Дети собирают воду из открытого канала в городе Дости, на юге Таджикистана

Мақомот дақиқ гуфт ба чанд оилаи осебпазир кумаки молӣ расондааст

166
(Таҷдидшуда 19:13 23.11.2020)
Дар Тоҷикистон дар робита ба коҳиш додани паёмадҳои иҷтимоии бемории сироятии COVID-19 тавассути дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ то ба имрӯз ба 390 ҳазору 251 оилаи осебпазир кумакпулии якдафъаина расонида шуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Тавре масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон таъкид доштанд аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор барои пардохти кумакпулиҳои якдафъаина дар маҷмӯъ 174 миллиону 944 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

“Ба ҳолати 17 ноябри соли равон аз маблағи ҷудошуда 156 миллиону 100 ҳазору 400 сомонӣ хароҷот гардида,  390 ҳазору 251 нафар/оилаи осебпазир, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 135  ҳазору  156 оила/нафар ба маблағи 54 миллиону 62 ҳазору 400 сомонӣ, вилояти Суғд 120 ҳазору 139 нафар/оила ба маблағи 48 миллиону 55 ҳазору 600 сомонӣ, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16 ҳазору 366 оила/нафар ба маблағи 6 миллиону 546 ҳазор 400 сомонӣ, шаҳри Душанбе 29 ҳазору 860 оила/нафар ба маблағи 11 миллиону 944 ҳазор сомонӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 88 730 оила/нафар ба маблағи 35 миллиону 492 ҳазор сомонӣ аз кумакпулӣ  бархӯрдор гардиданд”, - қайд кардааст масъули вазорати молия.

Гуфта шудааст, ки мутобиқи Фармони Президенти Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон” ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақтаина барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи рӯйхатҳои аз ҷониби вазорату идораҳои марбута пешниҳодгардида, шумораи умумии табақаҳои осебпазир дар ҷумҳурӣ 437 ҳазору 361 оила/нафар, аз ҷумла, гирандагони нафақаи иҷтимоӣ 43 ҳазору 231 нафар, маъюбон 151 ҳазору 80 нафар, кӯдакони ятим, кӯдакони аз саробон маҳрумшуда 77 ҳазору 982 нафар, аз ин кӯдакони бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ 3000 нафар, кӯдакони маъюби то 16-солаи мубталои ВНМО/БПНМ 987 нафар, шаҳрвандони камбизоат (оилаҳои камбизоат) 163 ҳазору 781 оила, гурезагони камбизоати хориҷие, ки расман мақоми гуреза доранд, 300 нафарро ташкил медиҳанд.

Масълин гуфтанд, ки пардохти кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба табақаҳои осебпазири аҳолии мамлакат тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.

166
Барчаспҳо:
кумакпулӣ, оила, навоҳии осебпазири Тоҷикистон, дастгирӣ, Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар

Сабукии Ҳукумат ба созандаи "Rudaki Tower"-и 24-ошёна дар Душанбе-акс

476
(Таҷдидшуда 20:39 15.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ширкатеро, ки дар маркази Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна месозад, аз пардохти боҷу андоз озод кард

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат, ширкати “Себистон – 2018”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти молу масолеҳи зарурӣ барои бунёди меҳмонхона озод кард.

Ҳукумат феҳрасти масолеҳу таҷҳизотро тасдиқ карда, Хадамоти гумрукро муваззаф намудааст, ки расмиёти заруриро саривақт анҷом диҳад.

Сохтмони меҳмонхонаи замонавии “Grand Rudaki Tower”дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи сентябри соли 2019 оғоз шуда буд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Grand Rudaki Tower” як Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ хоҳад буд, ки аз меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна ва ду адад апартаментҳои қароргоҳии 18-ошёна иборат мебошад.

Современный Душанбе
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Современный Душанбе

 “Худи бинои меҳмонхонаи панҷситорадор аз 24 ошёна иборат буда, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари апартаментҳои резиденсӣ низ дар шафати он бунёд хоҳад ёфт”, - таъкид намуда буд котиботи раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Себистон-2018” бунёд ёфта, он дорои 141 ҳуҷра хоҳад буд ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олиро хоҳад дошт.

476
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»

COVID-19 ё дигар омилҳо? 50 % корхонаҳои Хуҷанд соли 2020 кам маҳсулот истеҳсол кардаанд

27
(Таҷдидшуда 19:08 15.01.2021)
Масъулини ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо баргузории як ҷаласа, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии давоми соли 2020 ҳосилшударо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 15 янв – Sputnik. Дар ҷараёни баргузории ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд 17 корхонаи саноатӣ бо таъсис додани 425 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Дар ҳамин ҳол шумори корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар ин шаҳри маркази Суғд ба 169 адад баробар шуда, бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии ҷойдошта ба андозаи 1 миллиарду 492, 8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 15, 2 дарсад афзудааст.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд бо зикри ин иттилоъ гуфт, бо вуҷуди нишондодҳои хуби оморӣ, ҳамоно камбудиҳо дар соҳаи саноат ҷой доранд. Ин масъули ҳукумати Хуҷанд иброз намуд, ки 77 адад корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли гузашта фаъолияти назаррас надоштаанд.

"Дар соҳаи саноати шаҳр сарфи назар аз дастовардҳо, ҳоло ҳам мушкили ба пуррагӣ истифода нашудани имкониятҳо ҷой доранд. Дар ин давра аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 77 адад ё 45, 5 % нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида кам маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ҳаҷми маҳсулоти тавлидшудаи ин теъдод корхонаҳо ҳамагӣ 41, 9 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда муттаасифона давра ба давра кам шуда истодааст", -  гуфт Нуруллозода.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи чи гуна коҳишёбии манбаъҳои андозбандӣ зикр кард.

Ӯ гуфт, дар соли 2020 ҳаҷми бақияи маҳсулотҳои бозистода дар амбори корхонаҳо ба андозаи 12, 6 миллион сомонӣ дар муқоиса ба соли гузашта зиёд гардида, ин ҳол дар навбати худ ба коҳишёбии манбаъҳои андозбандӣ бе таъсир намондааст.

27
Барчаспҳо:
коҳиш, истеҳсолот, Хуҷанд

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

0
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия