рустои Қандоб ба мавзеъи “Хуҷаи тавоф” рафта буданд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Фоҷеа: 3 тан дар шаҳри Турсунзода ба чоҳ сарозер шуданд - касе зинда намонд

Гуфта мешавад, субҳи дигар дар дохили хайма яке аз бародаронро, ки 32 сол дошт, мурда пайдо карданд.

Ҳамроҳонаш гуфтаанд, эҳтимолан ӯ аз гази лахчаи алов дар хайма фавтидааст.

Вазъи саломатии бародари дигар дар айни замон хуб аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки дар фасли сард, ки ҳатман сокинон аз ангишт ва дигар маводҳои сӯхт истифода мекунанд, хеле эҳтиёткор бошанд. Бахусус агар шумо ангишт месӯзед, бояд барои берун рафтани гази он қоидаҳои бехатариро ҷиддӣ риоя кунед.

КҲФ Тоҷикистон гуфт, дар нуҳ моҳ аз офатҳои табиӣ чанд нафар ҳалок шуд

Дарҳои комил пӯшида ва хаймаҳои бе ҳавогузар метавонанд сабабгори фоҷеаҳо шаванд. Ҷони худро эҳтиёт кунед ва пайвандонатонро дар ғаму кулфат нагузоред, таъкид намудаст КҲФ.

643
Барчаспҳо:
истихроҷ, тилло, Тоҷикистон
Рудобаи Мукаррам вазифаи нав гирифт

Дастури Президент: Рудобаи Мукаррам вазифаи нав гирифт

153
(Таҷдидшуда 14:11 05.12.2020)
Рудобаи Мукаррам дар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Рудобаи Мукаррам, ки то имрӯз вазифаи муовини раисро дар ин кумитаи иҷро мекард, имрӯз дар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Ёдрас мешавем, дирӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо чанд фармону амр тағйироти кадрии куллие анҷом дод. Ҳамин тавр дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон 36 тағйироти кадрӣ анҷом ёфт.
Аз ҷумла Фаррух Ҳамрализода аз мақоми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ озод ва ба ҷои Фарҳод Салим – писари Абдулмаҷид Достиев – сафири нави Тоҷикистон дар Амрико таъйин шуд. Ба ҷои Ҳамрализода ба мақоми раиси Кумитаи сармоягузорӣ Саъдӣ Қодирзода, ки то имрӯз муовини раиси дастгоҳи президент буд, таъйин шудааст.

 

153
Чемодан с деньгами, архивное фото

Чаро Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон боз 6 миллион доллар дод?

6
(Таҷдидшуда 14:07 05.12.2020)
Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар маблағ ҷудо кардааст. Бонк ба идораи муосири молияи давлатӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Маблағҳои мазкур ба идораи муосири молияи давлатӣ дар Тоҷикистон равона шудааст

Бонки ҷаҳонӣ 2 декабр маблағгузории иловагиро ба маблағи 6 миллион доллари барои “Лоиҳаи дуввуми муосиргардонии идораи молияи давлатӣ” тасдиқ кард.

“Низоми самараноки идораи молияи давлатӣ (ИМД) имконияти ҳукуматро барои расонидани хадамоти босифат ба шаҳрвандон баланд мебардорад ва захираҳоро ба қонеъ гардонидани талаботи афзалиятнок, ба монанди тандурустӣ, маориф ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ самаранок равона мекунад. махсусан, дар пасманзари коҳиш ёфтани даромади буҷетӣ бар асари буҳрон низоми устувори ИМД воситаи ҷудонашавандаи сиёсати тақсимоти самараноки захираҳои маҳдуд буда, имкон медиҳад, ки сиёсатгузорон ва шаҳрвандон дар бораи истифодаи захираҳои буҷетӣ барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзун пурра огоҳ шаванд” — таъкид доштааст намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон Жан-Питер Олтерс.

Бонки ҷаҳонӣ қайд кардааст, ки лоиҳа дар шакли гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ шудааст. 

Бонки ҷаҳонӣ қайд кардааст, ки бо маблағгузории иловагии имрӯз тасдиқёфта тавонмандии корхонаҳои алоҳидаи давлатиро дар риояи Меъёрҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва амалияи муносиби идораи корпоративӣ тақвият медиҳад;

Ҳамчунин заминаи меъёрӣ ва институтсионалии хариди давлатиро таҳким мебахшад, татбиқи низоми хариди электрониро дастгирӣ менамояд ва инчунин иқтидори мувофиқро барои ташкилоти хариди давлатӣ муҳайё месозад, идораи сармоягузории давлатӣ ва амалиёти шарикии давлат ва бахши хусусиро тавассути таҳкими меъёрҳо, сиёсат, назорат ва мониторинги ин амалиёт такмил медиҳад ва аудити дохилии ташкилоти буҷетиро тақвият мебахшад.

Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба Тоҷикистон дар баланд бардоштани самаранокии сармоягузории давлатӣ барои расидан ба рушди босуръат ва ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Лоиҳа аз ҷониби Вазорати молия, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Агентии хизмати давлатӣ ва Палатаи ҳисоб татбиқ мешавад. Лоиҳа соли 2024 ба итмом мерасад.

Бастаи фаъоли Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 16 лоиҳаи кишварӣ ва минтақавиро дар бар мегирад, ки уҳдадориҳои холиси онҳо беш аз 841 миллион долларро ташкил медиҳад.

6
Барчаспҳо:
сармоягузорӣ, маблағ, бонк, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон