Сомони и доллары, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълон кард

341
(Таҷдидшуда 12:51 23.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 23 ноябр, рӯзи душанбе аввали ҳафта эълон кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1475 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.3769 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1447 то 0.1510 сомонӣ муқаррар кардааст.

Идомаи болоравӣ: Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

341
Барф дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Барфрезии шадид: аз хурсандии бархе то афзоиши кори кӯчарӯбон ва таъхири парвоз-акс

71
Барфрезии шадиди имрӯз Тоҷикистонро сафедпӯш карда, кори кӯчарӯбҳоро, ки ҳамарӯза субҳи барвақт ба поксозии ҷодаҳо машғуланд ба маротиб зиёд намуд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Барфрезӣ инчунин шабакаҳои иҷтимоиро низ сафедпӯш кард, чун корбарони зиёд фаъолона аксҳоро дар саҳифаҳояшон нашр кардаанд.

Абдураҳмон Раҳмонов, рӯзноманигор ва аксбардори тоҷик дар саҳифааш аксҳои гирифтаашро зери унвони “Ҳавои арктикӣ ба Душанбе ҳам расид”-ро нашр кардааст.

Аксҳои нашркардаи Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати Хуҷанд, бозгӯи онанд, ки барфрезии шадид шимоли Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Ҳавошиносон мегӯянд, чунин вазъ чанд рӯзи дигар боқӣ хоҳад монд.

Дар ҳамин ҳол ба далели барфрезии шадид бархе аз парвозҳо ба таъхир афтодаанд. Аз ҷумла парвоз аз Душанбе ба Истанбул бо таъхири чандсоатӣ сурат гирифтааст.  

Дар баробари ин кори кӯчарӯбон низ ки ҳамарӯза субҳи барвақт ба поксозии Душанбе машғуланду миёни сокинон барои субҳхезию кордӯстияшон “фариштаҳои субҳгоҳӣ” ном гирифтаанд, ба маротиб зиёд шудааст.

71
Барчаспҳо:
парвоз, таъхир, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон на открытии музея лидера нации

Раҳмон осорхонаи Пешвои миллатро кушод: намоиши миз, иншо ва дафтарчаи имтиҳоноташ

250
(Таҷдидшуда 13:24 22.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллатро ифтитоҳ карданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, осорхонаи мазкур ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст.

“Экспонатҳои осорхона овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин муассиса фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони Донишгоҳ ва ғайраҳо дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.

Осорхона аз утоқи пазироӣ ва 2-толор: Толори “Таҳсил” ва “Истиқлол” иборат мебошад.

Дар даромадгоҳи толори “Таҳсил”, мизи донишҷӯёни солҳои 70- 80-уми асри ХХ, ки Пешвои миллат дар он нишаста, таҳсили илм намудаанд, ба намоиш гузошта шудааст.

Дар 3 равоқи толор ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Дар девор акси ректорони Донишгоҳ то давраи истиқлолият гузошта шуда, толорро ҳамчунин акси устодони Факултети баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии қишлоқ дар солҳои 70-80-ум, акси собиқ донишҷӯи ин факулта Эмомалӣ Раҳмон баъди супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва расми якҷоя бо ҳамсабақон оро додааст.

Дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки маҳз донишҳои андӯхтаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин даргоҳи илму маърифат имкон доданд, “то ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расида, миллату ватани маҳбубро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд, давлати навини тоҷиконро эҳё ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ ва роҳбари тоҷикони ҷаҳон эътироф гарданд”.

250
Барчаспҳо:
ситоиш аз Эмомалӣ Раҳмон, осорхона, Тоҷикистон
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков прибыл с официальным визитом в Таджикистан

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

0
(Таҷдидшуда 14:09 22.01.2021)
Содир Ҷабборов мегӯяд, маросими савгандёдкунии ӯ бидуни кортежу банкет доир мешавад, зеро намехоҳад беҳуда пули зиёд сарф шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.

Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.

Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.

Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард

Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.

"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.

Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.

0
Барчаспҳо:
президент, маросими савгандёдкунӣ, Қирғизистон