Строительство нового здания министерства связи

Раҳматуллозода тавзеҳ дод, ки чаро дар Душанбе биноҳои 2-4 ошёна тахриб мешаванд

380
(Таҷдидшуда 14:32 21.11.2020)
Дар Тоҷикистон нақшаҳои генералии таҷдиди 90% шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо тасдиқ карда шуданд, мувофиқи он дар Душанбе низ сохтмонҳо ҷараён мегиранд

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон Шаҳноз Раҳматуллозода тавзеҳ дод, ки чаро дар Душанбе тахриби биноҳои аз 2 то 4-ошёна оғоз шудааст.

Раҳматуллозода гуфт ба ҷойи биноҳои пастошёнаи тахрибшаванда, биноҳои аз 9 то 18-ошёна сохта ба истифода дода мешаванд.

"Бо назардошти он, ки 93% ҳудуди ҷумҳурии моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо мақсади сарфаи замин қарор қабул карда шуд, ки асосан биноҳои баландошёна сохта шаванд. Дар ҳоли ҳозир, дар пойтахти ҷумҳурӣ аз ду то чорошёнаҳои истиқоматӣ тахриб карда мешаванд ва ба ҷои онҳо биноҳои муосир бо баландии аз 9 то 18 ошёна сохта мешаванд. Дар Душанбе сохтмони биноҳои 25-30-ошёна дорои аҳамияти маъмурӣ ва ҷамъиятӣ оғоз ёфтааст", - гуфт вай.
Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Тавре Раҳматуллозода афзуд, дар Тоҷикистон нақшаҳои генералии таҷдиди 90% шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо тасдиқ карда шуданд. 

Чойхонаи "Роҳат" мемонад: шаҳрдорӣ гуфт кадом биноҳо тахриб мешаванд

"8 сол пеш дар Тоҷикистон Кодекси шаҳрсозӣ қабул карда шуд, ки он ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ, ташкилӣ ва дигар соҳаҳои меъморӣ ва сохтмонро дар ҷумҳурӣ ба танзим медарорад. Дар баробари ин, зиёда аз 1500 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва техникӣ  ҳалли масъалаҳои техникӣ ва масъалаҳои нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон дар Тоҷикистонро фаро мегиранд", - афзуд муовини раиси кумита.

380
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоб тақдим гардид

Тақдими 4 ҳазор китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони Мурғоб

16
(Таҷдидшуда 12:46 04.12.2020)
Китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров ба дурдасттарин ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расид

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар ноҳияи Мурғоб рӯзи 3 декабр тақдими китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров шурӯъ шуд, хабар медиҳад Вазорати маориф.

Китобро муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Ожонсии омори назди Президенти Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба аҳолии ноҳия тақдим менамоянд.

"Барои аҳолии ноҳияи Мурғоб 3 ҳазору 800 дона китоб ҷудо шудааст, ки он ба дасти ҳар хонавода расонида мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби "Тоҷикон" чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оила тақдим карда мешавад.

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар доираи ин сафар муовини вазири маориф ва илм бо намояндагони маорифи ноҳияи Мурғоб вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити корӣ ва вазъи соҳаи маориф аз наздик шинос гардидааст.

Аз Суғд то Хатлон : Президент шаш раиси шаҳру навоҳиро барканор ва таъин кард

Чанде пеш ин туҳфа  бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода  ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  фиристода шуд.

16
Барчаспҳо:
Бобоҷон Ғафуров, китоб, Мурғоб, тақдим
Дорожный знак, архивное фото

Фавти пирамарде, ки писараш пас аз садама ба беморхона набурд: ВКД таҳқиқ мекунад

210
(Таҷдидшуда 12:43 04.12.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як марди солхӯрда бинобар нарасонидан ба беморхона дар пайи садамаи нақлиётӣ дар хонааш фавтидааст

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод садамаи нақлиётӣ санаи 3-юми декабри соли 2020, тахминан соати 10:00 дар  деҳаи Ширинчашмаи шаҳри Истаравшан сар задааст.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Мирзоев Наимҷон Гиёевичи 42-сола сокини деҳаи Ширинчашмаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри мазкур бурдани падараш Мирзоев Гиёи 88‑сола дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, падараш Мирзоев Гиё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.

“Пас аз рух додани ин ҳодиса Мирзоев Наимҷон Гиёевичи падараш Мирзоев Гиёро ба беморхона набурда, оид ба ин ҳодиса ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накарда, падарашро дар манзили истиқоматии худ табобат намудааст, ки номбурда санаи 2-юми декабри соли 2020, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонии бардоштааш дар хонаи истиқоматиашон вафот намудааст”,-афзудааст манбаъ.

Ҳалокати Абдулло ва Меҳриниссо дар пайи ду садамаи нақлиётӣ

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

210
Барчаспҳо:
пирамард, ҳалокат, фавт, садама, Тоҷикистон

СҶБ: агар имкони риояи фосила иҷтимоӣ мавҷуд набошад, пас ҳатман ниқоб пӯшед

0
Тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакони то синни 12 - сола дахл дорад

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт дастури ҷадид бобати риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб нашр намудаст.

Бар тибқи дастури нави СҶБ, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла мактабу мағоза ва ҷойҳои умумии корӣ ҳам барои одамони калонсол ва ҳам барои кӯдакони то синни 12 - сола шарт ва зарур аст.

"Чӣ дар дохили биноҳо, аз ҷумла дар мағозаҳо, ҷойҳои кори умумӣ ва мактабҳо ва чӣ дар беруни биноҳо, ки фосилагирии ҷисмонӣ ба андозаи ҳадди ақалл як метр ғайриимкон аст, ниқобҳо пӯшида шаванд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, созмон тавсия медиҳад, ки сарфи назар аз имконоти нигоҳ доштани фосилаи зарурӣ, ҳамеша дар дохили биноҳое, ки ба таври бояду шояд ҳаво дода намешаванд, бояд ниқоб пӯшида шавад.

Муҳофизат бо усули ҷопонӣ: ниқобҳо бо алмосу марворид - акс

Ин тавсия ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакони 12-сола ва калонтар дахл дорад. Барои кӯдакони то панҷсола пӯшидани ниқоб тавсия дода нашудааст.

Ҳамзамон барои кӯдакони синни аз 6 то 11-сола тасмим дар бораи пӯшидани ниқоб ё напӯшидани он бо дарназардошти вазъи мушаххаси вобаста ба интиқоли коронавирус дар минтақаи муайян, инчунин қобилияти кӯдак барои истифодаи дурусти ниқоб ва имкони назорати онҳо аз тарафи калонсолон гирифта мешавад.

0
Барчаспҳо:
тавсия, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон