Мақомот кишварҳое, ки ба Тоҷикистон дар замони паҳншавии коронавирус кӯмак карданд, гуфт

172
(Таҷдидшуда 13:32 21.11.2020)
Давоми 10 моҳи соли равон 59 кишвари мухталифи ҷаҳон ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ироа кардаанд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.Тибқи Ожонси омори Тоҷикистон, дар ин давра ба ҷумҳурӣ 19 тонна кӯмаки башардӯстона ба арзиши 41,7 миллион доллар ворид шудааст.

Аз тамоми кӯмакҳои ироашуда ба Тоҷикистон 41,8 дар сади марбут ба Чин, 9,9 дар сад Ӯзбекистон, 9,8 дар сад Туркия, 7,7 дар сад Ҳинд, 6,6 дар сад Русия, 4,5 дар сад Қазоқистон аст.

Ҳамзамон ба Тоҷикисстон дар ин давра кишварҳои Дания, Голландия, Шветсария, Амрико, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Финландия, Белгия, Камбоджа ва ва ғайра кӯмакҳои башардӯстона ироа кардаанд.

Илова бар ин Душанбе зарфи ин муддат аз Созмонҳои молии байналмилалӣ  кӯмакҳои билоивази молӣ дарёфт кардааст.

Бинобар гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон, ин кишвар ҳамчунин аз Бонки ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар, Бонки тавсиаи осиёӣ ҳудуди 2 миллион доллар, Бонки тавсиаи исломӣ 350 ҳазор доллар ва ... дарёфт кардааст.

172
Барчаспҳо:
вируси нав, вируси корона, ҷаҳон, башардӯстона, кумак, Тоҷикистон
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоб тақдим гардид

Тақдими 4 ҳазор китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони Мурғоб

23
(Таҷдидшуда 12:46 04.12.2020)
Китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров ба дурдасттарин ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расид

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар ноҳияи Мурғоб рӯзи 3 декабр тақдими китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров шурӯъ шуд, хабар медиҳад Вазорати маориф.

Китобро муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Ожонсии омори назди Президенти Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба аҳолии ноҳия тақдим менамоянд.

"Барои аҳолии ноҳияи Мурғоб 3 ҳазору 800 дона китоб ҷудо шудааст, ки он ба дасти ҳар хонавода расонида мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби "Тоҷикон" чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оила тақдим карда мешавад.

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар доираи ин сафар муовини вазири маориф ва илм бо намояндагони маорифи ноҳияи Мурғоб вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити корӣ ва вазъи соҳаи маориф аз наздик шинос гардидааст.

Аз Суғд то Хатлон : Президент шаш раиси шаҳру навоҳиро барканор ва таъин кард

Чанде пеш ин туҳфа  бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода  ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  фиристода шуд.

23
Барчаспҳо:
Бобоҷон Ғафуров, китоб, Мурғоб, тақдим
Дорожный знак, архивное фото

Фавти пирамарде, ки писараш пас аз садама ба беморхона набурд: ВКД таҳқиқ мекунад

325
(Таҷдидшуда 12:53 04.12.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як марди солхӯрда бинобар нарасонидан ба беморхона дар пайи садамаи нақлиётӣ дар хонааш фавтидааст

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод садамаи нақлиётӣ санаи 1-юми декабри соли 2020, тахминан соати 10:00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ шаҳри Истаравшан сар задааст.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Мирзоев Наимҷон Гиёевичи 42-сола сокини деҳаи Ширинчашмаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри мазкур бурдани падараш Мирзоев Гиёи 88‑сола дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, падараш Мирзоев Гиё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.

“Пас аз рух додани ин ҳодиса Мирзоев Наимҷон Гиёевичи падараш Мирзоев Гиёро ба беморхона набурда, оид ба ин ҳодиса ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накарда, падарашро дар манзили истиқоматии худ табобат намудааст, ки номбурда санаи 2-юми декабри соли 2020, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонии бардоштааш дар хонаи истиқоматиашон вафот намудааст”,-афзудааст манбаъ.

Ҳалокати Абдулло ва Меҳриниссо дар пайи ду садамаи нақлиётӣ

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

325
Барчаспҳо:
пирамард, ҳалокат, фавт, садама, Тоҷикистон

Табибони рус ба қабули беморон дар Қарабоғи Кӯҳӣ шурӯъ карданд - акс

0
  • Каме дуртар аз Бемористони саҳроӣ техникаи ҳарбии Вазорати мудофиа қарор дорад
  • Сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ, ки ба кумаки табибон эҳтиёҷманд ҳастанд, бабемористони саҳроӣ мебиёянд
  • Сокини Степанакерт дар қабули пизишки бемористони саҳроӣ
  • Қабули беморон дар Бемористони саҳроӣ. Муроҷиаткунандагон ҳатто навбат меистанд
  • Сокини Степанакертро пизишк муоина намуда, ҷараёни таботагирии минбаъдаро ба ӯ мефаҳмонад
  • Табибон ҳамаҷониба беморони муроҷиаткунандаро аз ташхис мегузаронанд
  • Дар беморхонаи саҳроӣ имкони ҷой додани 40 нафар мариз фароҳам аст
  • Бемористони саҳроӣ аз шӯъбаи ҷарроҳӣ, ташхисӣ, лабораторияи ташхисӣ, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, утоқи пизишки чашм иборат аст
  • Ҳамчунин дар ин бемористон дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ренген низ ҳаст
  • Таъсис ёфтани бемористони саҳроӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Русия, танҳо дастгирӣ намудани сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ мебошад
Бемористони саҳроӣ, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ таъсис ёфт, ба қабули муроҷиаткунандагон шурӯъ намуд

Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия ба хотири дастгирии шаҳрвандони осебдида дар Қарабоғи Кӯҳӣ бемористони саҳроӣ таъсис дод.

