Картофель, архивное фото

Пешсафии Суғд аз ҳисоби ҷамъоварии ҳосили картошка

148
(Таҷдидшуда 18:14 22.11.2020)
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, вилояти Суғд имсол аз лиҳози ҷамъоварии ҳосили картошка пешсаф аст

ДУШАНБЕ, 22 Ноябр - Sputnik. Дар Тоҷикистон имсол ба фарқ аз соли гузашта 19, 5 сентнер зиёдтар картошка ҷамъоварӣ шудааст.

Бар тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ,  имсол дар мамлакат  ҳосили умумии  картошка 643 260 тоннаро ташкил медиҳад, ки аз ҳар гектар  217,6  сентнерӣ аст.

Дар асоси маълумоти манбаъ, ҳосили аз майдони 33 027 гектар ба даст омада 29 558 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, имсол дар ВМКБ аз майдони 1304  гектар 1227 тонна, вилояти Суғд аз майдони 15631 гектар 14598 тонна ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон аз майдони 4443 гектар 3288 тонна ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз майдони 11649  гектар 10445 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст.

148
Барчаспҳо:
ҷамъоварӣ, картошка, Суғд
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоб тақдим гардид

Тақдими 4 ҳазор китоби "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони Мурғоб

16
(Таҷдидшуда 11:43 04.12.2020)
Китоби "Тоҷикон" - и академик Бобоҷон Ғафуров ба дурдасттарин ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расид

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар ноҳияи Мурғоб рӯзи 3 декабр тақдими китоби "Тоҷикон" - и академик Бобоҷон Ғафуров шурӯъ шуд, хабар медиҳад Вазорати маориф.

Китобро муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Ожонсии омори назди Президенти Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба аҳолии ноҳия тақдим менамоянд.

"Барои аҳолии ноҳияи Мурғоб 3 ҳазору 800 дона китоб ҷудо шудааст, ки он ба дасти ҳар хонавода расонида мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби "Тоҷикон" чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оила тақдим карда мешавад.

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар доираи ин сафар муовини вазири маориф ва илм бо намояндагони маорифи ноҳияи Мурғоб вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити корӣ ва вазъи соҳаи маориф аз наздик шинос гардидааст.

Аз Суғд то Хатлон : Президент шаш раиси шаҳру навоҳиро барканор ва таъин кард

Чанде пеш ин туҳфа  бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода  ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  фиристода шуд.

16
Барчаспҳо:
Бобоҷон Ғафуров, китоб, Мурғоб, тақдим
Дорожный знак, архивное фото

Фавти пирамарде, ки писараш пас аз садама ба беморхона набурд: ВКД таҳқиқ мекунад

210
(Таҷдидшуда 12:43 04.12.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як марди солхӯрда бинобар нарасонидан ба беморхона дар пайи садамаи нақлиётӣ дар хонааш фавтидааст

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод садамаи нақлиётӣ санаи 3-юми декабри соли 2020, тахминан соати 10:00 дар  деҳаи Ширинчашмаи шаҳри Истаравшан сар задааст.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Мирзоев Наимҷон Гиёевичи 42-сола сокини деҳаи Ширинчашмаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри мазкур бурдани падараш Мирзоев Гиёи 88‑сола дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, падараш Мирзоев Гиё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.

“Пас аз рух додани ин ҳодиса Мирзоев Наимҷон Гиёевичи падараш Мирзоев Гиёро ба беморхона набурда, оид ба ин ҳодиса ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накарда, падарашро дар манзили истиқоматии худ табобат намудааст, ки номбурда санаи 2-юми декабри соли 2020, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонии бардоштааш дар хонаи истиқоматиашон вафот намудааст”,-афзудааст манбаъ.

Ҳалокати Абдулло ва Меҳриниссо дар пайи ду садамаи нақлиётӣ

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

210
Барчаспҳо:
пирамард, ҳалокат, фавт, садама, Тоҷикистон

СҶБ: агар имкони риояи фосила иҷтимоӣ мавҷуд набошад, пас ҳатман ниқоб пӯшед

0
Тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакони то синни 12 - сола дахл дорад

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт дастури ҷадид бобати риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб нашр намудаст.

Бар тибқи дастури нави СҶБ, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла мактабу мағоза ва ҷойҳои умумии корӣ ҳам барои одамони калонсол ва ҳам барои кӯдакони то синни 12 - сола шарт ва зарур аст.

"Чӣ дар дохили биноҳо, аз ҷумла дар мағозаҳо, ҷойҳои кори умумӣ ва мактабҳо ва чӣ дар беруни биноҳо, ки фосилагирии ҷисмонӣ ба андозаи ҳадди ақалл як метр ғайриимкон аст, ниқобҳо пӯшида шаванд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гузашта аз ин, созмон тавсия медиҳад, ки сарфи назар аз имконоти нигоҳ доштани фосилаи зарурӣ, ҳамеша дар дохили биноҳое, ки ба таври бояду шояд ҳаво дода намешаванд, бояд ниқоб пӯшида шавад.

Муҳофизат бо усули ҷопонӣ: ниқобҳо бо алмосу марворид - акс

Ин тавсия ҳам ба калонсолон ва ҳам ба кӯдакони 12-сола ва калонтар дахл дорад. Барои кӯдакони то панҷсола пӯшидани ниқоб тавсия дода нашудааст.

Ҳамзамон барои кӯдакони синни аз 6 то 11-сола тасмим дар бораи пӯшидани ниқоб ё напӯшидани он бо дарназардошти вазъи мушаххаси вобаста ба интиқоли коронавирус дар минтақаи муайян, инчунин қобилияти кӯдак барои истифодаи дурусти ниқоб ва имкони назорати онҳо аз тарафи калонсолон гирифта мешавад.

0
Барчаспҳо:
тавсия, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон