Туман в Душанбе, архивное фото

Тағйирёбанда: пешбинии дақиқи обуҳавошиносон барои имрӯз дар Тоҷикистон

1114
(Таҷдидшуда 10:29 21.11.2020)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. 

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона тағйир ёфта аз 10-15 то 3-8 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 18-23 дараҷа хунук ва рӯзона  5-10   дараҷа ва дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  8-13 дараҷа  хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа  хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

То -20 дараҷа сардӣ ва барф: пешгӯии ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Ҳаво дар водиҳо шабона  2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа  гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи  бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз  3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Сард: пешбинии дақиқи ҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона  3+5 дараҷа гарм мешавад.

1114
Махмурод Одинаев - зам глава СДПТ

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шуд

293
(Таҷдидшуда 13:49 05.12.2020)
Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки гуфта мешуд, чанд рӯз боз нопадид гаштааст, боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дастгир шуд, хабар дод раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров.

Ба иттилои манбаъ, Одинаевро имрӯз соати 11 мақомот боздошт кардаанд.

"Имруз соати тахминан 11.00 Маҳмурод Одинеав боздошт шуд. Сабаби боздошт шуданаш ҳоло маълум нест", - менависад вай.

Раҳматилло Зойиров аз мақомот хостааст, ки сабаби боздошт шудани муовинашро шарҳ диҳанд.

Пештар Зойиров дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки Маҳмурод Одинаев, аз худ хабар дод, ки зинда аст.

 Ба гуфтаи раҳбари ин ҳизб, ӯ ҳангоми фирор аз як амалиёти маъмурони интизомӣ пойлуч будааст, ки зимни гурехтан пойҳояшро хунук задааст.

Мақомот мегуфтанд, ки дар бораи нопадид шудани Одинаев хабар надоранд.

Аммо Зойиров гуфта, буд, "наметавонад, пинҳон монад ва бояд табобати худро давом диҳад. Ба Маҳмурод Одинаев лозим аст, ки таслим шавад ва дар куҷо буданашро хабар диҳад”.

293
Морозное утро

Ҳушдор аз сардиҳо: чанд тавсияи КҲФ ба сокинон

69
(Таҷдидшуда 12:40 05.12.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба далели сардии ҳаво аз 5 то 8 декабри соли равон ба сокинони кишвар чанд тавсия додааст

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. КҲФ Тоҷикистон хабар додааст, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 5 то 8 декабри соли 2020 ҳаво сард мешавад. Даводиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо барф, дар баъзе минтиақаҳо барф шадидтар меборад. Ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 5 ° С хоҳад буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки барфи тар метавонад сабабгори хароб шудани хатҳои интиқоли барқ, қисман шикастану афтидани дарахтон, инчунин хароб гаштани сутунҳои сустниҳоди реклом дар кӯчаҳо шавад.

“Дар робита ба тағйири обо ҳаво ва сардиҳои чанд рӯзи ояндаву барфу боронҳо  Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд, инчунин бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, хусусан ҳангоми истифода аз роҳҳо ва гузаргоҳҳои кӯҳӣ то ҳадди имкон ҳушёр бошанд”,  - таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон КҲФ дар ин рӯзҳо аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни эҳтиёҷоти фаврӣ маҳдуд кунанд.

Инчунин ин ниҳод аз сокинон даъват кардааст, ки аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

69
Барчаспҳо:
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, КҲФ Тоҷикистон, тавсия, сокинон, сарди ҳаво, Тоҷикистон

Ин “Пирӯзӣ” аст: сомонаи замин ба ҳавоии С-400 тамоми нишонҳоро ба ҳадаф расонд видео

0
(Таҷдидшуда 13:26 05.12.2020)
Вазорати дифои Русия навори ҷолиберо нашр кардааст, ки дар он санҷиши сомонаи замин ба ҳавоии С-400 “Триумф” ё “Пирӯзӣ” ба навор гирифта шудааст

Санҷишҳои бо муваффақи системаи С-400 дар пойгоҳи озмоишии Капустин Яри вилояти Астрахани Русия сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифои Русия.

“Низоми С-400 бо муваффақ ҳамаи нишонҳоро ба ҳадаф расонд. Мушаки озмоишии “Кабан” дар баландии 15 киломтр нобуд карда шуд”, - таъкид доштааст вазорати дифои Русия.

Русия дар Тоҷикистон мушакҳои С-300-ро наздикии марзи Афғонистон насб кард

Пеш аз ба артиши Русия додани С-400, ин охирин имтиҳони он буд. Сипас С-400 барои дифои фазои минтақаи Самара равон карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар аввали моҳи сентябр мушакпартоии санҷишии “Триумф” дар пойгоҳи Ашулуки вилояти Астрахан сурат гирифта буд.

0
Барчаспҳо:
ҳадаф, нишон, санҷиш, С-400 "Триумф", Русия