Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

"Уралские авиалинии" низ аз се шаҳри Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад

690
(Таҷдидшуда 13:47 24.11.2020)
Ширкати "Уралские авиалиние" низ иҷозати анҷом додани парвозҳои чартерӣ аз се шаҳри Тоҷикистон ба манотиқи гуногуни Русияро дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.Ҳукумати Тоҷикистон ба як ширкати ҳавопаймоии дигари русӣ иҷозати анҷом додани парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия фароҳам овард.

Бар хабари сафорати Русия дар Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии "Уралский авиалинии" ҳамакнун ҳафате панҷ маротиба парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русияро анҷом медиҳад.

Маълум аст, ки ширкати ҳавопаймоӣ барои ташкили парвозҳо аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои гуногуни Русия иҷозат гирифтааст.

Ҳамин тавр, парвозҳо дар самтҳои зерин сурат мегиранд:

  • Душанбе - Жуковский, парвоз рӯзи якшанбе;
  • Душанбе -Қазон рӯзи душанбе;
  • Душанбе - Красноярск рӯзи душанбе;
  • Душанбе - Самара рӯзи сешанбе;
  • Душанбе - Санкт-Петербург рӯзи сешанбе;
  • Душанбе - Уфа рӯзи душанбе;
  • Хуҷанд - Жуковский рӯзи душанбе;
  • Хуҷанд - Красноярск  рӯзҳои душанбе;
  • Хуҷанд - Самара рӯзҳои якшанбе;
  • Хуҷанд - Санкт-Петербург дар рӯзҳои ҷумъа;
  • Кӯлоб - Маскав рӯзи шанбе.
"Арзиши чиптаи парвозро намояндагии ширкати мазкур дар Тоҷикистон муайян мекунад".

Манбаъ меафзояд, ҳамаи ин парвозҳо барои интиқол додани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне пешбинӣ шудаанд, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 16 марти соли равон барои ворид шудан ба Русия асос доранд.

Шахсоне, ки шаҳрвандии Русия надоранд, танҳо бо пешниҳод намудани маълумотномаи тиббӣ дар мавриди олудаи коронавирус набудан, ба ҳавопаймо роҳ дода мешаванд.

Таъкид мегардад, ки ин маълумотнома бояд се рӯз қабл аз сафар гирифта шавад.

690
Барчаспҳо:
Русия, Тоҷикистон, парвоз, Уралские авиалинии
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

Дамои ҳаво: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

1
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 18+20 дараҷа мерасад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  22-27 ва рӯзона 15-20 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда,  туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона  6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2  дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона   18+20 дараҷа гарм  мешавад.

1
Муин Гафуров. Архивное фото

Набарди дидании "Тоҷик": пирӯзии Муин Ғафуров бар Уолтери Коста-Рикӣ-видео

56
(Таҷдидшуда 09:41 16.01.2021)
Муин Ғафуров бо тахаллуси "Тоҷик" пас аз чанд муддати дур будан аз майдон бо бозгашташ намояндаи Коста-Рика Уолтер Замораро мағлуб кард

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Муҳорибаи ахири “Тоҷик”шоми гузашта  соати 19:00 бо вақти Душанбе дар шаҳри Абу-Даби Илоёти Мутаҳидаи Араб дар Ҷиу Ҷитсу арена доир гашт.

Вазишкори тоҷик дар ин муҳориба пешсаф буд ва аз худ маҳорати баланд нишон дод. Бо ҳамалоти пай дар пайи ва шадид то охири бозӣ инони рақобатро дар даст дошт ва холҳои бештарро соҳиб шуд.

Дар охир бо қарори доварон Муин Ғафуров ғолиб дониста шуд.

Муин Ғафуров варзишгари ҷавон ва серҷоизатарин миёни варзишкорони кишвар дар ин намуди вазриш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад, аммо дар ин синну сол ба чандин мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардида, рақобатҳои сатҳи ҷаҳониро ба нафъи худ анҷом додааст.

Муин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои ҳарбӣ (WCSF), қаҳрамон ҷаҳон оид ба  грепплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи MMA (WKA) мебошад.

Вай ҳамчунин барандаи унвони Устоди варзиши самбои ҳарбӣ низ ҳаст.

Ғафуров тайи солҳои ахир талош дорад, ки ба бузургтарин майдони рақобатҳои UFC шомил шавад, аммо то кунун бенатиҷа буданд.

56