День 19 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 19 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

107
(Таҷдидшуда 20:18 18.11.2020)
Рӯзи нунздаҳуми ноябр дар Украина – Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ буда, соли 1969 футболбози бразилиягӣ  Пеле голи 1000-уми худро зад

Рӯзи 19 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1893 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар рӯзномаи "Ню-Йорк Велд" замимаи ранга нашр гардид.

Соли 1969 футболбози бразилиягӣ  Пеле голи 1000-уми худро зад.

 

Король футбола Эдсон Арантес ду Насименту, он же Пеле, забивает второй гол в ворота сборной Мексики на чемпионате мира в Чили в 1962 году
© Sputnik
Король футбола Эдсон Арантес ду Насименту, он же Пеле, забивает второй гол в ворота сборной Мексики на чемпионате мира в Чили в 1962 году

Соли 1969  Ҳукумати Гана аз кишвараш 500 ҳазор муҳоҷиронро хориҷ кард.

 

Соли 1984 дар Мехико бар асари таркиш дар нуқтаи нигоҳдории сӯзишворӣ 334 нафар ба ҳалокат расид.

День 17 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1987  нархи рекордии фурӯши автомобил ба миён омадааст, ки дар музояда автомобили тамғаи "Бугати Роял-1931" («Bugatti Royale-1931») 5,5 миллион доллар нархгузорӣ шуд.

Соли 1991 дастаи футболи занонаи Шветсия дастаи футболи занонаи Ҷопонро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард (ин рекорд натиҷагирии мусобиқаҳои финалии чемпионати ҷаҳон миёни занон арзёбӣ мегардад).

Ҷашнҳои рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 масъалаи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Федератсияи Русия муҳокима карда шуд.

Рӯзи 19 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 60 -солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.

Соли 2012 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар паҳлӯи чапи қасри фарҳанги Арбоб Маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ, ки бо нақшу нигор дар болои чӯб, санг, гаҷ ва оина оро ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2017 размоише, ки дар он беш аз 5 ҳазор сарбозу афсар аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар он ширкат карда ва 60 ҳавопаймову чархбол, беш аз 1500 ҷангафзори сабуку сангин, аз ҷумла сомонаи мушакии "Искандар", бумбафканҳо ва паҳподҳо (ҳавопаймоҳои ҳидоятшаванда аз дур) ба кор бурда шуданд, дар Тоҷикистон анҷом ёфт.Соли 2018 Президент қарор барои кӯчондани аҳолӣ аз кӯҳистони камзамин ба водиҳоро имзо кард.

Ҷашнҳои рӯзи 19 ноябр

Дар Украина – Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ.

Рӯзи 19 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1938  –  Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Носирҷон Азизов.

Соли 1940 -1998  – олим Барот Шокиров.

Соли 1942  – композитор Фирӯз Баҳор.

Соли 1951  – ҳунарманди театр Сабоҳат Қосимова.

Соли 1953 – сароянда Фотима Тураева.

107
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоб тақдим гардид

Тақдими 4 ҳазор китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони Мурғоб

20
(Таҷдидшуда 12:46 04.12.2020)
Китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров ба дурдасттарин ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расид

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар ноҳияи Мурғоб рӯзи 3 декабр тақдими китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров шурӯъ шуд, хабар медиҳад Вазорати маориф.

Китобро муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Ожонсии омори назди Президенти Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба аҳолии ноҳия тақдим менамоянд.

"Барои аҳолии ноҳияи Мурғоб 3 ҳазору 800 дона китоб ҷудо шудааст, ки он ба дасти ҳар хонавода расонида мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби "Тоҷикон" чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оила тақдим карда мешавад.

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар доираи ин сафар муовини вазири маориф ва илм бо намояндагони маорифи ноҳияи Мурғоб вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити корӣ ва вазъи соҳаи маориф аз наздик шинос гардидааст.