Ҳамакнун марҳилаи сохтмони ин бемористон ба анҷом расид ва табибони рус ба қабули маризон оғоз намуданд.

Теъдоди зиёди шаҳрвандон барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба ин бемористон ташриф меоранд ва аз қабули табибони ботаҷриба баҳраманд мешаванд.

Қаблан Ярослав Иванов  роҳбари дастаи тиббӣ ба РИА Новости изҳор дошт, ки бемористони саҳроӣ имкони хобондани 40 маризро дорад.

Даъвати Боку аз кишварҳои исломӣ барои ҳамкорӣ дар ободонии Қарабоғи Кӯҳӣ

Ба гуфтаи ӯ, бемористони саҳроӣ аз шӯъбаи ҷарроҳӣ, ташхисӣ, лабораторияи ташхисӣ, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, утоқи пизишки чашм иборат буда, ҳамчунин дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва дастгоҳи ренген низ насб шудааст.

Нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ мутобиқи созишномае, ки 10 ноябр аз ҷониби роҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон имзо шудааст, мустақаранд.

Ин созишнома қатъи пурраи амалиётҳои ҷангиро, ки аз 27 сентябр идома дорад, аз ҷумла табодули маҳбусон ва ҷасади мурдаҳоро пешбинӣ мекунад. Арманистон инчунин бояд минтақаҳои Келбаҷар, Лачин ва Ағдамро ба Озарбойҷон баргардонад.

0
  • Каме дуртар аз Бемористони саҳроӣ техникаи ҳарбии Вазорати мудофиа қарор дорад
    © Sputnik / Valeriy Melnikov

    Каме дуртар аз Бемористони саҳроӣ техникаи ҳарбии Вазорати мудофиа қарор дорад

  • Сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ, ки ба кумаки табибон эҳтиёҷманд ҳастанд, бабемористони саҳроӣ мебиёянд
    © Sputnik / Valeriy Melnikov

    Сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ, ки ба кумаки табибон эҳтиёҷманд ҳастанд, бабемористони саҳроӣ мебиёянд

  • Сокини Степанакерт дар қабули пизишки бемористони саҳроӣ
    © Sputnik / Valeriy Melnikov

    Сокини Степанакерт дар қабули пизишки бемористони саҳроӣ

  • Қабули беморон дар Бемористони саҳроӣ. Муроҷиаткунандагон ҳатто навбат меистанд
    © Sputnik / Maksim Blinov

    Қабули беморон дар Бемористони саҳроӣ. Муроҷиаткунандагон ҳатто навбат меистанд

  • Сокини Степанакертро пизишк муоина намуда, ҷараёни таботагирии минбаъдаро ба ӯ мефаҳмонад
    © Sputnik / Valeriy Melnikov

    Сокини Степанакертро пизишк муоина намуда, ҷараёни таботагирии минбаъдаро ба ӯ мефаҳмонад

  • Табибон ҳамаҷониба беморони муроҷиаткунандаро аз ташхис мегузаронанд
    © Sputnik / Maksim Blinov

    Табибон ҳамаҷониба беморони муроҷиаткунандаро аз ташхис мегузаронанд

  • © Sputnik / Maksim Blinov

    Медики оказывают помощь пациенту на базе полевого госпиталя развернутого Министерством обороны России на территории аэропорта в Степанакерте. В госпитале можно разместить до 40 человек, он оборудован отделениями реанимации, функциональной и лабораторной диагностики, операционной, а также стоматологическим и офтальмологическим кабинетами, аппаратами ИВЛ, УЗИ и рентгеном. Врачи госпиталя смогут оказывать помощь миротворческому контингенту и местному населению.

  • Дар беморхонаи саҳроӣ имкони ҷой додани 40 нафар мариз фароҳам аст
    © Sputnik / Valery Melnikov

    Дар беморхонаи саҳроӣ имкони ҷой додани 40 нафар мариз фароҳам аст

  • Бемористони саҳроӣ аз шӯъбаи ҷарроҳӣ, ташхисӣ, лабораторияи ташхисӣ, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, утоқи пизишки чашм иборат аст
    © Sputnik / Valery Melnikov

    Бемористони саҳроӣ аз шӯъбаи ҷарроҳӣ, ташхисӣ, лабораторияи ташхисӣ, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, утоқи пизишки чашм иборат аст

  • Ҳамчунин дар ин бемористон дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ренген низ ҳаст
    © Sputnik / Maksim Blinov

    Ҳамчунин дар ин бемористон дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ренген низ ҳаст

  • Таъсис ёфтани бемористони саҳроӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Русия, танҳо дастгирӣ намудани сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ мебошад
    © Sputnik / Valery Melnikov

    Таъсис ёфтани бемористони саҳроӣ аз ҷониби Вазорати мудофиа Русия, танҳо дастгирӣ намудани сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ мебошад

Барчаспҳо:
Қарабоғи Кӯҳӣ, бемористон, рус, табибон