Гололедица , архивное фото

Ҳушдори КҲФ ба ронандаҳо: то 27 ноябр яхбандӣ ва тармафароӣ мешавад

562
(Таҷдидшуда 19:16 24.11.2020)
Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз яхбандӣ дар роҳҳои мошингард ва ҳамзамон тармафароӣ ҳушдор медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди "Душанбе — Чанок", "Душанбе — Ваҳдат — Лахш", "Душанбе — Рашт", "Душанбе — Сангвор", "Душанбе — Кӯлоб", "Шоҳин — Дарвоз", "Ванҷ- Хоруғ", "Хоруғ — Ишкошим — Мурғоб" эҳтимоли яхбандӣ, тӯдашавии барф дар баъзе ҷойҳо, инчунин дараҷаи баланди хатари фаромадани тарма мавҷуд аст.

КҲФ аз сардшавии ҳаво, боришоту яхбандӣ ва лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз мусофират, сафарҳо ба мавзеъҳои аз лиҳози фаромадани тарма хатарнок худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

"Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма бояд фосилаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд, дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёткор бошанд", - шарҳ доданд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст.

562
Барчаспҳо:
тармафароӣ, ҳушдор аз яхбандӣ, яхбандӣ, ҳушдор
Люди на улице в городе Душанбе

Шаҳрдорӣ шумори аҳолӣ дар шаҳри Душанберо гуфт

61
(Таҷдидшуда 02:15 23.01.2021)
Тибқи ииттилои мақомоти шаҳри Душанбе то 1-уми апрели соли гузашта шумори аҳолии шаҳри Душанбе наздик ба 887 ҳазор нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бино бар иттилои расмӣ, ки дар сомонаи шаҳрдории Душанбе нашр шудааст, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 шумораи аҳолии доимии шаҳри Душанбе аз рӯи маълумотҳои пешакӣ ба 866 ҳазор 994 нафар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 фоиз зиёд гардидааст.

Иттилоъ дода шудааст, ки тибқи маълумотҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе 4098 нафар таваллуд шуда,  678 нафар фавтидаанд.

Гуфта шудааст, ки афзоиши табии аҳолӣ 3420 нафарро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 9,5 миллион нафар хоҳад расид.

Қаблан Бонки Ҷаҳонӣ ба мақомоти Душанбе ҳушдор дода буд, ки мақомот бояд дар фикри танзими рушди ҷамъият бошанд

Тибқи иттилои манбаъ, аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи дар вилояти Хатлон 3 миллиону 300 ҳазор нафар, дар вилояти Суғд 2 миллиону 600 ҳазор нафар, дар навоҳии марказӣ 2 миллиону 100 ҳазор нафар, дар вилояти кӯҳистони Бадахшон 228 ҳазору 500 нафар ва дар шаҳри Душанбе 855 ҳазор нафар сукунат доранд.

Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ дар соли 2023 теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

61
Барчаспҳо:
мақомот, афзоиши аҳолӣ, аҳолӣ, шумор, Душанбе, Тоҷикистон

Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон бо дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ

22
(Таҷдидшуда 02:10 23.01.2021)
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ва Ҳодии Сулаймонпур, дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дидор карданд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ва Ҳодии Сулаймонпур, дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар ин дидор, ки дар маҳалли дабирхонаи ин созмон дар Теҳрон анҷом шуд, масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон бо ЭКО - ро дар соли 2021 мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Низомиддин Зоҳидӣ: маснавихонӣ ва ҳофизхонӣ дар Тоҷикистон ривоҷ дорад

Роҳандозии иқдомоти муштарак ба муносибати эъломи шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти гардишгарии минтақаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) аз дигар мавзӯҳое буд, ки дар ин мулоқот дар бораи он гуфтугӯ шуд.

10 кишвари Эрон, Тоҷикистон, Туркия, Покистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Афғонистон узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ҳастанд.

22
Барчаспҳо:
сафири Тоҷикистон, дидор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Эрон, Тоҷикистон