Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

10 фармони ҷадиди Раҳмон: кӣ барканор шуду кӣ вазифа гирифт

4860
(Таҷдидшуда 16:09 18.11.2020)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо судури 10 фармон роҳбарони чанд ниҳод ва раисони шаҳру вилояти Суғдро ҷо ба ҷо кард

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik.Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз 18 ноябр директори Агентии назорати маводи нашъаовар Салимзода Шерхонро аз вазифа сабукдӯш кард. Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон дар ин симмат Ҳабибулло Воҳидзода такя зад.

Кишвардори Тоҷикистон инчунин Ҳайдарзода Муртазоро аз вазифаи муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кард.

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муҳаммадзода Маъруф низ аз вазифа озод шуд. Номбурда бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барканор гардид.

Ҳамакнун Шарифзода Фирдавс иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъйин гардид.

Идомаи тағйироти кадрӣ: Президент бо як фармон се судяро барканор кард

Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Истаравшанро низ аз вазифа озод кард. Сабаби аз мансаб барканор шудани Қурбонзода Амирхон Файзулло гузаштан ба кори дигар рабт дода мешавад.

Ҳамчунин бо фармони Раҳмон, Маъмурзода Адҳам Маъмур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъин шуда, Шарифзода Фирдавс  аз вазифаи раиси шаҳри Гулистонин озод карда шуд.

Манбаъ меафзояд, Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин гардид.

4860
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

 Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд павроз анҷом медиҳад

15
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” тасмим дорад, моҳи декабри соли ҷорӣ  дар хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе иҷрои 10 парвози махсусро ба нақша гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ширкат, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури марз бояд бо худ нусхаи аслии маълумотномаи тиббии гирифтор набудан ба COVID-19-ро (PCR-тест) бо забонҳои русӣ, белорусӣ ва ё англисӣ дошта бошанд.

Манбаъ мегӯяд, мусофироне, ки тариқи Минск парвозҳои транзитӣ анҷом медиҳанд, бояд бо худ чиптаи нуқтаи ниҳоии сафар ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест)-ро дошта бошанд.

Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Мувофиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусофирони ба Тоҷикистон воридшаванда бояд бо худ маълумотномаи мубтало набудан ба COVID-19 - натиҷаи манфии PCR-тестро, ки давоми 72 соат қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Гуфта мешавад, хоҳишмандони сафар барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоянд.

"Сомон Эйр" сабаби гаронии нархи чипта барои парвозҳои чартериро шарҳ дод

Ин ширкат санаҳои 10 парвозашро ҳоло нашр накардааст.

Ёдовар мешавем, ширкат дар ин масир моҳи гузашта 4 парвози чартерӣ анҷом дода буд.

15
Барчаспҳо:
ширкат, мусофирон, парвоз, "СомонЭйр", Минск, Душанбе
Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд

Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд акс

24
Масъулони Маркази мубориза бо бемории ВНМО дар мавзеъи бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд маъракаи ташхиси ройгон аз ин маризиро роҳандозӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Фирӯз Комилов, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО (СПИД) дар вилояти Суғд гуфт, ин кор бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва огоҳонидани мардум аз хатари сироятёбии ВНМО аст.

Ӯ гуфт, дар рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО, онҳо клиникаи сайёрро ба “Панҷшанбе” аз маконҳои серодами Хуҷанд интиқол дода ва аз хоҳишмандон гирифтани ташхиси ройгони бемориҳоро фароҳам кардаанд.

“Дар дохили клиникаи сайёр (мобильная клиника) ташхиси бемориҳои ВНМО, оташак (РВ) ва зардпарвини навъи В, С гирифта мешавад. Ташхиси ин бемориҳо дар 20 дақиқа хатм мешавад”,-афзуд директор.

Бино ба гуфти Комилов, клиникаи сайёр ба ҳисоби ташхисгоҳ,бо таҷҳизоти сабти барқии дил (ЭКГ), сабти фаросавтӣ (УЗИ) муҷаҳҳаз буда, ҳамзамон аз ҷониби духтури амрози дарунӣ барои мизоҷон маслиҳати ройгони тиббӣ дода мешавад.

Ин клиникаи сайёр, се соли пеш дар доираи барномаи беҳтарсозии шароити хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби Федератсияи Русия ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар вилояти Суғд тақдим карда шудааст.

То ин ҷониб беш аз 15 ҳазор сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд оиди бемории ВНМО ва зардпарвин тавассути ҳамин клиникаи сайёр аз ташхис гузаштаанд. Фирӯз Комилов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори гирифторони ВНМО ро шарҳ дода гуфт, ки сар аз соли 2001 то имрӯз 2976 нафар дар Суғд ба ВНМО (СПИД) сироят шудаанд.

Аз ин шумор 1848 мард ва 1128 каси дигар занон буда, дар ин давра 875 нафар аз ҷамъи гирифторони ин беморӣ фавтидаанд.

Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд
Sputnik
Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд

Умарзода дар бораи теъдоди мубталоёни ВНМО дар Тоҷикистон

Бино ба иттилоъи манбаъ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 214 нафар аз ин беморӣ сироят ёфтаанд. Соли гузашта дар давра 343 нафар гирифторони ВНМО (СПИД) сабт шудаанд.

Раҳмонзода: вазъи ВНМО ва нашъамандӣ байни ҷавонон нигаронкунанда аст

Коҳиши рақамҳои омориро масъулин аз дарёфти иттилоъи бештари аҳолӣ дар бораи хатару паёмадҳои ин беморӣ марбут медонанд.

24
Барчаспҳо:
гирифторони ВИЧ, табобат, СПИД, ташхис, Суғд, Тоҷикистон