Конверт с деньгами, архивное фото

Ятимов боздошт шуд: замин ваъда доду беш аз 1 миллион сомонии 6 корафтодаро азхуд кард

3113
(Таҷдидшуда 14:59 18.11.2020)
Ожонси зидди фасод аз боздошти мудири Ширкати "Само" хабар медиҳад, ки дар фиреби мардум ва азхудкунии маблағи калон муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Кормандони Ожонси зидди фасод, Ятимов Ҳ.У, ки ба ҳайси мудири филиали ҶСП Ширкати холдингии "Само" дар ноҳияи Дӯстӣ кор мекард, боздошт намуданд.

 

Ба иттилои котиботи ожонси мазкур, номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Эргашов А. бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Примқулов Чорӣ барои аз ҳудуди деҳаи Гоголи Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ ҷудо намудани ду қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,10 га., маблағи 130000 сомонӣ талаб намуда, маблағи гирифтаро барои эҳтиёҷоти шахсии худ масраф намудааст.

Гузашта аз ин, Ятимов Ҳ.У. ва чанд ҳампешаи худ, айнан бо ҳамин тарзу усул 5 корафтодаи дигарро фиреб доданд.

"Аз шаҳрвандон Ахматов С. 65000 сомонӣ, Усанов А. 189000 сомонӣ, Джумаков Қ. 120000 сомонӣ, Худойбердиев Х. 130000 сомонӣ ва Бойбуриев Б. 900000 сомонӣ гирифта, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Манбаъ меафзояд, Ятимов Ҳ.У. ва ҳаммаслакони ӯ ҷамъан 1 648 000 сомонии шаҳрвандонро гирифта тасарруф намудаанд.

Ожонси зидди фасод нисбати Ятимов Ҳ.У. ва дӯстонаш бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтиш дар ин самт идома дорад.

3113
Барчаспҳо:
боздошт, Ожонси зидди фасод

Даҳшат: сокини Ёвон модари се фарзандашро корд зада кушт

236
(Таҷдидшуда 11:17 30.11.2020)
Прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбати падари хонавода, ки ҳамсари 32 - солаи худро ба қатл расонд, парвандаи ҷиноятӣ боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Кормандони милитсия дар ноҳияи Ёвон сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамсари ҷавонаш даст доштааст.

Котиботи ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодисаи даҳшатбор рӯзи 27 ноябр дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон рух додааст.

Куштор дар заминаи рашки беасос ва муноқишаи оилавӣ сар задааст.

"Қарақулов Урозбек дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсари 32 - солаи худ Бобоҷонова Бибихоларо ба қатл расондааст", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

Гуфта мешавад, Бибихола модари се фарзанд буда, ҳамсараш бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат мерасад.

Зимнан, кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон дар кутоҳтарин муддат гумонбари асосии ҷинояти мазкурро муайян ва боздошт намуданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати Қарақулов Урозбек дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон парвандаи чиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

236
Барчаспҳо:
куштор, Ёвон
На территории парламента Республики Таджикистан

Борону барф меборад: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

139
Дамои ҳаво дар Тоҷикистон майли сардшавӣ дорад. Имрӯз бошад дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст, хабар медиҳад агнетии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.

Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 то 17-22 дараҷа хунук ва рӯзона тайғир ёфта, аз 0-5 то   4-9   дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 0 то 5 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 5 дараҷа хунук то 10 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 дараҷа  хунук то 7 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Хатлон низ борони сусти марҳилавӣ меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои вилояти Хатлон дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои водигӣ борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо  шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм ва рӯзона  6+8 дараҷа гарм мешавад.

139
Барчаспҳо:
обу ҳаво, Тоҷикистон
Кандидат в президенты США Джо Байден

Пойи Байден аз ду ҷо шикаст: бо ӯ чӣ шуд?

51
(Таҷдидшуда 11:57 30.11.2020)
Ҷо Байден номзад ба президентии Амрико аснои бозӣ кардан бо саг, лағжида афтидаст, ки дар натиҷа пояш аз ду ҷо шикаст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҷо Байден бо сагаш бозӣ карда лағжидаст, ки дар натиҷа пойи ӯ аз ду ҷо шикаст хӯрдаст, хабар медиҳад РИА новости бо такя ба расонаҳои амрикоӣ.

"Ташхиси компютерӣ нишон додааст, ки пойи Ҷо Байден дар ду ҷой шикасти сабук хӯрдаст, - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳоло барои барқарор шудани устухони пояш, Байден бояд муддати чанд вақт пойафзоли махсус пӯшад.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур ҳанӯз рӯзи шанбе иттифоқ афтод. Он замон, пизишк пас аз муоинаи пойи Байден ягон зарбаи ҷиддӣ, аз ҷумла шикастро пайдо накард.

Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд

Вале баъдан ҳангоми гузаштан аз ташхиси комилтар, муайян шуд, ки пойи Ҷо Байден аз ду ҷо шикаст хӯрдааст.

Ёдовар мешавем, маъракаи интихоботӣ дар Амрико ҳарчанд 3 ноябр баргузор шуд, вале то ҳол натиҷаи ниҳоии интихобот эълон нашудааст. Ба ҳар сурат, расонаҳои амрикоӣ аз пирӯз шудани Ҷо Байден хабар медиҳанд.

51