Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт

© © Sputnik / Амир ИсаевЧайхона в Дангаре, архивное фото
Чайхона в Дангаре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои шаҳри Боулдер дар иёлати Колорадои Амрико чойхонаи "Боулдер-Душанбе" - ро ба унвони ёдгории тарихӣ эътироф кард ва қарор кард, ки қисматҳои дохилӣ ва берунии онро ҳифз кунад

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Радиои Садои Хуросон ба нақл аз расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ додааст, ки шӯрои шаҳри Боулдери Амрико тасмими ниҳоӣ дар ин мавридро сеюми декабр хоҳад гирифт.

Новая чайхана в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон
Палав дар дохили харбуза: Чойхонаи "Харбуза" Маркази бузурги оши палав мегардад

Шаҳрдори Боулдер Сем Вивер  (Sam Weaver) чойхонаи тоҷикиро "Ганҷинаи Боулдер" хонда ва гуфтааст: "Мо ифтихор мекунем, ки шаҳри мо дорои чунин сохтмони зебое бо атру таъми шарқӣ аст".

Гурӯҳе бо номи "Дӯстони чойхонаи Боулдер - Душанбе" аз мақомоти шаҳрдорӣ хостаанд, ки ҳунармандони тоҷикро барои тармими бино даъват кунанд.

"Дар ҳоле ки гурӯҳи террористии ДОИШ мероси таърихӣ ва фарҳангии исломро нобуд мекунад, мо бояд онро ҳамчун ҷузъи фарҳанги исломӣ ҳифз кунем", - гуфт яке аз аъзои гурӯҳ.

Боми дарунии чӯбии чойхонаро рассомони тоҷик кандакорӣ ва наққошӣ кардаанд.

Боулдер соли 1987 бародари шаҳри Душанбе шуд ва ҳамзамон сохтмони ин чойхона ба тасвиб расид.

Лентаи хабарҳо
0