Аз Суғд то Хатлон : Президент шаш раиси шаҳру навоҳиро барканор ва таъин кард

Чанде пеш ин туҳфа  бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода  ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  фиристода шуд.

20
Барчаспҳо:
Бобоҷон Ғафуров, китоб, Мурғоб, тақдим
Дорожный знак, архивное фото

Фавти пирамарде, ки писараш пас аз садама ба беморхона набурд: ВКД таҳқиқ мекунад

271
(Таҷдидшуда 12:53 04.12.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як марди солхӯрда бинобар нарасонидан ба беморхона дар пайи садамаи нақлиётӣ дар хонааш фавтидааст

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод садамаи нақлиётӣ санаи 1-юми декабри соли 2020, тахминан соати 10:00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ шаҳри Истаравшан сар задааст.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Мирзоев Наимҷон Гиёевичи 42-сола сокини деҳаи Ширинчашмаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри мазкур бурдани падараш Мирзоев Гиёи 88‑сола дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, падараш Мирзоев Гиё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.

“Пас аз рух додани ин ҳодиса Мирзоев Наимҷон Гиёевичи падараш Мирзоев Гиёро ба беморхона набурда, оид ба ин ҳодиса ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накарда, падарашро дар манзили истиқоматии худ табобат намудааст, ки номбурда санаи 2-юми декабри соли 2020, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонии бардоштааш дар хонаи истиқоматиашон вафот намудааст”,-афзудааст манбаъ.

Ҳалокати Абдулло ва Меҳриниссо дар пайи ду садамаи нақлиётӣ

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

271
Барчаспҳо:
пирамард, ҳалокат, фавт, садама, Тоҷикистон
Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, акс аз бойгонӣ

Зариф гуфт, Эрон дубора дар бораи тавофуқоти ҳастаӣ музокирот намекунад

0
Вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд, ИМА бояд бидуни шартгузориҳои ҷадид ба тааҳудоташ дар тавофуқи ҳастаии Барҷом ҳамон тавре, ки дар қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид омадааст, амал кунад

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷии Эрон, зимни нишасти маҷозии гуфтугӯҳои Медитарона гуфт, барои он чизе, ки дар тавофуқи ҳастаӣ ба даст оварданд, дубора музокира нахоҳанд кард.

“Урупо ва Амрико бояд ба иҷрои тавофуқи ҳастаӣ тааҳуд дошта бошанд ва Амрико ҳам дар ҷойгоҳе нест, ки бихоҳад шарт бигзорад. Агар тарафҳои Барҷом ба тааҳудоташон амал накунанд, қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз  ҳуқуқи миллати Эрон” иҷро хоҳад шуд",- гузориш дод радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли вазири умури хориҷаи Эрон.

Манбаъ афзуд, бар асоси қонуни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат ё худ ҳифозат аз ҳуқуқи миллати Эрон", ки 9 модда дорад, давлати Эрон муваззаф аст дар сурати иҷро нашудани тааҳудоти кишварҳои тарафи тавофуқи ҳастаӣ, як моҳ пас аз тасвиби ин қонун иҷрои довталабонаи санади протоколи илҳоқиро мутаваққиф кунад.

Протоколҳои илҳоқӣ санадест, ки ба муҷиби он кишварҳои узви МАГАТЭ ба бозрасони агентӣ иҷозаи бозрасӣ аз ҳар маконе, ки зарурӣ бидонанд, медиҳанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар вокуниш ба сукути се кишвар - Олмон, Фаронса ва Англия дар қиболи террори доктор Муҳсин Фахризода донишманди ҳастаии Эрон гуфт: "Террори доктор Фахризода як таҷовузи байналмилалӣ аст ва мо ҳанӯз мунтазирем Англия, Фаронса ва Олмон онро маҳкум кунанд".

0
Барчаспҳо:
БАРҶОМ, созишнома, тавофуқи ҳастаӣ, Эрон