Махмадтоир Зокирзода

Ду курсӣ дар парлумон холӣ шуд: қатъи ваколатҳои Исмоилзода ва Акрамзода

2168
(Таҷдидшуда 12:15 23.11.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ ваколатҳои ду вакилро пеш аз муҳлат қатъ кард

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон ваколатҳои Исмоилзода Зуфар Муртазохонро пеш аз муҳлат қатъ намуда, аз ҳайати Шӯро ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровард.

Инчунин бо қарори Маҷлиси намояндагон, ваколатҳои вакил Акрамзода Баҳодур Исмоил қатъ гардида, аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бароварда шуд.

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, зимни шарҳи қатъи ваколатҳо гуфт, вакилони мазкур ба вазифаҳои нав таъйин шудаанд.

Ӯ зикр кард, ки Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Акрамзода Баҳодур Исмоил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардиданд.

Ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", раиси Маҷлиси намояндагон аз ин ду нафар ҳамчун шахсияти кордону ботаҷриба тавсиф карда, ба онҳо сипосномаи Маҷлиси намояндагонро барои хизматҳои шоиста, дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ва фаъолияти пурсамари ҳизбию ҷамъиятӣ супорид.

2168
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
День 25 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

18
(Таҷдидшуда 19:29 24.11.2020)
Рӯзи бисту панҷуми ноябр аз Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 25 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Сли 2014 Президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Душанбе омад.

 

Президент Чешской Республики Милош Земан, архивное фото
© Sputnik
Президент Чешской Республики Милош Земан, архивное фото

 

Соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1867  Алфред Нобел моддаи тарканда- динамитро ихтироъ кард.

 

Портрет Альфреда Нобеля. Архивное фото
© AFP 2020 / JONATHAN NACKSTRAND
Портрет Альфреда Нобеля. Архивное фото

 

Соли 1991 Ҳизби сотсиалистии Украина ба қайд гирифта шуд.

Соли 1996 СММ ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дод.

Соли 1918 Розике Швиммер аввалин зане шуд, ки дар тӯли таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ сафир интихоб гардид.

Рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бўстонсароии шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ кард.

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

 

© Sputnik / Алексей Никольский
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

 

Ссоли 2014 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният", "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм" ба имзо расида буданд.

Сли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"-ро муҳокима намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон.
  • Дар Ҷумҳурии Суринам-Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад

Солҳои 1887-1943 генетики рус, ботаник ва географи Тоҷикистон Николай Вавилов.

Солҳои 1934-1984  композитор Дости Орзуев.

Солҳои 1938-2007 ходими нишондодаи Тоҷикистон Асрор Рашидов.

18
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

79
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

79
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон