Мулоқоти вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт: ду вазир аз чӣ гуфтанд?

© МИД РТВстреча главы МИД Таджикистана Сироджиддина Мухриддина и главы МИД Кыргызстана Руслана Казакбаева
Встреча главы МИД Таджикистана Сироджиддина Мухриддина и главы МИД Кыргызстана Руслана Казакбаева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik.  Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҷараёни мулоқот вазирон вазъи кунунии муколамаи дуҷонибаи сиёсиро баррасӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар ин самт василаҳои зарурии ҳамкорӣ, ба монанди Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ вуҷуд доранд.

Министр иностранных дел Кыргызстана Руслан Казакбаев - Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Қирғизистон имрӯз вориди Душанбе мешавад

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки ҷонибҳо доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои ҳамлу нақл ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзиро баррасӣ карданд.

“Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бештари тиҷорат, фаъолияти муштараки сармоягузорӣ ва истифодаи пурраи иқтидори транзитӣ бояд тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд”, - қайд кардааст ВУХ Тоҷикистон.

Ҳамчунин, бар иттилои дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар музокирот ба масъалаи таъйини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

“Вазирони корҳои хориҷӣ ба истифодаи пурраи имконоти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон бори дигар таъкид намуданд”, - зикр кардааст манбаъ.

Инчунин, ҷонибҳо ҳамкории кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид шудааст, ки дар фарҷоми музокирот Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.

Лентаи хабарҳо
0